Ба муносибати 120-солагии зиндаёд Тоҷӣ Усмон Тоҷӣ Усмон аз ҷумлаи адибону публитсистонест, ки солҳои сиюми асри гузашта бо нигоштаҳои худ ба матбуот ворид гардидааст. Фаъолият дар матбуоти даврӣ боис шуда, ки Тоҷӣ Усмон дар баробари иҷрои вазифаи рӯзноманигорӣ ба эҷоди асарҳои публитсистӣ рӯй оварад, лавҳаву очерк ва ҳаҷвияҳои зиёдеро ба табъ расонад, ба таҳқиқи рӯзгору […]Идома...
— Салом, бузургмард, фарзанди тоҷик, аз насли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синою Берунӣ ва Хоҷа Камолу Асирӣ! Ин нидо дар Исфисор, дар саҳни ҳавлии Осорхонаи ҷумҳуриявии аллома Бобоҷон Ғафуров беихтиёр аз вуҷудам берун шуд. Бо тааҷҷуб ба ҳамроҳонам нигаристам. Онҳо дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, ки паҳлуи чапи онро шоҳасари ӯ – «Тоҷикон» зеб мебахшад, ба нишони […]Идома...
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 17 июли соли 2026, № 481 қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Тибқи он дар соли ҷорӣ шахсони зерин сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ шуданд: Дар бахши адабиёт – Саидзода Насруддин […]Идома...
Агар умр вафо мекард, 20-уми июли соли равон муҳаққиқ ва рӯзноманигори пуркор, яке аз поягузорон ва устодони соҳибноми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зиндаёд Пайванд Гулмуродзода ба синни мубораки 70-солагӣ мерасид. Аммо тақдир фурсат надод, то шогирдон, ҳамкасбон ва дӯстдорони илму қалам ин ҷашни фархундаро дар канори эшон таҷлил намоянд. устод Гулмуродзода дар синни 56-солагӣ, […]Идома...
Нуктаи муҳимме, ки дар боби зиндагинома, шахсият ва осори Робиаи Балхӣ чун хатти сурх намоён мегардад, ишқи ҷонсӯзи ӯ мебошад. Ин масъала диққати аксари пажуҳишгарону адибони ҳамзамони Робиа ва асрҳои баъдиро беш аз ҳар масъалаи дигари марбут ба рӯзгор ва осори ӯ ба худ ҷалб кардааст. Зеро Робиаи Балхӣ нахустин занест, ки пас аз ислом […]Идома...
Истиқболи аҳли адаб аз ташаббуси навбатии Пешвои миллат Агарчи арзишҳо аз нигоҳи аҳаммият болову поин қарор мегиранд, дар таҷрибаи давлати Тоҷикистон ду арзиш – яке Истиқлол ва дигаре Ваҳдати миллӣ вазн ва моҳияти баробар доранд. Ин ду арзиш бидуни якдигар буда наметавонанд, зеро агар Истиқлол ҳастии воқеии миллату давлат ва воситаи эътирофи он дар сатҳи […]Идома...
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нависандаи пуркор Абдулвосеъ Сангинов дар 75-солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Абдулвосеъ Сангинов рӯзи 10 уми январи соли 1951 дар деҳаи Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ тавал луд шудааст. Соли 1967 дабистони рақами 9 ба номи Зебуннисои шаҳри Ваҳдатро хатм карда, муддати як сол дар рӯзномаи ноҳиявии «Коммуна», сипас як соли дигар дар […]Идома...
Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рўйдоду санаҳои муҳимме ҳастанд, ки аҳаммият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти муҳимми сиёсӣ ҳидояту роҳнамоӣ месозад. Барои миллати тоҷик Рўзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ, сарнавиштсоз ва калидӣ мебошад. Ҳамчунин, […]Идома...
Баъд аз суқути давлати қудратманди Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳуриҳои дар ҳайати он буда, яке пас аз дигаре истиқлоли давлатии худро эълон карданд. Тоҷикистон низ соҳибистиқлол шуд ва дар оғози давлатсозӣ бо дахолати баъзе кишварҳои хориҷӣ ва дастгирии неруҳои берунӣ ҳизбу ҳаракатҳои мансабхоҳи таҷрибаи зарурии сиёсӣ ва барномаҳои илман санҷидашуда надошта аз роҳи зўроварӣ ба мақсад расиданӣ […]Идома...
Оғоз Фолклор ё фарҳанги мардум, ки шомили адабиёти гуфторӣ, расму русум, оинҳову боварҳо ва дигар унсурҳои мардумӣ мебошад, бисёр муҳим буда ва аз қадим то кунун таъсири зиёде дар ҳунар ва адабиёт доштааст. Шоирон ва ҳунармандон аз қадим то кунун дар осори худ аз унсурҳои фарҳанги омма ва адабиёти гуфторӣ дар мазмунофаринии асари худ баҳрабардорӣ […]Идома...



