«ТОҶИКОН» – пайвандгари ҳамзабонон
Китоби «Тоҷикон» барои ҳавзаи фарҳангии забони тоҷикӣ – форсӣ, пеш аз ҳама, Афғонистон ва Эрон низ бо хати ниёгон ба табъ расид. Олими дақиқкор бо ин асари худ таърихи миллатеро, ки дар илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни башарӣ нақши барҷаста бозидааст, аз нав зинда гардонид.
Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ дар шоҳасари худ исбот намуд, ки миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик бо доштани чунин таърихи пурифтихор, мероси ғании илмиву адабӣ ва анъанаву арзишҳои асилу пурбор ҳаргиз ба таърихсозӣ, яъне таҳрифи огоҳонаи таърих ва афзалиятхоҳиву бузургтарошии бебунёд эҳтиёҷ надорад.
Арзиши баланд ва таҳлилу таҳқиқи фарогири илмии ин асар аз ҷониби маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ ба таври сазовор истиқбол ва эътироф гардид.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳар касе, ки решаҳои пешинаи забону миллати худро бидонаду бишносаду онро дӯст дорад, ба забону миллатҳои дигар эҳтиром мегузорад. Аз ин ҷиҳат низ донистани гузаштаи худ ва омӯзиши таърихи он зарур буда, ба таври мантиқӣ шинохтани забон, миллат, фарҳанги чандҳазорсолаи ниёгонамон муҳим мебошад. Яке аз сарчашмаҳои беҳтарин китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аст. Чӣ шуд, ки ман ба ин асари илмӣ меҳр бастам ва баъдҳо ҳамин меҳр боиси пайванди ҳамешаи ман ба забон, адабиёт, фарҳанг, таърих ва ҷузъиёти бештари фарҳанги суннатию гуфтории мардуми хеш гардид?
Соли 1972 дар курси аввали Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) таҳсил мекардам. Ба мо аз фанни «Таърихи халқи тоҷик» Саттор Мухторов (1939-2019, профессори ДМТ) дарс мегуфтанд. Он кас оҳиста-оҳиста, роҳгардон, аз ҳофизаи худ мавзуъро баён мекарданд ва мо, донишҷӯён, менавиштем.
Гоҳе мисли афсонаю ҳикояҳои ширину рангини мӯйсафедон дар бораи ёфтаҳои бостоншиносон аз одамони неандерталӣ, қадимтарин тасвирҳои рӯи санг ва ғорҳои Бадахшон, осори кулолӣ, қабилаҳои ориёӣ, роҳҳои кӯчидани ориёиҳо, хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, Пешдодиён, Каёниён, Авесто, Куруш, Доро, Искандар, Сосониён, Сомониён ва ғайра нақл мекарданд. Мегуфтанд, ки ин воқеаҳо ва ҳодисаҳои таърихӣ ба ниёгони мо тоҷикон пайвастагӣ дошта, дар ин бора донишманди тоҷик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (1947) дар асоси санадҳои бостоншиносӣ ва таърихӣ навиштаанд.
Саттор Мухторов чунон мефаҳмонданд, ки меҳри шунаванда ба таърихи миллат, забон, фарҳанг зиёд мешуд. Баъди чанд ҳафтаи дарс гуфтанд, ки «дар рӯбарӯи чойхонаи «Роҳат» дӯкони китобфурӯшии «Академкнига» ҳаст, дар он ҷо фақат китобҳои илмӣ ба забони русӣ ва тоҷикӣ фурӯхта мешаванд. Ба наздикӣ китоби Бобоҷон Ғафуров «Таджики» (1972) дар Маскав ба забон русӣ чоп шуд. Онро дар ҳамин дӯкон мефурӯшанд. Агар касе русиро медонад ва оянда барои миллати худ хизмат кардан мехоҳад, рафта харад».
