Шеъри кӯдаки тоҷик дар Эрон

 Шеъри кӯдаки тоҷик дар Эрон

Китоби «Адабиёти кӯдак ва навҷавони Тоҷикистон» бо кӯшиши муҳаққиқ Зебо Алихонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сӯи интишороти «Гӯё» ба нашр расид.

Ин чаҳорумин китобест, ки дар ҳамкорӣ бо муҳаққиқони адабиёти кӯдак ба дасти чоп расид. Маҷмуа марҷаи ҷомеъ ва хонданӣ дар бораи шоирони адабиёти кӯдак ва навҷавони Тоҷикистон аст. Китоб шомили муаррифии осори 34 чеҳраи адабиёти кӯдак ва навҷавони Тоҷикистон буда, дар он зиндагӣ ва осори шоироне чун Садрид- дин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Маҳмуд Диёрӣ, Марианна Фофанова, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ, Нуъмон Розиқ, Бобо Ҳоҷӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Акобир Шарифӣ, Ғаффор Мирзо, Мавҷуда Ҳакимова, Убайд Раҷаб, Озод Аминзода, Алӣ Бобоҷон, Наримон Бақозода, Наимҷон Назирӣ, Меҳмон Бахтӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Ҷӯра Ҳошимӣ, Маҳбуба Неъматзода, Латофат Кенҷаева, Шариф Муҳаммадёр, Раҳмат Назрӣ, Гулназар Келдӣ, Низом Қосим ва Муродалӣ Собир муаррифӣ ва баррасӣ шудаанд.

Насимбек ҚУРБОНЗОДА

Дигар хабарҳо