ҲАМРОҲ РАВШАН

 ҲАМРОҲ РАВШАН

РАВШАНИ ҲАМРОҲ 18 сентябри соли 1960 дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1976 мактаби 8-солаи деҳаро хатм карда, ҳуҷҷат­ҳояшро ба Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент супурдааст. Соли 1980, баъди хатми омӯзишгоҳ, донишҷӯи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд шуда, соҳои 1984-1989 дар мактаби миёнаи №35 ноҳияи Ёвон омӯзгорӣ, солҳои 1989-1992 дар шуъбаи маорифи ноҳия мушовирӣ кардааст. Аз соли 1992 дар мактаби миёнаи зодгоҳаш муаллим буда, аз соли 1994 дар Коллеҷи омӯзгории Панҷакент дарс мегӯяд.

Шеърҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Гарди ситора» (1990), «Гули абр» (1997), «Андешаҳо аз решаҳо» (1999), «Таронаҳо ва хонаҳо» (2001), «Забони чашм» (2003), «Тафсири фиғони мурғ» (2004), «Оҳанги бедорӣ» (2006), «Ташнаи дидор» (2007), «Саду як ғазал» (2009), «Солнома» (2011) ва «Дарахти оҳ» (2013) мебошад.

Як маҷмӯаи ашъори ҳаҷвӣ дорад, ки бо номи «Витамини ханда» (1999) чоп шудааст.

Муаллифи чанд рисолаи илмию методӣ, аз ҷумла, «Саргузашти Ҳазрати Муҳаммад» (2009), «Қиссаҳо аз рӯзгори Имоми Аъзам» (2010), «Таълимгоҳи бузургон» (2010), «Қонуни зар ва дарёи пургуҳар» (2010), «Фарзанди қарни ХХ» (2011) ва «Рӯзгори омӯзгор» (2013) буда, бештар аз 50 мақолааш дар матбуоти маҳалливу марказӣ ба табъ расидаанд.

Соли 2013 «Тазкират-ул-авлиё»-и Шайх Атторро бо хати кириллӣ ба чоп расондааст.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Қутбӣ Киром (2010).

Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо