ҲАЙРАТ ШАНБЕЗОДА 4 июни соли 1933 дар шаҳри Хоруғ, дар хонадони шоир Нодир Шанбезода ба ҷаҳон омадааст. Соли 1956 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» шурӯъ карда, солҳои тӯлонӣ дар нашриёти «Ирфон»-у «Адиб» ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, баъдан дар ҳафтаномаи «Ҷунбиш» кор кардааст. Ашъораш […]Идома...
АКОБИР ШАРИФӢ 8 феврали соли 1928 дар деҳаи Вардучи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо бо дипломи аъло хатм кардааст. Дар нашрияҳои бачагона, Телевизиони тоҷик ҳамчун асосгузор ва сармуҳаррири шҷъбаи бачагон ва наврасон ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик кор кардааст. Барои бачагон эҷод мекард. Ашъори […]Идома...
ШАҲНОЗА (Шаҳнози Беназир) 5 сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1997 Литсеи зодгоҳашро хатм карда, ҳамон сол донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гардидааст. Муддате таҳсилро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон идома додааст. Чанд сол котиби масъули маҷаллаи адабӣ ва илмӣ-оммавии «Паёми Суғд» ва котиби масъули Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд […]Идома...
ШАҲРИЯ (Шаҳрия Адҳамзод) 2 сентябри соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (1978) буда, фаъолияти меҳнатиро дар нашриёти «Маориф» (1979) оғоз кардааст. Аз ҷавонӣ ба навиштани шеър иштиғол варзида, самараҳои қаламаш дар китобҳои «Меҳри шеър» (1987), «Шамимаи нур» (1992), «Ашки шақоиқ» (1995), «Таманно» (1998), «Зан дар асорати танҳоӣ» […]Идома...
МАСТОН ШЕРАЛӢ 20 апрели соли 1935 дар деҳаи Зери Ҳисори ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Соли 1950 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, солиёне корманди адабии рӯзномаи «Маориф ва маданият», моҳномаи «Садои Шарқ» ва мудири шуъбаи Нашриёти «Ирфон» будааст. Асарҳояш аз ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта чоп шуда, диққати ҳамагонро ҷалб намудаанд. Муаллифи […]Идома...
ЛОИҚ ШЕРАЛӢ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби ҳафтсолаи деҳа таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент идома додааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм карда, солҳои 1963-1965 муҳаррири шуъбаи адабиёт, мусиқӣ ва драмаи Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон, 1965-1966 ходими […]Идома...
САТТОР ШОКИРЗОДА 1 январи соли 1928 дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ зода шудааст. Соли 1969 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои тӯлонӣ дар колхозҳои ноҳия муҳосиб буда, чанде муовинии раиси колхози Ленинро бар уҳда доштааст. Муддате раиси деҳшӯрои Арали ноҳия будааст. Дар баробари ин, пайваста машқи шеър мекунад. Ашъораш дар китобҳои «Насими […]Идома...
СУЛТОН ШОҲЗОДА 1 апрели соли 1943 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1949 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Корманди рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маориф ва маданият» будааст. Солҳои 1979-1981 дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Баъдан дар рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» ва шуъбаи адабиёти бачагони нашриёти «Маориф» кор кардааст. Шеърҳояш аз […]Идома...
АМИНҶОН ШУКӮҲӢ (Ҳоҷибоев Аминҷон) 10 июни соли 1933 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми курси муаллимтайёркунӣ дар мактабҳои ноҳия омӯзгорӣ кардааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мақомоти умури дохила хидмат кардааст. Солҳои 1947-1952 мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» будааст. Соли 1955 факултаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии назди КМ […]Идома...
ШАҲОБУДДИНИ ШУҶОЪ (Маҳмадшоев Шаҳобуддин Шуҷоуддинович) 27 августи соли 1961 дар деҳаи Томини ноҳияи Айниии вилояти Суғди ҷумҳурӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1985 факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм кардааст. Солҳои 1982-1983, 1985-1987 дар Афғонистон машғули фаъолияти тарҷумонӣ, солҳои 1988-1989 корманди Китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии АИ ҷумҳурӣ, солҳои 1989-1991 хабарнигори шуъбаи Тоҷикистони Агентии навигариҳои […]Идома...