Меҳмони хонаи дилҳо
Устод Меҳмон Бахтӣ тавре зист ва тавре кору фаъолият кард, ки номи некаш ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш намешвад. Эҷодиёти бою рангинаш, хислатҳои басо накуи инсонияш, ҳазлу зарофатҳои намакинаш, қиссаҳои аҷибу шавқангези рӯзгораш ҳамвора мавзуи суҳбатҳои аҳли дил, аҳли эҷоду ҳунар мебошанд. Ба ин маънӣ Меҳмон Бахтӣ ҳамеша меҳмони хонаи дилҳои огоҳ буду ҳаст…
Нахустин шиносоии ман бо устод дар доираи ҳамкориҳои эҷодиам бо телеви- зиони тоҷик солҳои 70-уми асри гузашта сурат гирифта буд. Меҳмон Бахтӣ барои рушди телевизион, барои арзишҳои баланди бадеиву ғоявии намоишҳои он, хосса барои боз ҳам рангинтару ҷолибтар таҳия гаштани барномаҳои адабию драмавӣ, барои боз ҳам қавитар гаштани ҷанбаҳои тарбиявию ахлоқии намоишҳо, баҳри ғановати маънавии ҷомеаи мо ҳамчун муаллиф ва муҳаррири барномаҳо хизматҳои пурарзише кардааст. Бисёр барномаву намоишҳои адабию драмавии телевизион ба мисли «Беғараз панд», «Чойхонаи дилкушо», «Клуби дугонаҳо», «Маҳфили адибон» ва ғайра бо ташаббуси устод Меҳмон Бахтӣ мураттабу таҳия гашта, миёни тамошогарони ойинаи нилгун басо маъруфу машҳур шуда буданд.
Меҳмон Бахтӣ ва ҳамсолону ҳамсабақони ӯ аз зумраи Лоиқ Шералӣ, Сорбон, Урун Кӯҳзод, Гулназар, Кароматулло Мирзоев… аз насли пурмаҳсулу навовари адабиёти навини мо маҳсуб мешаванд, ки нақди адабӣ ба эҷодиёти эшон баҳои сазовор додаву таҳқиқу пажуҳишҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Дар миёни ҳамнаслони худ устод Меҳмон Бахтӣ бо хислатҳои наҷиби инсонии хеш, бо шӯхиву зарофатҳои нозуку ширинаш, бо хоксориву самимияташ, бо меҳру шафқаташ фарқи хосса дошт, ки аз қиссаҳои аҷиби рӯзгораш сарчашма гирифтаанд.
Баҳори соли 2001 ҷашни 60-солагии устод Меҳмон Бахтӣ дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ хеле бошукуҳу хотирмон баргузор гардид. Банда, ки барандаи он маҳфили зебои адабиву ҳунарӣ будам, барномаи аз ҷониби масъулини Вазорати фарҳанг навиштаро канор гузоштаму маҳфилро бо ин шоҳбайти Хоҷа Ҳофиз ҳусни оғоз бахшидам:
Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,
Карам намову фуруд о, ки хона хонаи туст.
Аз он ки ин шоҳбайти Лисонулғайбро аҳли толор бо хушиву кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гирифтанд, худи соҳибҷашн низ хеле қаноатманду хушҳол гардид. Дар мавридҳои дигар устод таъкид ва таъйид менамуд, ки вожаи «карам»-ро бо «каду» иваз намоем.
Дар маҳфили нурониву пурмеҳр банда борҳо бо эҳтиром аз «лутфу карами» дӯстон, хислатҳои «карампешагии» соҳибҷашн ва «лутфи шумову карами мо» барин маъниҳо зиёд истифода мекардам, ки 99,9 фоизи иштирокдо- рони маҳфилро масруру болидаруҳ мегардонд.
Танҳо бародари соҳибҷашн профессор Холназар Муҳаббатов аз толор бо ишораҳои «хатаромез» ба банда таҳдид менамуд, ки аз истифодаи вожаи зебову шоиронаи «карам» худдорӣ намоям. Он лаҳзаҳо ӯ фаромӯш мекард, ки вожаи «карам» мафҳум ва ҷуғрофиёи хеле густурдаро дорост.
Хонуми соҳибчашн духти зебои Самарқанди бостонӣ Зебунисобону (Худо раҳматаш кунад), ки дар қатори аввали толор менишаст, ҳама лутфу зарофатро нисбат ба ҳамсари меҳрубону шуҳратёри хеш бо хандаву хушҳолӣ истиқбол мегирифт. Дар авҷи барнома аз толор ба дасти ман хатчае расид, ки дар он навишта шуда буд: «Аҳли ин хонадон — хонадони Муҳаббатовҳо ғайр аз «карам» боз аз «ғалбер» ҳам қимобанд. Хоҳишмандем ин нуктаро низ дар радифи «карам» зикр намоед».
