Адибон ва ситоиши бинокорон

 Адибон ва ситоиши бинокорон

Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи “Инъикоси бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ, публитсистӣ дар бораи заҳмати созандагони иншооти бузурги аср” мизи мудаввар баргузор гардид.

Раиси Иттифоқи нависандагон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом ҚОСИМ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, чунин гуфт:

– Инъикоси ҷараёни бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун ҳамеша барои адибон кори муҳим маҳсуб мегардад ва то ин замон аллакай се роман, даҳҳо қиссаи мустанад, шеъру манзума, ҳикояву очерк, мақолаҳо ба табъидаанд. Лоиҳаи НБО-и Роғун ҳанӯз соли 1931 аз ҷониби мутахассисони шуравӣ тарҳрезӣ шудааст. Инвз маеъ аввал Сарқамиш ном доштааст, баъд Сичароғ, Майдон, Роғун ном гирифт. Соли 2010 бо даъвати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди НБО-и Роғун ҳадафу ғояи миллӣ эълом гашта, бунёди сохтмон таҷдид ёфт. Сарвари давлат ба неруи сухан, ба сухани созандаи адиб эътимод доранд. Дар ҷараёни мулоқот бо коргарону муҳандисони НБО Роғун дар баробари мутасаддиёни сохтмон ба Раиси Иттифоқи нависандагон низ дастуру супоришҳо доданд. Мо бояд ба ин бовар сазовор шавем. Бинобар ин, ба суҳбати имрӯза адибони пуртаҷриба, намояндагони сохтмони НБО-и Роғун,

Дар гузориши бахши очерк в публиситике ИНТ дар хусуси корҳои то ин замон анҷомдодаи адибон сухан плот:

– Мавзуи муҳимми рӯз — инъикоси бунёди сохтмонҳои азими аср мебошад, Неругоҳи барқи обии Роғун, кори сарҷамъонаи мардуми тоҷик ҳамеша дар маркази диққати адибону публитсистони тоҷик буда, аксари қаламкашон очерку мақола, ҳикояву шеъру манзумаҳо навиштаанд. Аз ҷумла, асарҳои зерини публистсистӣ нашр шудаанд: Бахтиёр Муртазо — силсилаи очерку мақолаҳо ва роман, ки як қисми он дар маҷмуаи «Хӯшаҳо аз киштаҳо» нашр шудааст, Шералӣ Мӯсо — «Достони Роғун» , Раҷабалӣ Аҳмадзода — «Руҳи матин» (2014) , «Манзили меҳр» (2014), «Роғун — кафолати зиндагии шоиста» (2016), «Дурдонаҳои диёри нурафшон» (2021), Қиёмиддин Абдуллозода – «Хоки покат тӯтиё созам, Ватан!» (2012), Мираҳмад Амиршоҳӣ – силсилаи роману қиссаҳо, Ҳанифаи Муҳаммадохир – «Роҳ ба сӯйи нур», «Аз Сангтӯда то Роғун» (2012), Садриддин Ҳасанзода – «Роғун: баҳс ва воқеият».

Нашрияҳои Иттифоқи нависандагон пайваста дар ин мавзуъ асарҳо нашр мекунанд. Аз ҷумла, дар маҷаллаи «Садои Шарқ» очерки Бахтиёр Муртазо «Садди Оби Шӯр» (2016), Бахтиёр Муртазо, Саидқули Қурбон «Роҳи нурафшон» (2014), «Оташи қалби инсон» (2015), Шералӣ Мӯсо «Пайки сабз» ( 2015), Мираҳмад Амиршоҳӣ «Роҳи нур» (№ 10, 2012) ва ғайра. Маҷаллаи адабии русии «Помир» ҳам силсилаи мақолаҳо чоп кардааст.

 Дар нашрияи «Адабиёт ва санъат» пайваста очерку мақола, шеъру манзумаҳо дар мавзуи сохтмони НБО-и Роғун чоп мешаванд. Аз ҷумла, як шумораи моҳи июл пурра ба ин мавзуъ бахшида шудааст. Албатта, сатҳ, услуб ва салиқаи асарҳо гуногун аст. Дар осори Нависандагони халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мӯсо симои аҳли заҳмат бо ибрози мушкилоти табиӣ ва ҷараёни кори сохтмон хуб ва ҳадафнок инъикос ёфтааст.