Аз нақлҳои устод ман хаёлан дар ҷаҳони гузаштаи таърихи миллати худ, ниёгони тоҷикон, сайр мекардам. Худи ҳамон рӯз зуд ба ҳамон дӯкони китобфурӯшӣ рафта, китоби Бобоҷон Ғафуров «Таджики»-ро харидам. Китоб зебо, ҳаҷман калон, бо коғази сифати аъло, дорои тасвирҳои хушнамои бостоншиносӣ, санадҳои таърихӣ, меъморӣ, адабӣ, беш аз 650 саҳифа буд. Ба хона омада, то субҳ онро варақ задам. Аз рӯи тасвирҳо, унвонҳо дар бораи таърихи мардуми тоҷик тасаввуроте пайдо кардаму ба омӯхтани таърихи гузаштаи миллати хеш ҳавасам бештар шуд. Баъд аз он дилбастаи омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгони худ гаштам.
Солҳо гузаштанд. Ин китобро ҳамеша мехондам. Моҳи марти соли 1981 маро аз Доншгоҳи миллии Тоҷикистон ба Донишгоҳи Кобул барои тарҷумонӣ фиристоданд. Баъди чанд ҳафта бо директори китобхонаи Донишгоҳи Кобул профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ шинос шудам, ки таърихшинос буд. Бо ҳавас дар бораи таърихи гузаштаи тоҷикон ва форсизабонон гап мезад. Ӯ кунҷкову ҷӯянда буд. Аз китобҳои дар Тоҷикистон чопшуда мепурсид. Моҳи майи соли 1981 дар як нишасте, дар омади гап, аз китоби Б. Ғафуров «Тоҷикон» ёдовар шудам ва дар Маскав ба забон русӣ чоп шудани онро гуфтам, дар айни замон дар бораи китоб ба таври мухтасар маълумот додам.
Ба ҳаяҷон омад, ки чӣ гуна ин китобро пайдо кунад. Гуфтам, ки ин китоб соли 1972 бо номи «Таджики» дар Маскав ба забони русӣ чоп шудааст. Номи Ғафуровро шунида буд ва медонист, ки сиёсатмадору таърихнигор аст. Вале аз чопи китоб ба забони русӣ бехабар буд. Баъди ишораи ман ӯ такрор ба такрор дар ҳар ҷо мегуфт, ки ин китобро пайдо кунед ва бояд зудтар тарҷума шавад.
Пас аз рухсатии тобистонаи соли 1981, ки моҳи июл ва август буд, китоби «Таджики»-ро бо худ ба Кобул бурдам. Аз дидани китоб профессор Сиддиқӣ хушҳол шуд. Варақ мезаду ба тасвирҳо бо диққат менигарист.
Бо хоҳиши ӯ ман саҳифа ба саҳифа китобро хонда, мазмуни хондаҳоямро нақл менамудам. Вай қайд мекард ва мегуфт, ки барояш ҳар рӯз кам-кам тарҷума кунам, то аз муҳтавои китоб огоҳ шавад. Бо вуҷуди корҳои зиёд, ҳар ҳафта барояш чанд саҳифа тарҷума карда мехондам, вай зуд-зуд менавишт, то ки бо китоб ошно гардад. Мақсади ман тарҷумаи пурраи китоб набуд, балки фақат хоҳиши профессори дӯстдори таърихро қонеъ кардан буду халос. Дар муддати ду сол ман барояш ҳамагӣ 62 саҳифаи китобро мазмунан тарҷума кардам.
Охири соли 1983, рӯзе Кароматулло Олимов ҳамроҳи Қурбон Бобоев дар ошёнаи аввали бинои истиқоматии мо, дар хонаи умумӣ, ки «гӯшаи сурх» ном дошт, тенисбозӣ мекарданд, ки ман вориди он ҷо гаштам. Чанд лаҳза бозӣ қатъ шуд. Банда дар рафти суҳбат ёдовар шудам, ки таърихшинос Сиддиқӣ мехоҳад китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз русӣ ба дарӣ тарҷума шавад. Зимни суҳбат ишора кардам, ки барои Сиддиқӣ гоҳе мазмуни китобро кам-кам аз русӣ тарҷума мекунам, то ошно шавад. Кароматулло Олимов ишора карданд, ки «худатонро заҳмат надиҳед, чанд рӯз пеш бо устод Осимӣ телефонӣ суҳбат мекардам ва устод зимни суҳбат бароям ёдрас шуданд, ки китоби «Тоҷикон» ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд, ҳоло дар чопхона аст. Он кас ба наздикӣ меоянд, ман занг мезанаму хоҳиш мекунам, ки як нусха биёранд. Агар шумо аз рӯи нусхаи тоҷикӣ баргардон бикунед, кор зуд анҷом меёбад».
