БАҲРИННИСО (Баҳринисо Бобомуродова) 1 марти соли 1948 дар шаҳри Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (1968) хатм кардааст. Баъдан ходими илмии Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият»), ҷонишини сардабири маҷаллаи «Шифо», хабарнигори рӯзномаи «Дарду дармон» будааст. Айни замон бо кори эҷодӣ машғул аст. Шеърҳояш […]Идома...
УСМОН БИЛОЛӢ 18 ноябри соли 1957 дар деҳаи Фидокори ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1975 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1980 соҳиби диплом гаштааст. Аз соли 1981 корро дар рӯзномаи «Вахш»-и ноҳияи Вахш шурӯъ карда, то марти соли 1982 фаъолият бурдааст. Аз […]Идома...
САЙИДАЛӢ ВАЛИЗОДА 10 октябри соли 1900 дар деҳаи Чуқураки ноҳияи Ховалинг ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти ибтидойиро ба тариқи худомӯзӣ фаро гирифтааст. То инқилоб мардикорӣ мекардааст. Соли 1930 ба колхоз даромада, аз нимаи солҳои 30-юм ҳунарпешаи Театри вилоятии мусиқӣ-драмавӣ будааст, ки ҳоло номи ӯро дорад. Аз овони ҷавонӣ шеър мегуфтаву месурудааст. Китоби аввалини ашъораш «Таронаҳо» соли […]Идома...
ВАҲҲОБЗОДА РУСТАМ ИЛЁС 5 майи соли 1960 дар деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикобод мутаваллид шудааст. Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси аспирант ва устоди донишгоҳи номбурда ба фаъолият пардохтааст. Ҳамзамон, мухбири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», солҳои 1991-1992 котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг», солҳои 1994-2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди […]Идома...
ВОЛӢ (Эгами Назрулло) 25 октябри соли 1950 дар деҳаи Сангчашмаи ноҳияи Ҳисор таваллуд ёфтааст. Соли 1967 мактаби миёнаи деҳа, соли 1982 Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣро хатм кардааст. Солҳои 1973-1980 муаллими синфҳои ибтидоӣ, солҳои 1980-1993 корманди шуъбаи маорифи ноҳия будааст. Аз соли 1993 машғули соҳибкорист. Асарҳояш аз соли 1983 чоп мешаванд. Соҳиби маҷмӯаҳои […]Идома...
ВОРИС (Калонов Ӯрун Назарович) 13 октябри соли 1962 дар деҳаи Сурхакчашмаи ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар деҳа фаро гирифта, баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (1981) вориди факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1985 ба итмом расондааст. Дар оғоз, муддате, дар мактаби №56 ноҳияи Ҳисор муаллимӣ карда, сипас дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» […]Идома...
АБДУҶАЛИЛ ВОСИТЗОДА 20 феврали соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтаву дар ҳамон ҷой таҳсил дида, баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи С.М. Киров дар мактабҳои миёнаву ҳафтсолаи шаҳру ноҳияи Хуҷанд, ҳамчунин, дар Омӯзишгоҳи варзишӣ-педагогии Орҷоникидзеобод муаллимӣ кардааст. Сипас дар рӯзномаҳои вилояти «Ҳақиқати Ленинобод» ва байниноҳиявии «Бо роҳи Ленинӣ» ҳамчун ходими адабӣ, котиби […]Идома...
ГУЛБАҲОР (Гулбаҳор Мирзоева) 12 марти соли 1959 дар шаҳри Душанбе, дар хонадони Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо, ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар шуъбаи тарҷумонии Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) таҳсил кардааст. Фаъолияти меҳнатиро дар маҷаллаи «Помир» шурӯъ намудааст. Алҳол дар Фаронса кору зиндагӣ дорад. Ба забони русӣ эҷод мекунад. Намунаҳои […]Идома...
АСАД ГУЛЗОДА (Бухороӣ) 5 январи соли 1935 дар деҳаи Шавгони ноҳияи Пашакӯҳи вилояти Бухоро таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш, маълумоти олиро дар факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе соҳиб гардидааст. То соли 1968 дар мактабҳои тоҷикии вилояти Бухоро, то соли 1955 дар Бахши тоҷикии Ширкати телевизиону радиошунавонии вилояти Бухоро фаъолият доштааст. Ҳоло машғули кори […]Идома...
ГУЛРУХСОР (Сафиева Гулрухсор) 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1968 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба поён расонда, фаъолияти меҳнатиро ба сифати мухбири шуъбаи адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») оғоз кардааст. Баъдан мудири бахши матбуоти КМ ЛКСМ […]Идома...