Дар аксари мақолаҳо гузоришнависӣ аз таърихи бунёди НБО, фаъолияти густардаи ширкатҳо (Бахтиёр Муртазо, Саидқули Қурбон «Роҳи нурафшон»), таърихномаи шахсони алоҳида (дар осори Раҷабалӣ Аҳмадзода), зикри мушкилоти то соли 2016 ва масоили поёноб ва ғайра баррасӣ шудааст. Дар ин асарҳо ҳолатҳои бунёди сохтмон ва то андозае симои коргарону муҳандисон, сарварони сохтмон тасвир ёфтааст.

Дар ин давра тақрибан дар ҳама нашрияҳои ҷумҳурӣ мақолаҳои адибону журналистони шинохта нашр гардида, зарурати сохтмон таъкид шудааст. Вале муаллифони аксари ин мақолаҳо бо ҷараёни кори НБО-и Роғун бевосита шинос советдаанд ва бо овардани факту рақамҳои истеҳсолӣ қонеъ гашта, бо ин вазифаи худро анҷом додаанд. Ҳадафи онҳо огоҳ кардани ҷомеа аз зарурати бунёди неругоҳ ва пешгирӣ кардани монеаҳои кохи нур буд.

Вале ин ҳама ҳоло қонеъкунанда набуда, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо коргарони НБО-и Роғун таъкид намудаанд, бояд меҳнати фидокоронаи бунёдкорон, симои халқ дар адабиёт ина ҳунаръикос гардад. Яъне давраи нави инъикоси ҷараёни сохтмон, ифшои чеҳраи халқ фаро расидааст. Роҳбариати Ҳукуматамон пешниҳод менамояд, ки адибони ҷавон дар сохтмон ширкат намуда, мисли Муҳиддин Хоҷазод ва Юсуфҷон Акопиров дар бораи НБО-и Норак асарҳои мондагор нависанд.

Мавриди зикр аст, ки чунин таҷриба дар НБО-и Роғун ҳаст. Дар замони Шуравӣ аз ҷумла, адиб ва журналист Самад Ҳасанзода чанд сол дар Роғун кор кард. Вале пас аз қатъи сохтмон дар охири солҳои 80-ум, ин шахс нопадид гашт ва аз кори кардааш иттилое надорем. Адиби дигар, ки беш аз даҳ соли охир дар Роғун кору фаъолият мекунад, Мираҳмад Амиршоҳӣ буда, силсилаи очерку мақолаҳо, китобҳои алоҳидааш ба чопоп расида.

Албатта, барои адиби қобилиятнок ва мушоҳидакор дар мавзеи амалиёт зиста, бо мардум ва табиати кори неругоҳ шинос шудан боиси пайдо гаштани асарҳои аҷиб мегардад.

Ҳадафи маҳфили имрӯза омӯзиши ин ҳолат ва дарёфти роҳҳои беҳтарини инъикоси мавзуъ, усулҳо ва сабки ҷо- либ барои инъикоси симои халқ, образи бунёдкорони кохи нур дар адабиёт аст. Дар ин маврид фикру андеша ва тавсияи устодони соҳа аҳаммияти калон дорад.

 Бахтиёр ҲАМДАМОВ, сардабири нашрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар суханронии худ аз хусуси сатҳу сифати маводи адабии омодашаванда чунин гуфт:

– Мавзуи НБО-и Роғун ҳамеша дар маркизи таваҷҷуҳи нашарияи ҳизбии «Минбари халқ» қарор дорад ва пайваста пайгирӣ вад. Мавриди зикр аст, ки ду ади- би сермаҳсул, Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо ва Корманди шоистаи Тоҷикистон Раҷабалӣ Аҳмадзода намояндагони ҲХДТ дар НБО-и Роғун буда, асарҳои хубе висменанд. Осори Нависандаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Мӯсо низ дар сатҳи замон иншо гардидаанд. Вале бисёр вақт маводе пешниҳод мегардад, ки сатҳӣ буда, муаллифон аз кору фаъолиати ин сохтмони бузург маълумоте надоранд, мақолаҳо бештар хусусияти шиорпартоӣ гирифтаанд. Чунин маводро хонанда қабул намекунад. Сохтмон масъулиати азим дорад, аз лиҳози иншооти муҳандисӣ нодир аст. Мисол, Бахтиёр Муртазо барои ифшои симои як ронандаи мошини пурбори сохтмон чанд муддат дар ин мошин дар бари ронанда нишаста, сафар мекунад. Бинобар ин, асараш нишонрас аст. Аз ҷониби худ пешниҳод дорем, ки ҳамкории адибон бо нашрияи «Минбари халқ» бештар гардад. Вазифаи мо майдони интишорот додан аст. Ҳамчунин, заминаҳои молиявии дастгирии нависандагонро дидан лозим. Бинобар ин, хуб мебуд хароҷоти сафари онҳо пардохт гарнд, грантҳои махсус ҷудо шаванд, ки адибон тавонанд вақти бештар масраф намуда, асарҳои ҷиддӣ нависанд.

Мираҳмад Амиршоҳӣ аз ҷумлаи адибонест, ки солҳои зиёд бевосита дар НБО-и Роғун кор кард, барномаҳои телевизионӣ омода кард, очерку мақолаҳо менависад. Романи навбатии ӯ дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чанде пеш ба табъ расид. Зимни музокироти худ ӯ оид ба мавқеи сухану суханвар таъкид намуд:

– Адабиёт хусусиате дорад, ки бо як ҷузъиёт як олами маънавӣ сохта , масъаларо матраҳ месозад. Романи Юсуфҷон Акобиров «Норак» дар ин бобат назир надорад, симои тоҷиконро ба халқҳои дигар шинос карта, таъкид намуд, ки барқи обӣ асоси рушди ояндаи Тоҷикистон аст. Дар мавриди сохтмони неругоҳи Роғун саҳми бевоситаи шахсиятҳои алоҳидаро ба таври шоиста бояд зикр намуд. Сохтмони неругоҳи мазкур аз 87 маҷмааи бузург религиознорат аст ва омӯзиши зиёдро талаб мекунад. Мушоҳидаҳои мо аз ҷараёни сохтмон басе зиёд аст. Мебояд, ки ба асарҳои дар ин мавзуъ иншогашта таваҷҷуҳи бештар зоҳир гарданд, асарҳо дар ниҳодҳои гуногуни адабӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд, бо теъдоди зиёд нашр шуда, ба дасти хонанда расанд. Равшани МАХСУМЗОД, муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон:

– Имрӯз ҷиҳати сиёсии баҳсҳо оид ба бунёди НБО-и Роғун ҳаллу фасл шудааст. Мо, адибону рӯзноманигорон, дар доираи он баҳсҳо фаъол будем ва маводи зиёде навиштем. Вале баъд ин мавзуъ фаромӯш шуд, имрӯз, ки ҷараёни сохтмон авҷ гирифтааст, камтар менависем. Мо бояд набзи сохтмонро ба нашрияҳо кӯчонем. Дар кишвари мо мавзуи сохтмонҳои будазим ҳамеша мавриди назари адибон . Ҳанӯз солҳои 30-юм дар бораи сохтмони НБО-и Варзоб адибону журналистон маводи зиёд менавиштанд. В барои таърихи халқ, барои тарбияи насли нав хеле зарур аст.

Шералӣ МӮСО, Нависандаи халқии Тоҷикистон:

– Ҳанӯз дар ибтидо ба ин лоиҳа ризоият дода , таъкид намудаанд, ки НБО-и Роғун аз лиҳози муҳандисӣ ва меъморӣ беназир аст. Ин барои Ҳукумати Шуравӣ муҳим арзёбӣ мегашт.