Аз сабаби он ки Қурбон Бобоев таърихшинос аст, ман гуфтам, ки ин корро эшон ҳамроҳи профессор Сиддиқӣ анҷом диҳанд. Вале Қурбон Бобоев гуфт, ки «ман сахт машғули баргардони як китоби худ ҳастам, ба назарам, то муҳлати ба ватан баргаштан шояд ҳамин кори худро анҷом дода натавонам. Равшан, ки ҳоло ҳаст, худаш машғул шавад». То расидани китоб ҳамроҳи И. Усмонов, ки бештар ҳама корро бо он кас маслиҳат мекардам, машварат намудем, ки чӣ бояд кард. Натиҷагирӣ чунин шуд, ки ман бо Сиддиқӣ машғули баргардон шавам. Китоби «Тоҷикон», ки соли 1983 чоп шудааст, аз тариқи М. Осимӣ ба К. Олимов ва аз он кас ба мо расид.
Ба муддати шаш моҳ, баъди кори аслӣ, гоҳе тамоми шаб кор мекардем. Ман ба Сиддиқӣ дикта мекардам, агар ягон калима, ибора ё ҷумла барои эшон нофаҳмо бошад, шарҳ медодам, ҳамроҳ баъзеро аз фарҳангҳо медидем. Сиддиқӣ ҷумлаҳоро ба сабки меъёрии забони расмии дарии Афғонистон наздик месохт. Дар айни замон муҳтавои китоб комилан нигоҳ дошта мешуд. Баъзе шабҳо дар хонаи ман то субҳ кор мекардем. Гоҳе барқ хомӯш мешуду мо бо чароғ кор мекардем.
Ин кори бузурги илмӣ ва таърихӣ, ки барои муҳаққиқони ростин ва пешрави Афғонистон ба унвони раҳнамои методӣ ҳисоб мешудааст, баъд аз машварат бо сармушовирияти муҳтарами Донишгоҳи Кобул ва маъқул донистани раиси донишгоҳи мазкур ба кумак ва ҳамкории Равшан Раҳмон, ки устоди ҳамкор буд, дар амал сари даст гирифта шуд.
Китоб дар асл дар шаш моҳ (аз ноябри 1983 то апрели 1984) баргардон шуд, на ду моҳ. Маъмулан баъди гузашти замон агар касе дар бораи ин ё он воқеае, ҳодисае, амале мақолае нависад, табиист, ки ҳамаи санадҳо дақиқан дар ёд намеистад. Хушбахтона, мо дар рӯзномаи худ баъзе лаҳзаҳои дар Афғонистон буданамонро дақиқан қайд кардаем. Аз ҷумла дар бораи баргардони китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров низ ёддоштҳое дорем, ки дар ин бора дар оянда муфассалтар хоҳем навишт.
Мухтасар кор чунин сурат мегирифт. Мо баргардон мекардем. Пешопеш саҳифаҳои дар шакли истенсал (ротопринт) ҳуруфчинишударо ғалатгирӣ карда, ба матбааи донишгоҳ месупоридем. Сипас дар китобхонаи донишгоҳ дар рӯи мизҳои зиёд саҳифаҳои чопшударо бо тартиб, пай дар пай гузошта, бо ёрии донишҷӯён саҳифачинӣ мекардем. Донишҷӯён барои саҳифачинии китоб, ки дар китобхона сурат мегирифт, ёрӣ медоданд.
Китоб ба чоп омода шуд. Вале ман мехостам, ки дар ҷилди китоб ҳамон тасвири дар рӯи ҷилди тоҷикӣ буда оварда шавад. Аз ин рӯ, ба матбааи давлатии Афғонистон рафта, клишаи тасвири рӯи ҷилдро аз маблағи шахсии худ созонда, ба матбааи Донишгоҳи Кобул супоридам.
