Убайд Раҷаб ва қиссаҳои ў

 Убайд Раҷаб ва қиссаҳои ў

Мо шоир Убайд Раҷабро хуб медонем. Шеърҳои зебою шевои ўро бисёр хондаем, ба шавқ омадаем, аз ёд кардаем ва дўсташон медорем. Воқеан ҳам тамоми бачаҳои шеърдўсти Тоҷикистон ва ононе, ки дар мактабҳои тоҷикии мамлакатҳои ҳамсоя таҳсил мекунанд ва ё забони тоҷикиро медонанд, Убайд Раҷабро мешиносанд ва шеърҳояшро бо меҳру муҳаббат мехонанд. Асарҳои ў дар мамлакатҳои ҳамзабону ҳамасли мо — Афғонистону Эрон ҳам дастрасу чашмрасу дилраси аҳли адаб ва кўдакону наврасони хушзавқ аст.

Убайд Раҷаб шеърҳои равону дилкаш, чистону кистонҳои аҷибу шавқовар ва қиссаю достонҳои бисёре навиштааст. Навиштаҳои ў дар шакли китобҳои зиёде чоп шудаанд ва писанди дилу хотири хонандагони бешумораш гардидаанд. Асарҳояш бештар дар мавзуъҳои муҳимми зиндагӣ ва воқеаю ҳодисаҳои ибратбахшу пандомўз иншо шудаанд. Бинобар ин, дар бисёр китобҳои дарсӣ ва баёзҳои ёрирасони таълимӣ низ роҳ ёфтаанд ва ҳамчун чизҳои хонданию донистанӣ омўхта мешаванд.

Шоири бузург кўдакону наврасонро бисёр дўст медошт. Самимона дўст медошт ва ба ояндаи некашон бо дидаи умед менигарист. Ў бо ҳамин умеду имон бештар аз панҷоҳ сол барои равнақу ривоҷи адабиёти кўдакон хидмат кард. Бештар аз панҷоҳ сол барои бачаҳои тоҷик, барои бачаҳои тамоми олам шеър навишт, барои офариниши асарҳои шоиста ва парвариши фикри насли наврас заҳмат кашид. Мехост бачаҳои тоҷик ва ҳамаи бачаҳои рўи ҷаҳон озоду озода, серу пур, сиҳату саломат, зираку доно ва хушбахту саодатманд бошанд, дар фазои ҳаётбахши сулҳу амонӣ рўз бинанд. Ў табъу завқ, сиришту хислат ва рафтору гуфторашонро нағз медонист. Барои бачаҳо бо шавқу рағбати тамом менавишт. Бо мақсади хубтару марғубтар ва зеботару хонотар шудани шеърҳояш ҳамвора ва бурдборона қалам мекашид, асарҳояшро гаштаю баргашта таҳрир мекарду такмил медод. Аз дигарон ҳам талаб мекард, ки барои бачаҳо бештар нависанд ва, албатта, хубтару беҳтар нависанд. Вай бачаҳоро дўстони хурдсоли худ мешумурд ва бо онҳо ҳамчун бо калонсолон гуфтугузор мекард. Ба такрор мегуфт, ки «Бачаҳо имрўз бачаанд, аммо фардо калон мешаванд, одамони нағзу гапдону кордон мешаванд, падару модар, бибию бобо мешаванд, соҳибони ҳақиқии ин кишвари зебо мешаванд. Онҳо бояд аз мо донотару тавонотар бишаванд, ба қуллаҳои баландтари илму фан бирасанд, ҳамчун ворисони сазовори мо хушрўзонатару хушбахтонатар зиндагонӣ бикунанд!»

Адиби маҳбуб шавқманди он буд, ки бо бачаҳо зуд–зуд вохўрад, бо онҳо суҳбат орояд, аз хонишу дониш ва орзую омолашон ҳамвора огоҳ бошад. Аз ин рў, бештар дар байни бачаҳо мегашт. Ба ҳар мулоқоте, ки даъваташ мекарданд, бо хотири шоду чеҳраи кушод ҳозир мешуд. Агар пуркор бошад, ҳама корашро як сў мегузошт ва агар бемор бошад, ҳама қудрату мадорашро меғундошт ва мехесту мерафт ба давраи бачаҳо! Касе ёд надорад, ки мактабе, кўдакистоне, хонаи бачагоне ё ягон ташкилоте, ки вобастаи бачагон аст, Убайд Раҷабро ба вохўрӣ хонда бошаду Убайд Раҷаб ин даъватро бо баҳонае ба ягон вақту соати дигар монда бошад.