Дар ин ҳангом тибқи барнома шоиру дромнависи маъруф Сафармуҳаммад Айюбиро ба саҳна даъват кардам. Айюбии хушзавқу хушилҳом, ки бо як «фурти чой» (таъбири худаш) шеъру ғазал менавишт, зимни шодбошу табрикоти ҳамқалами хеш бо қироати манзумае тамоми хислату унвону номгӯи китобҳову корҳои баанҷомрасонидаи соҳибҷашнро зикр намуд, ки аҳли толор онро хеле хуш пазируфтанд. Банда низ зимни сипосгузорӣ аз С. Айюбӣ махсус қайд кардам, ки устод С. Айюбӣ тамоми рӯзгору фаъолияти эҷодии соҳибҷашни азизи моро дар ин манзумаи худ гӯё аз «ғалбер» гузаронидаанд.
Бо шунидани вожаи «ғалбер» соҳибҷашн низ аз ҷой хеста, нидо баровард, ки «Инашро боз кӣ гуфт?!» Холназар Муҳаббатов дар толор ба шӯр омада, бо таҳдид ишораҳои «хатарноки» худро хатарангезтар ифода мекард…
Ҷашни 60-солагии устод Меҳмон Бахтӣ ҷашни волои гиромидошти фарҳангу адаб, ҷашни меҳру ихлос, ҷашни воқеии қадршиносиву эҳтиром ба хидматҳои шоиставу истеъдоду ҳунар буд, ки барои насли наврасу ҷавонони мо беҳтарин сабақи ифтихору худшиносӣ, ватандӯстиву садоқат ба арзишҳои муқаддаси миллӣ гардид.
Бо гузашти айём, бо омӯхтану андӯхтани таҷрибаи рӯзгор устод Меҳмон Бахтӣ солортару хирадмандтар гашта, шӯхиву зарофатҳои ӯ мисли панду ҳикмати зиндагӣ овезаи гӯшу ҳушҳо мегардиданд. Устод бо пажуҳишу таҳқиқоти амиқ илман собит намуд, ки: «Равшанӣ аз торикӣ равшантар аст»…
Перомуни ин «кашфиёти ҳакимона» миёни адибону олимони тоҷик оташи баҳсу андешаҳои зиёде доман густурда, дар натиҷа саҳифаи «Мушфиқӣ»-и ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» он замон борҳо мавриди ҷусторҳои шадиди илмӣ қарор гирифта буд. Билохира воқеаву таҳаввулоти охири қарни ХХ паҳлуи дигари ин «ҳикмат»-ро низ ба субут расонид, ки: «Торикӣ аз равшанӣ ториктар аст»…
Зарофату андарзномаҳои устод Меҳмон Бахтӣ миёни аҳли адаб бисёр маъруфу машҳуранд.
Аз андарзҳои устод Меҳмон Бахтӣ:
«Агар кас ҳангоми борон чатр надошта бошад, тар мешавад».
«Агар ғизо нахӯред, гурусна мемонед».
«Агар мард зан нагирад, муҷаррад мемонад»…
Вақте ки мо, ҳамсуҳбатон, аз андарзу хулосаҳои илмӣ-таҳқиқотии устод ба «ҳайрат» мемондем, ӯ бо ифтихор иброз медошт, ки «Охир, мо маълумоти олӣ дорем!» Ҳамин тавр, «Сардори синф» будани устод дар ҳар маврид собит мегардид.
Замоне ошхонаи «Иттифоқи нависандагон» бо ғизоҳои лазизу ошпазҳои чирадасташ дар маркази шаҳр хеле машҳур гашта буд. Аз гирду атроф (кормандони Кумитаи марказиву бонкҳо, кормандони Мағозаи марказӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳо) муштариён ба ин ошхона ғизохӯрӣ меомаданд.
Боре устод Меҳмон Бахтӣ бо таъйид ва таъкид андарзи муҳиммеро ба эшон ироа карда буд. «Шумоён, ки мошин доред, ин панди маро ҳамеша дар хотир дошта бошед: — Ҳаргиз мошинҳои худро бе бензин ҳай накунед».
Гардиши замона дурустии пандномаҳои устод Меҳмон Бахтиро борҳо собит кардааст…
Вақте ки устод сарварии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба зимма дошт, банда пешниҳод кардам, ки дар болои дари қабулгоҳаш ҳамон шоҳбайти Хоҷа Ҳофиз дарҷ гардад:
Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,
Карам намову фуруд о, ки хона, хонаи туст.
Устодро ин пешниҳод бисёр хуш омад, вале пешниҳод намуд, ки ба ҷои «карам» вожаи «каду»-ро ҷо кунем, бисёр аҷоибтару шавқангезтар хоҳад шуд…
Чанд соле, ман дар Горди миллӣ ба ҳайси мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ-сиёсӣ фаъолият доштам. Бо дастури фармондеҳи вақти Горди миллӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ гурӯҳе созмон дода будем, ки бо сарбозону афсарони қисму воҳидҳо вохӯриҳо гузаронида, суҳбатҳо меоростем. Муддате ба гурӯҳи таблиғотии мо устод Меҳмон Бахтӣ низ ворид шуда буд. Дар суҳбату вохӯриҳо ҳазлу шӯхиҳо ва андарзномаҳои устод боиси хушҳоливу сарфарозиҳои ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ мегардид. Устод Меҳмон Бахтӣ аз даврони ҷавониҳои худ ва хидмати ҳарбияш дар Артиши Шуравӣ қиссаҳои ҷолиберо ёдовар шуда, сарбозону афсаронро ба худшиносиву ифтихори миллӣ, диловарию ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳову муқаддасоти ватану миллат даъват менамуд.