Барои рух надодани нофаҳмие ҳамроҳи Иброҳим Усмонов маслиҳат кардем, ки дар китоб аз ҷониби шахси масъуле пешгуфтори мухтасаре бошад. Усмонов аз номи декани факултети улуми иҷтимоӣ Иноятулло Рашид, бо иқтибос аз Бабрак Кормал, пешгуфторе навиштанд. Онро дар аввали китоб ҷо кардем.
Китоб чоп шуд. Вале чопи китоб барои баъзеҳо писанд наомад. Гуфтанд, ки тоҷикҳо миллатгароӣ карда, китобе ба табъ расондаанд. Моҷаро сар шуд. Маро хостанд дар 24 соат аз Афғонистон хориҷ кунанд. Баъди пурсишу посух фаҳмиданд, ки мо китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро баргардон кардем. Пурсандаҳои сафорат ҳамчун донишманди таърихнигор ва сиёсатмадор Бобоҷон Ғафуровро хуб мешинохтанд. Дигар ман аз хориҷ шудан эмин мондам ва боз як соли дигар дар Донишгоҳи Кобул кор кардам.
Чанд соли дигар гузашту соли 1991 кишвари абарқудрати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Сотсиалистии Шуравӣ (СССР) аз байн рафт. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон (аз 9 сентябри 1991) ва ба вижа баъди ба сари қудрат омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллӣ сол то сол бештар гардид.
Ин дафъа хостам, ки китоб дар Эрон чоп шавад. Соли 1994 оқои дуктур Шеърдӯст, ки он солҳо раиси интишороти «Суруш» буд, ҳамчун узви Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд ба Душанбе омад. Дар дафтари Анҷумани Пайванд устод М. Осимӣ, оқои Шеърдӯст, боз чанд нафари дигар ва ман аз китоби «Тоҷикон» ёд кардем. Сухан ба мавзуи баргардони китоби «Тоҷикон» дар Афғонистон пайваст. Баъди суҳбат дуктур Шеърдӯст хоҳиш кард, ки як нусха аз ин китобро барояш диҳам. Ман ду нусха доштам. Яке дар хонаам дар Душанбе ва дигаре дар хонаи падарӣ дар Бойсун буд. Нусхаи дар Душанбе бударо ба оқои Шеърдӯст тақдим кардам. Соли 1996 оқои Шеърдӯст ба ҳамоиши навбатии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд ба Душанбе ташриф овард. Ба ман гуфт, ки идомаи китобро баргардон кунед, мо китобро дар Эрон чоп хоҳем кард. Ба ӯ гуфтам, ки, ба назари ман, китоб дубора, пурра, айнан, бидуни ислоҳ баргардон ва бидуни каму кост ба забони адабии тоҷикӣ, ба хатти форсӣ чоп шавад, беҳтар аст.
Соли 1997 воқеаи дигар рух дод. Аз Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман занг заданд, ки ба он ҷо назди Ниёз Сафаров биёям. Он сол муаллим Ниёз Сафаров (1931-2012) мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, фарҳанг ва масоили иҷтимоӣ буданд. Маро диданду гуфтанд, ки «э ин бачаи худамон будаст- ку». Аз суҳбат маълум шуд, ки онҳо кадом Равшанеро меҷустаанд, ки дар нашри китоби «Тоҷикон» дар Афғонистон саҳм доштааст. Баъди мулоқот гуфтанд, ки як нусха аз ҳамон китоб лозим аст. Барояшон посух додам, ки ҳамагӣ як нусха дорам, ки он ҳам дар Бойсун аст.
Барои овардани китоби «Тоҷикон» ба Бойсун равон шудам.
Китобро оварда, ба сиёсатмадори донишпарвар Саидмурод Фаттоҳзода супоридам. Ӯ гуфт, ки бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоб дар Эрон чоп хоҳад шуд. Китоб дар зудтарин фурсат бо пешгуфтори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чоп омода шуд ва бо тамғаи нашриёти «Ирфон» дар кишвари Эрон, зери назари оқои Шеърдӯст, бо литографӣ, саҳҳофии «Созмони чоп ва интишороти Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ» чоп шуд. Пешгуфтори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин оғоз мешавад: «Сарчашмаи худшиносии миллӣ. Агар фарди ҷомеа таърихи аҷдоди худро надонад, инсони комил нахоҳад буд».