Ба тарзи ҳайратовар ҳофизаю хотири қавию мустаҳкам дошт ў. Аз давраи кўдакӣ то лаҳзаҳои вопасини умраш бо киҳо, кай, дар куҷо, ба кадом муносибат вохўрдааст ва атрофи кадом масъалаҳо суҳбат кардааст, аниқу дақиқ дар хотир дошт. Бисёр намунаҳои назму наср ва санадҳои адибию таърихиро азёд медонист. Аз ин ҷост, ки анъанаҳои ёддоштнависии адабиёти моро ҳусни тоза бахшид ва дар бораи устод Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Пўлод Толис ва дигар самоҳои тобноки адабиёту фарҳанги мо силсилаи рисолаю мақолаҳо навишт, ки дорои аҳаммияти адабию таърихӣ мебошанд.

Тарзи асарофаринии Убайд Раҷаб ҳам бисёр аҷоиб буд, ки ба ҳофизаю хотираи қавии ў сахт вобастагӣ дошт. Маълум аст, ки ҳар адибе ҳолати эҷодии худро дорост ва ин ҳолатҳои эҷодӣ гоҳе як дараҷа ғайриодию ғайримуқаррарианд. Чунонки як эҷодкор асари худро ҳамчун одамони заминӣ дар паси мизу рўи курсӣ, ё чунонки устод Садриддин Айнӣ мекарданд, дар як гўшаи сандалӣ нишаста менависад. Баъзе росто ва баъзе ҳангоми роҳгардӣ эҷод мекунад. Барои кори эҷодӣ аввали шаб, баъзе субҳи барвақтро афзал медонад. Баъзе рўзона, дару тирезаҳоро пўшида, хонаро торику чароғро рўшан мекунад, то ба шуғли эҷодӣ бипардозад. Яке бо қалам, яке бо мошинаки хатнависӣ, яке бо компютер ва яке бо дастгоҳи сабти овоз менависад. Аммо ҳолати эҷодии Убайд Раҷаб ба тарзи асарофаринии ягон эҷодкори дигар монанд набуд. Вай асарҳояшро асосан ҳангоми хуфтан, озодвор дароз кашида, эҷод мекард. Мазмуну мундариҷаи шеърҳояшро дар ҷогоҳи хоб меандешид, дар лавҳи хотираш менавишт ва чун асар дар андешааш шакли пурраю дилхоҳро пайдо мекард, аз ҷой бармехест ва рўи коғаз меовард. Дигар андак таҳрир ва чопи асар боқӣ мемонду бас. Барои бо ин усул офаридани ин қадар асарҳои мазмуну мансур ва хусусан қиссаҳои калонҳаҷм воқеан ҳам ҳофизаю хотираи мустаҳкаме мебоист ва бо лутфи тақдир ин имконият барои Убайд Раҷаб муҳайё буд.

Убайд Раҷаб дар баробари гуногунии мавзуъ, мазмуну мундариҷа, сохтор, вазну қофияю радиф, ба равонию хушоҳангии назми кўдакон эътибори ҷиддӣ зоҳир мекард. «Модарам», «Ман «Алифбо» мехонам», «Холаи Гавҳар», «Оби равон», «Олуча гули бодом», «Алопари мо» ва чанд шеъри дигари ў, ки ниҳоят равону хушоҳанг суруда шудаанд, дар байни хонандагон машҳуранд ва маҳбубияти хосса доранд. Шоир бо эҷодиёти рангинаш натанҳо адабиёти кўдакони моро пеш бурд, тараққӣ дод, санъаткорию ҳунармандӣ намуд, барои бардоштанаш ба сатҳи байналхалқӣ саҳми арзанда гузошт, балки усулҳои нави шеърхонию шеърдониро ҷорӣ кард. Убайд Раҷаб барои шунавандагону мухлисонаш ҳамтур шеър намехонд. Бо шеърхониҳояш ҳозиринро ба шавқу ҷунбиш меовард, ҳамаро ба ҳамхонӣ водор мекард ва шунавандагон беихтиёр ба гўяндагони шеър табдил меёфтанд. «Модарам», «Шаббода», «Сари ҷў», «Дилакам мекушояд» ва чанд шеъри дигари устоди сухан аз ҳамин қабиланд, ки дар ҳамхонии шоиру шунавандагонаш садо медоданд. Ин тарзи шеърофаринию шеърхонӣ хонандагону шунавандагонро бештар хуш меояд. Дар зебоишиносию зебопарастии бачаҳо асари амиқтар мегузорад ва дар адабиёти касбии кўдакону наврасон ояндаи неку пурсамар дорад.

