Низом ҚОСИМ Наврўзу адабиёт азалан тавъаманд — Наврўзи аҷдодӣ асрҳои аср илҳомбахшу рўҳафзои адибон будааст ва адибон садсолаҳо ин ганҷинаи пурбаҳои маънавиро дар сурудаҳояшон зинда нигоҳ доштаву то ба имрўз расондаанд. Лекин асли ҳақиқат ин аст, ки Наврўз маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва аз шарофати сиёсати миллатдўстонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии […]Идома...
Бахтиёр МУРТАЗО Алиҷон Каримович он рӯзро ҳаргиз фаромӯш накардааст. Магар чунин рӯзи маҳшарро аз ёд баровардан мумкин аст? Зинҳор имкон надорад. Ягон бинокори асили сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ин воқеаи мудҳишро аз хотираш зудуда наметавонад. Он вақт ҳам Алиҷон Каримович бар дӯш вазифаи масъулиятноке дошт, ба мудирияти неругоҳи Роғун роҳбарӣ мекард. Охирҳои моҳи апрел ва хусусан рӯзҳои […]Идома...
Таваҷҷуҳи Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба тарҷумаву нашри осори адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ далели меҳру муҳаббатамон ба мардуми кишвари дӯст мебошад. То кунун ин Марказ беш аз ҳар забони дигаре намунаи осори адибони тоҷикро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Ҳоло хушхабар расид, ки маҷмӯаи дастаҷамъии шоирони тоҷик Лоиқ Шералӣ, Ашӯр Сафар, Низом Қосим […]Идома...
Бахшида ба 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, нависанда, олим ва нахустин сарвари Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ўзбекистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддини Айнӣ моҳи апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Садриддин Айнӣ, илму адаб ва фарҳанги муосир» баргузор мегардад. Институти забон ва адабиёти ба […]Идома...
Ҳангоме ки роҳбарони ду кишавари ҳамсояву дӯст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тукмаи рамзиро пахш карданд ва қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг боз гардид ва қаторҳо ба ҷунбиш омаданд, тирамоҳони дери соли 2015 дар даромади нақби Шаҳристон ба ёдам омад. Он вақт мо дар Рӯзи гиромидошти […]Идома...
Одамоне ҳастанд, ки дар зиндагӣ бо худ рӯшноӣ мебаранд, баъд аз гузаштани умрашон низ ёдашон ба дилҳо фараҳ мебахшад. Танҳо ба забон овардани номашон кофист, ки дар дили мо дурахше аз хотираҳои некашон ҳувайдо шавад, худ аз худ лабханд занем ва табассум дар чеҳра бишкуфад. Воқеан, фархунда шахсест, ки пас аз тарки дунё карданаш ҳам ёдаш дар дилҳо […]Идома...
Адаш ИСТАД Баъзе касон гумон мекунанд, ки маҷмӯа, яъне Ансамбли Регистон танҳо аз се мадраса ва майдони таърихии он иборат аст. Таърих гувоҳ аст, ки дар ин ҷо иморатҳои бузурги дигаре низ буданд. Аз ин иморатҳо куҳансолтаринаш Мадрасаи Мирзо Улуғбек – ҳоким ва донишманди маъруфу машҳур мебошад, ки сохтани он соли 1417 ба охир расида, […]Идома...
Нашрияи миллии адабии “Садои Шарқ” куҳантарину ҷомеътарин нашрияи фаъоли адабию иҷтимоии Тоҷикистон аст, ки инак ба қуллаи 90-солагӣ расид. Шумораи нахустини маҷалла бо номи “Дониш-биниш” дар Самарқанд интишор ёфт. Аз шумораи дувуми соли 1927 то соли 1932 он бо унвони “Раҳбари дониш” чоп мешуд. Аз соли 1932, бино бар таҳаввулоти сиёсие, ки ба ҳаёти адабию […]Идома...
Дар мулоқоти охири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар синамои тоҷик ва дурнамои он дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт ва таъкид мешуд, ки ин риштаи муҳими ҳунар бояд мувофиқи талаботи замони муосир густариш ёбад. Баъди ин гуфтаҳои Роҳбари давлат дастандаркорони соҳаи синамо барои […]Идома...
Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ба қатори маконҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавад. Ин матлаб 6 ноябри соли 2017 зимни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баъди навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боғ таъкид гардид. Вобаста ба ин Кумитаи рушди сайёҳии […]Идома...