ҶӮЁИ САМАРҚАНДӢ (Раҳимов Баҳриддин Одинаевич) 10 июни соли 1960 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №6 ноҳия, соли 1977, донишҷӯи факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардидааст. Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ адои хидмати сарбозӣ намудааст. Солҳои 1984-1988 дар идораҳои геологияи ҷумҳурӣ […]Идома...
САРВАР (Сарвар Амирҷонов) 12 ноябри соли 1938 дар деҳаи Ёгиди ноҳияи Дарвози ВМКБ зода шудааст. Соли 1956 Омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм, соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан ходими адабӣ, мудири шуъба, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», ҳамчунин, корманди рӯзномаи «Маориф ва маданият» (1966-1986) будааст. Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои 50-ум пайдо […]Идома...
САРМАД (Гадобой Ӯзбеков) соли 1948 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби деҳа таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент идома додааст. Завқи омӯзиш ва меҳру муҳаббат ба шеъру адабиёт Сармади ҷавонро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон овардааст. Соли 1973 донишгоҳи номбурдаро бомуваффақият хатм карда, ба кори рӯзноманигорӣ пардохтааст. Солиёни зиёде […]Идома...
ШОДӢ САТТОР 3 феврали соли 1944 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод таваллуд шудааст. Соли 1960, пас аз хатми мактаби миёнаи №5, донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд шуда, баъди соҳиби маълумоти олӣ гардидан дар мактабҳои гуногуни ноҳия омӯзгори синфҳои ибтидоӣ будааст. Аз соли 1965 дар рӯзномаи «Зарафшон» ба ҳайси мухбир, то соли 1993 дар […]Идома...
ПИРИМҚУЛ САТТОРӢ 1 августи соли 1938 дар деҳаи Ҳавзи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Сипас ходими адабии рӯзномаҳои ноҳиявии «Вахш»-у «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» будааст. Дар шаҳри Қурғонтеппа маҳфили адабии «Гулбарг»-ро таъсис дода дар давоми солҳои зиёд дар тарбияи адибони ҷавони вилоят то таъсисёбии […]Идома...
АШӮР САФАР 1 майи соли 1928 дар деҳаи Работингаки ноҳияи Маскав (ҳозира Мир Саййидалии Ҳамадонӣ) ба ҷаҳон омадааст. Баъди мактаби миёна Донишкадаи муаллимтайёркунии Кӯлобро ба фарҷом расонда, муддате дар макотиби минтақа омӯзгорӣ кардааст. Соли 1958 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм карда, дар вазифаҳои нозири калони шуъбаи маориф, ходими адабии рӯзномаи […]Идома...
ГУРЕЗ САФАР 10 майи соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб, дар хонадони шоир Ашӯр Сафар, ба ҷаҳон омадааст. Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан корманди илмии ҳамин донишгоҳ, роҳбари бадеии Қасри маданияти Кӯлоб, мусаҳҳеҳи нашриёти «Маориф», мусаҳҳеҳи калон, муҳаррир, муҳаррири пешбар ва мудири шуъбаи адабиёти калонсолони нашриёти «Адиб», сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии […]Идома...
ҒАФФОРАЛӢ САФАР 27 январи соли 1950 дар деҳаи Пуштаи Беди ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №1 ноҳияи Маскав (1968) вориди факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ шуда, соли 1972 хатмаш кардааст. Солҳои 1972-1973 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. […]Идома...
ДАВЛАТ САФАР 8 марти соли 1971 дар шаҳраки Фархор ба ҷаҳон омадааст. Соли 1982 мактаби миёнаи №7 зодгоҳаш, соли 1993 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо ба поён расондааст. Фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ оғоз бахшида, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 2012-2014 директори генералии КВД «Тоҷиккино», аз соли 2014 сардори […]Идома...
НАЗОКАТИ САФАР 1 октябри соли 1966 дар деҳаи Навободи ноҳияи Данғара ба ҷаҳон омадааст. Соли 1983 мактаби миёнаи деҳа, соли 1998 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Муддате дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст. Дар китобхонаи ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе мудири шуъбаи бачагона будааст. Намунае аз ашъораш дар матбуоти даврӣ, кутуби дастҷамъӣ […]Идома...