Устод Убайди Раҷаб одами ниҳоят покдил ва пуркору меҳнатдўст буд. Ба қавли шоираи маҳбуби мо Гулчеҳра Сулаймонӣ, ў дар майдони адабиёт деҳқонвор кор мекард. Табиати рангини Тоҷикистон, хусусиятҳои ҳайвоноту набототи он ва хусусан табиати кўҳистону кўҳистониёнро хуб медонист ва ин дониши фаровони худро дар офариниши шеърҳояш моҳирона корбаст мекард. Ҳамин донишмандӣ ва заҳматписандиаш буд, ки корҳояш пурсамар буданду осораш андешапарвар. Қиссапардозию достонсароиҳои ў дар адабиёти мо боиси ривоҷу равнақи ин жанрҳо гардидаанд. Бештар аз чил китоби ў дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари олам тарҷумаю нашр шудаанд. Ба қавле, ў «шоири миллионер» гашт, яъне шумораи нашри китобҳояш аз ҳадди як миллион гузашта, ба миллиони дуюм замина гузошт.

Адиби маҳбуби мо ҳамчунин тарҷумони забардаст буд. Намунаҳои беҳтарини осори бисёр адибони машҳури оламро барои кўдакон ба забони тоҷикӣ гардонид ва ба чоп расонид. Сурудҳои бисёраш дар иҷрои ҳунармандони касбӣ ва ҳаваскорони хурдсоли санъати мусиқӣ пайваста садо медиҳанд. Китобҳои панҷҷилдаи гулчини адабиёти кўдакони тоҷик ва дуҷилдаи адабиёти шуравӣ барои кўдакон, ки бо ташаббусу ҳиммати ў ба табъ расидаанд, зебу фари ганҷинаи адабиёти кўдакони мо мебошанд. Шоир барои хидматҳои шоистааш дар соҳаи адабиёту фарҳанги адабиёти мо, ба хусус дар рушду нумўи адабиёти кўдакон, бо Ҷоизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ, Ҷоизаи байналхалқии ба номи Андерсен, бо унвонҳои ифтихории Корманди шоиста ва Шоири халқии Тоҷикистон, ҳамчунин бо бисёр нишону ифтихорномаҳои соҳавию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар сазовор гардидааст.

Устод Убайд Раҷаб ният дошт, ки тамоми асарҳои бачагонаашро, ки дар давоми беш аз панҷоҳ сол офаридааст, як бори дигар ҳамчун муҳарири сахтгир бафурсат ва бисёр ҷиддӣ бихонад. Беҳтаринашро интихоб намояд, таҳрир кунад, зеботару хонотар гардонад ва дар зери як муқова ба табъ расонад. Воқеан ҳам ў бо ҳамин мақсад камари ҳиммат бибаст ва бар сари кор нишаст. Баъзе шеъру чистон ва қиссаю достонҳояшро сар ба сар таҳрир кард, баъзеашонро аз номгўйи шеърҳояш хат зад, гуфт, ки инҳо намешаванд, то имрўз лозим буданд, акнун ҷавобгўйи талаботи имрўзаю оянда нестанд. Бо ҳамин минвол чанд муддат кор кард ва як дараҷа ба мақсадаш расид. Як қисми ин китоби қиссаҳоро ҳам аз дасти таҳрир баровард. Аммо афсўс, ки умраш вафо накард. Кораш нотамом монд. 11 августи соли 2004 дасту дил аз коғазу қалам бардошт ва ҳосили умру эҷоди худро ба ихтиёри хонандагони арҷманд бигзошт.

Ҷўра ҲОШИМӢ

Дигар хабарҳо