Пас аз солҳо, соли 2019 китоби «Тоҷикон»-и аллома Б. Ғафуровро, ки соли 1984 аз хатти тоҷикӣ ба хатти форсӣ баргардон карда будем, ҷавонмарде бо номи Ҳабиб Ҳамидзода аз тариқи интишороти «Амирӣ» бо сифати баланд ба нашр расонида, дар ёддошти худ, зери унвони «Сипосгузорӣ» чунин нигоштааст: «Бобоҷон Ғафуров (1909-1977) таърихнигори бузурги кишвари дӯст – Тоҷикистон аст. Китоби арзишманди ӯ «Тоҷикон» дар соли 1363 бо заҳмати фаровони Ҷалолиддин Сиддиқӣ ва Равшан Раҳмон аз хатти сирилик ба порсӣ дар Кобул баргардон шуд. Аммо ин аввалин баргардони порсии китоби «Тоҷикон» набуд. Ин китоб дар Тоҷикистон ва Эрон низ баргардон шудааст. Мутаассифона, баргардонҳои пеш аз Ҷалолиддин Сиддиқӣ ҳеч вақт ба таври густарда дар бозори китоб пахш ва тавзеҳ нашуданд. Баргардони Ҷалолиддин Сиддиқӣ ва Равшан Раҳмон ҳам аз китоби «Тоҷикон» зиёд густарда набудааст. Ин тарҷума низ дар Кобул андак буда ва дар ҳоли ҳозир ҳеч як аз нусхаҳои тарҷумашуда аз китоби «Тоҷикон» дар китобфурӯшиҳои Кобул ёфт намешавад. Афзун бар ин, нусхаи баргардони Ҷалолиддин Сиддиқӣ ва Равшан Раҳмон, ки тавассути депортаменти улуми иҷтимоии Донишгоҳи Кобул чоп шудааст, бисёр тира ва заиф аст. Баъзе аз қисматҳои китобро ба мушкил метавон хонд ва донист. Ба ин манзур китоби «Тоҷикон» (баргардони Ҷалолиддин Сиддиқӣ ва Равшан Раҳмон)-ро дубора ҳуруфчинӣ ва вироиш кардем, ки инак барои нахустин бор тавассути интишороти муҳтарами «Амирӣ» дар Кобул чоп мешавад. Ин чоп аз рӯи нахустин нусхаи тарҷумаи Ҷалолиддин Сиддиқӣ ва Равшан Раҳмон ҳуруфчинӣ шудааст. Баъд аз тойп ва муқоиса кардани матни тойпшуда бо нусхаи китоб, бо нусхаи дувумӣ аз ҳамон чоп низ муқоиса шудааст. Баъзе исмҳо ва калимоте, ки саҳеҳ буданашон дар нусхаи чопи Кобул машкук ба назар мерасид, бо нусхаи чопи Тоҷикистон муқоиса шудааст. Дар кори ҷадид рӯйи китоби «Тоҷикон» ҳеч тағйире дар муҳтавои китоб, сабки навишт, тарҷума ва гунаи манбаърасонӣ оварда нашуда. Фақат иштибоҳоти имлоӣ ва иншоӣ тасҳеҳ шуданд ва ҷоҳое, ки тағйирот овардем ё изофа шуда, миёни қуллоб (қавсҳо) оварда шуданд. Тарҷумаи Ҷалолиддин Сиддиқӣ ва Равшан Раҳмон аз китоби «Тоҷикон» бидуни феҳрасти алоим буд. Феҳрасти алоим дар чопи ҷадид афзуда шудааст» (с. 5).
Ин буд, ки меҳри манро нисбат ба омӯзишу пажуҳиши фарҳанги гуфторию суннати забону фарҳанги миллатам китоби «Тоҷикон» бештару нерумандтар карда аст. Ба ин пайвастагӣ камина ҳар замон ба омӯхтани сарчашмаҳои таърихӣ, бостоншиносӣ, фарҳанги ниёгони хеш ба ин китоби камназир муроҷиат менамоям.
Равшан Раҳмонӣ