Боре дар як зиёфати низомӣ бо «хоҳиш»-у дахолати банда ва дастури қумандони қисми ҳарбӣ ба назди устод як дона карами тару тоза ва хӯришҳои намакини аз карам тайёршударо оварда гузоштанд. Устод Меҳмон Бахтӣ бо як тамкину худдории хос эрод гирифт, ки «ин амал ва ин навъи сабзавот метавонад ба неруву иқтидори Артиш ва руҳияи ҷангии сарбозону афсарон халал эҷод намояд, аз ин рӯ, кишту кор ва парвари- ши дигар намуди сабзавот, хосса кадуро бояд афзоиш дод…».
Ҳамин тавр, шахсияти устод Меҳмон Бахтӣ, зарофату суҳбатҳои ширинаш, лаҳну гуфтори басо нарму пурмеҳраш, хоксориву инсондӯстияш, дили поку бекинааш, чеҳраи зебову хандаҳои беғашаш ҳусни маҳфилҳо, зеби базму шабнишиниҳои шоиронаву ошиқона буданд.
Устод Меҳмон Бахтӣ саропо марди фарҳангӣ буд. Барои рушди фарҳангу ҳунар, ҳамчун дромнавис ва адаби хушзавқ хидматҳои шоёне кардааст. Солҳои мадид (1973-1977) чун мудири бахши адабииТеатри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ баҳри пешрафти фаъолияти эҷодии ин боргоҳи ҳунар заҳматҳои пурарзиш кашидаст.
Намоишномаҳои навиштааш бо арзишҳои баланди бадеӣ дар саҳнаи театри Лоҳутӣ ва дигар театрҳои кишвар, ҳамчунин дар саҳнаи бисёр театрҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таҳия ва мавриди тамошову баҳрабар- дории ҳаводорони санъати зебои театрӣ гардидаанд.
Банда солҳои донишҷӯиям дар намоиши «Эҳ, ҷавонӣ ҷавонӣ» нақши директори мактаб Саидов ва дар саҳнаи театри Лоҳутӣ дар намоиши «Нангбардори Хуҷанд» нақши Шоҳзода Ҷалолиддинро бозида, аз лутфу карами устод Меҳмон Бахтӣ бархурдор гаштаам. Намоишҳои дигар, ӯ аз зумраи «Лаҳзаи ҷовид», «Роҳзан ва кӯзагар», «Суханони соядор» солҳои дароз ҳусни барномаи эҷодии театри Лоҳутӣ буданд.
Соли 1999 дар доираи таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён таҳияи намоиши «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»- и устод дар саҳнаи театри ба номи А. Лоҳутӣ воқеаи бузурге дар ҳаёти фарҳангии кишвар маҳсуб гардид.
Робитаи дӯстонаву эҷодкоронаи устод Меҳмон Бахтӣ бо аҳли ҳунари театр то лаҳзаҳои вопасини умраш идома дошт…
Солҳои охир ҳарчанд ранҷи беморӣ мекашид, ҳеҷ гоҳ зиндадиливу шӯх- табиатиаш, зиндагидӯстдориву меҳру ихлосаш ба ҳаёт, ба арзишҳои волои инсонӣ заррае коста нагардида буд. Ҳамеша бар он буд, ки миёни одамон меҳру муҳаббат, эҳтирому шафқат, дӯстиву рафоқат, ва шӯхиву зарофат пойдору пирӯз бошад. Худи устод барои сулҳу ваҳдати Тоҷикистон, барои ҳамдигарфаҳмию тантанаи ақли солим дар солҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хидматҳои арзандае карда буд. Ҳамеша муроду маромаш ободиву осудагии диёр, хушбахтиву сарбаландии миллат, ҷойгоҳу мақоми баланди фарҳангу адаб буд. Мехост бо меҳру эътиқод, бо фараҳу шодӣ, бо шӯхиву лаҳни хуш, бо пиндору гуфтори нек меҳмони хонаи дилҳо бошад… Орзу дошт, ки ҷашни 80-солагии умри пурборашро бо як маҳфили зебову хотирмон, ба хотири болидаруҳиву фараҳмандии ҳаводорону мухлисонаш, ба хотири тантанаи меҳру муҳаббат бошукӯҳ таҷлил намояд. Аз ман бо эҳтирому самимияти хоса хоҳиш намуда буд, ки барои ин амри хайр ҳамчун барандаи барнома омода бошам. Сад ҳайфу дареғ, ки ин ормон бо реҳлати ҷигарсӯзи устоди зиндадилу зинданом ба синаи хок рафт. Хуш ба ҳоли устод Меҳмон Бахтӣ, ки аз худ номи нек, хотираҳои басо ширину гуворо ба мерос гузошт.
Намурд он касе, к-аз ҷаҳон ном бурд,
Ки марди накуном ҳаргиз намурд.
Ортиқ Қодир