Низом Қосим. Ҳарфи Камол

Ба ёди Камол Айнӣ

Дидем дар рухи ӯ айни ҷамоли Айнӣ,

Сӯи камоли айнӣ боланда боли Айнӣ.

Ҷони шарифи Айнӣ бар айни хеш кӯчид,

Реҳлат накарда Айнӣ бо иртиҳоли Айнӣ.

Аз чун хазина ёдаш, аз ҷустани зиёдаш

Пайдо намуд посух чандин саволи Айнӣ.

Аз сангсор афрохт ӯ ҳайкали Ҳилолӣ,

Рахшанда бадр гардид охир ҳилоли Айнӣ.

Айнитабор мегуфт ҳар тоҷики амалро,

Олӣ хитоби ӯ буд:

«Олист оли Айнӣ!

Аз як ҷаҳон Бухоро ғун кард ҷумла моро,

Бин, то куҷо фузун шуд омолу моли Айнӣ!»

Бозору Лоиқ аз ӯ «Айнинасаб» лақаб ёфт,

Мегуфт:

«Бод афзун шоир мисоли Айнӣ!»

Айнии айни халқаш пардохт дайни халқаш,

Зад ҷӯш байни халқаш айни зулоли Айнӣ!

Заҳматқарини айнӣ буду дароз мекард

Умри азизи худро бо ин хисоли Айнӣ.

Аз ҷилди хобу хур ҳам мерафт гоҳ берун,

Бошад таҳи сари мо то ҷилди фоли Айнӣ.

Ҳарфи камоли Айнӣ як умр метавон гуфт,

Ин мухтасар мушаххас шуд бар Камоли Айнӣ.

 

Дигар хабарҳо