САФАР СУЛТОН
СУЛТОН САФАР 13 марти соли 1935 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ва Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М. С. Шепкини Маскавро хатм кардааст (1958). Солҳои 1958-1965 актёри Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, инспектори калони Раёсати санъати Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон, сармуҳаррири шуъбаи адабӣ ва мусиқии Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, муҳаррири калони Коллегияи репертуарҳои Вазорати маданияти Тоҷикистон будааст. Пас аз таҳсил дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ КПСС (1965-1968) дар вазифаҳои сардори Раёсати санъати Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон, мудири сектори шуъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон, директори Киностудияи «Тоҷикфилм» ва проректори Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор кардааст. Аз соли 1980 ҷонишини якуми Вазири маданияти РСС Тоҷикистон, баъдан устоди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор (1990) будааст.
Пйесаҳои аввалинаш «хаткашон» (1957), «Ҳайдари якрав», «Каромат», «Беморбинӣ», «Ду рафиқ» (1960), «Роҳи сафед», «Садоқат» (1961) ва «Муфаттиш» (1962) ном дошта, драмаи «Субҳи Хуҷанд» (1964) аз воқеаҳои инқилоби Хуҷанд (1916) ҳикоят мекунад. Драмаҳои «Қарзи виҷдон» (1965), «Беватан» (1971), «Қасос», «Барои Ватан» (1973), «Абадзинда» (1975), «Муҳаббат ва адоват» (1976) ва ғ. масъалаҳои тарбияи ватандӯстии насли наврасро дар бар мегиранд.
Пйесаҳои «Гирдоб» (1973), «Уқоб» (1974), «Одамият» (1976), «Бақои умр» (1979), «Алафҳои бегона» (1983) проблемаҳои ҳалталаби зиндагии ҳамзамононро мавриди баҳсу андеша қарор додаанд. Чанде аз осори драматургии Султон Сафар дар театрҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ба саҳна гузошта шудаанд.
Муаллифи маҷмӯаҳои драматургии «Гирдоб» (1973), «Шарораи Хуҷанд» (1981), «Бақои умр» (1984), асари илмии «Конфликт ва характер» (1971) мебошад.
Бо медалҳо ва Ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Аз соли 1962 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
15 сентябри соли 2008 бо ҷаҳон падруд гуфт.