Адибонеро, ки барои бачаҳо эҷод менамоянд, шартан ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст. Ба гурӯҳи аввал метавон онҳоеро ворид намуд, ки умри худро дар роҳи эҷоди асарҳо барои бачаҳо сарф кардаанд. Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб, Наримон Бақозода ба ин гурӯҳ дохил мешаванд. Гурӯҳи дувум онҳоеанд, ки барои бузургсолон менависанд, аммо гоҳ-гоҳ ба […]Идома...
Ба муносибати 80-солагии Сафармуҳаммад Айюбӣ Назми кӯдакон ва наврасон ба унвони як шохаи шеъри муосир дар илми адабиётшиносии тоҷик падидаи нав ба ҳисоб меравад. Албатта, адибон аз давраҳои дури таърих барои тарбияи кӯдакон ва наслҳои ҷавон дар осори худ ҷой гузоштаанд, вале ин бархӯрд, ҳатто дар мисоли осори шифо низ ҳамеша ҷанбаи тарбиявӣ барои расидан […]Идома...
Аввалин поягузориҳои адабиёти кӯдак дар Тоҷикистон бо талошҳои устод Айнӣ оғоз шуд. Неъматҷон Файзуллоев дар китоби «Назми кӯдакон» ба ин нукта ишора карда менависад: «Омӯзиши таърихи адабиёти кӯдаки тоҷик собит месозад, ки дар тарҳрезӣ ва поягузории шеъри навини он нақши устод Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Баҳриддин Азизӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Мирсаид […]Идома...
Шояд баробари дар Замин пайдо шудани Одам аввал адабиёти шифоҳӣ барои кӯдакон арзи вуҷуд кардааст. Ва шояд Момо Ҳавво – бибии насли башар, нахустин аллаву афсонаро дар гӯши фарзандони навзодаш гуфтааст. Ана ҳамон аллаву афсонаҳо намунаҳои нахустини адабиёти бачаҳоянд, ки чун сарчашмаи бузургу бобақои тарбияи маънавию ахлоқии фарзандони одамизод хидмат карданду мекунанд. Ба таври дигар […]Идома...
Дар доираи Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон», ки бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз 2 то 9-уми апрел баргузор мегардад, шоирону нависандагон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо хонандагони худ вохӯрию мулоқотҳо доир мекунанд. Ҳамин гуна чанд вохӯрӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, шоир Файзи Ашӯр ва адиби бачаҳо […]Идома...
Мусоҳиба бо адиби кӯдакон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҳбуба Неъматзода – Ҳама чиз замина ва сабабе дорад. Чӣ шуморо ба самти адабиёти кӯдак овард? – Падарбузургам мудири мадраса буданд, ба шеър таваҷҷуҳи хосае доштанд. Модаркалонам Мастурабонуи Бухороӣ бахядӯзӣ мекарданд. Чарх мересиданду шеъри Ҳофизро такрор ба такрор мехонданд: Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, […]Идома...
Мактабу маориф як рукни асосии тамаддуну фарҳанг аст, ки бо қавӣ гардондани он ҳар давлате метавонад ба дастовардҳои бузурги ҷаҳонӣ комёб гардад. Ин раванд бастагии амиқ ба таълиму тарбия ва эҷоди китобу дастурамалҳои аз ҳар ҷиҳат пурбору омӯзанда дорад. Ба як сухан мешавад гуфт, ки тарбияи ахлоқӣ, тарбияи фарҳангӣ, тарбияи миллатдӯстиву ватанпарварӣ ва ниҳоят дониши […]Идома...
Ба муносибати 100-солагии Болта Ортиқ Болта Ортиқ аз нависандагони пуркори тоҷик буда, бо ҳикояву қиссаҳои ҷолиб дар адабиёти муосири кӯдакон мавқеи хос дорад. Фаъолияти эҷодии ин суханвар аз соли 1953 оғоз гардида, аксари осори ӯ барои бачагони синну соли гуногун равона карда шудааст. Нависанда дар ҳикоёти барои кӯдакон навиштаи худ ба масоили маърифативу ахлоқӣ таваҷҷуҳ […]Идома...
Китоби «Адабиёти кӯдак ва навҷавони Тоҷикистон» бо кӯшиши муҳаққиқ Зебо Алихонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сӯи интишороти «Гӯё» ба нашр расид. Ин чаҳорумин китобест, ки дар ҳамкорӣ бо муҳаққиқони адабиёти кӯдак ба дасти чоп расид. Маҷмуа марҷаи ҷомеъ ва хонданӣ дар бораи шоирони адабиёти кӯдак ва навҷавони Тоҷикистон аст. Китоб шомили муаррифии осори 34 […]Идома...
Мо шоир Убайд Раҷабро хуб медонем. Шеърҳои зебою шевои ўро бисёр хондаем, ба шавқ омадаем, аз ёд кардаем ва дўсташон медорем. Воқеан ҳам тамоми бачаҳои шеърдўсти Тоҷикистон ва ононе, ки дар мактабҳои тоҷикии мамлакатҳои ҳамсоя таҳсил мекунанд ва ё забони тоҷикиро медонанд, Убайд Раҷабро мешиносанд ва шеърҳояшро бо меҳру муҳаббат мехонанд. Асарҳои ў дар мамлакатҳои […]Идома...



