Муъмин Қаноат. Аз Ховар то Бохтар
Вилям ШЕКСПИР
(1564-1616)
Англия
СОНЕТ
Ба олам ҳар касе хуштолеу ахтарбаланд ояд,
Ба шаъну давлату бо шуҳрату бо ном менозад,
Ба ман инъоми бахти хоксорам дилписанд ояд,
Маро чун чашмаи иқбол дар дил ишқ мебозад.
Ба зери шуълаи хуршед бинмоянд барги худ
Парешон чун надими подшоҳу маҳрами дарбор,
Гули офтобпарастон, лек ҳар гаҳ шом ояд, зуд
Бигардад з-офтобу сар фурӯ созанд чун бемор.
Агар сарлашкаре дар зиндагӣ бо фатҳ мағрур аст,
Ба ҷанги охирин мағлуб гардидан ба ӯ роҳ аст,
Чароғи шуҳрати ӯ оқибат торику бенур аст,
Насиби ӯ фаромӯшиву нангу кинаи шоҳ аст.
Вале унвони ман чун безаволу ҷовидон бошад,
Дилам сарчашмаи ишқу маро дилҳо макон бошад.
***
Фридрих ШИЛЛЕР
(1759-1805)
Олмон
УМЕД
Мардум ҳама умр орзуе доранд,
То бахти забунашон бихандад боре,
Як умр ба ҷустуҷӯйи як рӯзи хуше
Ҷӯянд зи бахт раҳмхорӣ, ёрӣ,
Ояд зи пайи рӯзи сияҳ рӯзи сапед,
Беҳуда нагуфтаанд — дунё ба умед…
Дар роҳи ҳаёт раҳнамун аст умед,
Тифлон ба умеди нек доранд сурур,
Уммед дили софи ҷавонон бубарад,
Ӯ ҳамраҳи пирҳо нахобад дар гӯр.
Гӯянд, агар зи ранҷ гардем ҳалок,
Гулҳои умед во шаванд аз дили хок…
Не, не, на ба ин умед бо шири сафед
Мо руҳи қавӣ ба кӯдакон мебахшем,
Аз баҳри бузургию талоши фардо
Бар тифли замона руҳу ҷон мебахшем,
Ҳар чиз, ки бо садои ҷон меояд,
Дар қисмати мою ту ҳамон меояд…
***
Коста ХЕТАГУРОВ
(1859-1906)
Осетия
ВАСИЯТ
Бубахшо, гар дар ин ашъори маҳзун
Фиғону нола меояд ба гӯшат:
Дили ҳар кас набошад зору пурхун,
Бигӯ, то шоду хандон бархурӯшад.
Агар донам, ки халқи меҳрубонам
Зи ман розӣ бувад як зарра имрӯз,
Пас он ашку алам аз худ биронам,
Бихонам бо навои шоду фирӯз!
***
Робиндронат ТАКУР
(1861-1941)
Ҳиндустон
ГАРДИ ХОК
Ҳам рӯйи замину ҳам дили куҳ зебост,
Ҳам хоки сияҳ, ки дояи неъматҳост.
З — он пеш, ки мирад оташам, сард шавам,
Дар назди ғубори ин замин гард шавам.
Таркиби вуҷуди моддаи ин дунё,
Ҳам вазъи ниҳони гирдгардон зебост.
Ҳар ҷинс, ки зарра гашт, бар хок нишаст,
Он зарра ба коинот бешак пайваст…
Шодам, ки аз ин ҳаёти бигзаштаи ман
Як ҷавҳари асл ҷовидон мемонад:
Ман ҷинси абадият шавам, хок шавам,
Як гарди замини ҷовиди пок шавам.
***
Владимир СОСЮРА
(1889-1965)
Украина
НАРГИС
Бингар, ки шукуфта дар баҳорон наргис,
Бикшод ба нозу ишва ҷонон наргис.
Аз мазраи сабз бигзарам бо ёрам,
Дарёст ба ранги наргиси дилдорам.
Умри ману ту чу абри борон гузарад,
Ду ҷӯра ҷавон зи хоки моён гузарад.
Он лаҳза зи мо нишон намонад ҳаргиз,
Ҷуз он ки зи хоки мо барояд наргис.
Дилдода ба ёр бигзарад аз лаби кишт,
Бишнида навои мурғаки нексиришт.
Дар наргиси хоки мо чӣ ёбад асаре?
Бар наргиси масти ёр созад назаре.
***
Михаил ИСАКОВСКИЙ
(1900-1973)
Русия
САБЗА ДАМИД
Бин, сабза ба ноз сар баровард зи хок,
Гӯё, ки ба пешвози нури афлок.
Бикшода дару тирезаро фасли баҳор,
Дар деҳаи мо қадам гузорад бебок.
Бин, ғулғули рӯди шӯх меояд боз,
Оҳиста суруд дораду нағмаю соз.
Шохи гелос бо лаби пурханда
«Дар нашъунамоем» бигӯяд бо ноз.
***
Расул РИЗО
(1910-1981)
Озарбойҷон
ГИЛА АЗ РОҲ МАКУН
Ба олам роҳҳои бешумор аст,
Яке пайроҳа, дигар шоҳроҳ аст.
Яке сарбастаю дигар кушода,
Ба ҳар роҳе ҳазорон марди роҳ аст.
Вале роҳи ҳавоӣ турфа роҳест,
Фарохоии онро бар набошад.
Дар он ҷо шиква аз тангӣ насозед,
Ки шахсе монеи дигар набошад!
Раҳи шеър аст чун роҳи ҳавоӣ,
Аё шоир, кушо боли хаёлат.
Бикун парвози авҷи осмонҳо,
Мададгори ту дар ин роҳ — болат!
Агар сустӣ намояд бол, шоир,
Манол аз роҳ, аз худ нол, шоир!