ПАРДА ҲАБИБ 23 августи соли 1962 дар деҳаи Маҳмадшоҳи Поёни деҳшӯрои Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд ёфтааст. Нахуст мактаби ибтидоии ба номи Розия Озод, сипас мактаби миёнаи №43 зодгоҳашро ба итмом расондааст. Солҳои 1979-1986 дар факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе таҳсил карда, солҳои 1983-1985 сарбози Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ будааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1979 ба ҳайси […]Идома...
ҲАДИСА (Ҳадиса Қурбонова) 17 феврали соли 1940 дар деҳаи Шӯркаҳаки ноҳияи Сарихосори вилояти Хатлон мутаввалид шудааст. Дар хонаҳои ятимони Сарихосор, Балҷувон, Хуҷанд, Душанбе ва Шаҳринав тарбият ва камол ёфтааст. Хатмкардаи мактаб-интернати занонаи №10 шаҳри Душанбе, факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1963) ва Донишкадаи полиграфии Маскав (ғоибона, 1965) мебошад. Ихтисосаш рӯзноманигор буда, […]Идома...
НИЯТ ҲАЁТ 1 сентябри соли 1966 дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Дар дабистони зодгоҳаш таълим гирифта, факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст (1991). Солҳои 1985-1987 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст. Аз соли 1991 дар бахши вилоятии Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ба ҳайси сарходими илмӣ фаъолият бурда, муддате дар Донишкадаи давлатии […]Идома...
МАҲМАДАЛИШОҲИ ҲАЙДАРШО 18 апрели соли 1928 дар шаҳри Хоруғ зода шудааст. Соли 1948 Омӯзишгоҳи омӯзгории Хоруғ, соли 1955 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳанӯз овони донишҷӯй буданаш дар маҷаллаи «Пионер» (баъдҳо «Машъал») кор карда, баъди хатми донишгоҳ фаъолияташро дар «Бадахшони Советӣ» идома бахшидааст. Солҳои 1963-1965 шунавандаи Мактаби олии ҳизбӣ дар Маскав буда, […]Идома...
АСКАР ҲАКИМ 10 октябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1967 факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расонда, ду сол дар идораи барномаҳои ҷавонон ва наврасони Кумитаи телевизион ва радиои РСС Тоҷикистон муҳаррир будааст. Солҳои 1969-1974 аспиранти кафедраи таърихи адабиёти советии Донишгоҳи давлатии Маскав ба […]Идома...
САИДҶОН ҲАКИМЗОДА 25 январи соли 1939 дар деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби деҳа фаро гирифта, соли 1969 факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педогогии Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои 1967-1975 мусаҳҳеҳ, баъдан, солҳои 1971-1975, мудири шуъба, котиби масъул ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақикати Кӯлоб» будааст. Солҳои 1975-1988 ба ҳайси […]Идома...
МАВҶУДА ҲАКИМОВА 5 майи соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1958 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба рӯзноманигорӣ машғул шудааст. Аввал ходими адабӣ, баъд муҳаррири газетаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» (1962-1970), сипас сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1970-1971) ва маҷаллаи «Фирӯза» (1985-1990) будааст. Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои панҷоҳуми […]Идома...
САЛИМШО ҲАЛИМШО 16 феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба ҷаҳон омада, маълумоти миёнаи ҳамагониро дар шаҳри Хоруғ фаро гирифтааст. Соли 1960 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960-1981), мудири шуъбаи назм ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1982-1989), […]Идома...
АҲМАДҶОН ҲАМДӢ соли 1875 дар Шаҳри Cабз дар хонадони қозии Бухориасл Абӯсайид Махсум таваллуд ёфтааст. Падару бобояш Наҷмиддин-Махдум одамони бомаърифати замон будаанд. Баъди фавти Абӯсайид-Махдум ҳамсару ду писари хурдсолаш ба Бухоро баргаштаанд. Он солҳо Аҳмадҷон 6-сола буда, дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил кардаву соҳиби маълумот шудааст. Дар илму дониш яке аз беҳтаринҳо ба шумор рафта, ба […]Идома...
РАВШАНИ ҲАМРОҲ 18 сентябри соли 1960 дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1976 мактаби 8-солаи деҳаро хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент супурдааст. Соли 1980, баъди хатми омӯзишгоҳ, донишҷӯи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд шуда, соҳои 1984-1989 дар мактаби миёнаи №35 ноҳияи Ёвон омӯзгорӣ, солҳои 1989-1992 дар шуъбаи маорифи ноҳия […]Идома...