Вале сохтмонҳои дигари азим дар ҷумҳурии мо (НБО-и Норак) ва саросари Иттиҳоди Шуравӣ, чун Роҳи оҳани Байкалу Амур, оғоз ёфтанд ва бунёди ин неругоҳ дертар, танҳо соли 1972 шуруъ шуд. Андак хомӯш будани адибон дар қазияи Роғун сабабҳои дигар дошт. Баъдан Бонки ҷаҳонӣ ба таҳқиқи масъала машғул гашт ва ба кори он дахолат кардани мо, адибон, салоҳ набуд. Имрӯз ҳеҷ мушкилие вобаста ба озодии сухани адибон дар миён нест. Алъон аз ҷараёни бунёди НБО-и Роғун инҷониб як силсила очерк ва китоби «Достони Роғун»-ро иншо ва нашр намудам. Мавриди зикр аст, ки ҳама китобҳоямро ман аз ҳисоби худам чоп кардаам. Ин кори гарон аст. Китобҳои Юсуфҷон Акобиров аз ҷониби нашрияҳои давлатӣ чоп шуд. Ба ӯ имкон доданд, ки чандин моҳ дар саробӯстони ҳукуматӣ нишаста нависад. В анъанаро давом додан лозим. Инчунин, заур аст, ки дар ин мавзуи муҳим чопи асарҳо бо теъдоди зиёд аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба роҳ монда шавад. Масъалаи дигар, даст намрасудани китобҳо ва ба хонанда расондани он аст. Чанде пеш маҷмуаи калоне дар бораи Роғун нашр шуд, ки қиссау очерк, ҳикоя, шеърҳоро дар бар мегирифт. Вале то ба дасти хонанда расидани он боз заҳмат кашидан лозим.

Рустам ВАҲҲОБЗОДА, сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ»:

– Нашрияи адабии мо ҳамеша ин мавзуъро пайгирӣ менамояд. Як бахши муҳимми маҷалла инъикоси масоили вобаста ба Роғун мебошад ва новобаста ба чорабиниҳои дигар авлавият дорад. Дар бораи мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла, ҳифзи муҳити зист, пайваста маводи мутахассисон ба табъ расонида мешавад. Соли 2019 шумораи 11 пурра ба НБО-и

Роғун бахшида шудааст. Ҳамчунон ба адибоне, ки ба ин сохтмони муҳим таваҷҷуҳ доранд, Бахтиёр Муртазо, Шералӣ Мӯсо, Мираҳмад Амиршоҳӣ, барои пешниҳоди асарҳояшон муроҷиат намудем. Дар шумораи № 9 маҷалла маводи мувофиқ ба чоп омода шудааст. Маҷалла тасмим гифт, ки дар ҳар шумора саҳифаи махсуси «Рӯзномаи Роғун» таъсис дода шавад. Барои иҷрои ин амали нек нависанда Мираҳмад Амиршоҳиро даъват намудем. Роғун як сохтмони неругоҳ гнездо, баробари он чанд паҳлуи дигар дорад. Барои пешгирии паёмадҳои вазнини замон, аз ҷумла, гармшавии иқлим, истифодаи «неруи сабз» хидмат мекунад, идомаи шоистаи ҳамкориҳои пешина аст. Дар собиқ кишварҳои пасошуравӣ чунин сохтмонҳои азим вуҷуд надоранд. Аз ҷумла, дар ҳамсоякиш мовари Қирғизистон хостанд сохтмони НБО-и Норинро давом диҳанд, вале бо вуҷуди имкониятҳои зиёд доштанашон ба ин муваффақ наш нашданд. НБО-и Роғун меҳвари пурмазмун ва гуногунмавзуъ мебошад. Дар баробари асарҳои адабӣ таҳияи кинороман низ лозим аст, ки шукуҳу шаҳомати сохтмонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа Раиси ИНТ Низом ҚОСИМ хотиррасон кард:

— Ҳама шуъбаҳо, роҳбарони Иттифоқи нависандагон омодаанд асарҳои навро дар мавзуи Роғун баррасӣ намоянд, баҳои сазовор диҳанд, барои беҳтар намудани онҳо бо маслиҳатҳои муфид мусоидат кунанд. Ба адибон зарур аст, ки набзи сохтмонро инъикос намоянд. Шарт нест, ки зуд роман навишта шавад. Корро аз жанрҳои хурд – ҳикоя, очерк, ҳатто аз як лавҳа оғоз кардан лозим аст. Адибон Муҳиддин Хоҷазод ва Юсуфҷон Акобиров низ пеш аз романашон даҳҳо очерку ҳикоя ба табъ расонда буданд. Мувофиқи пешниҳоди шахсони ба музокира баромада ҳаққи қалам, пардохти хароҷоти сафарро ба роҳ мондан лозим. Дар собиқ замони шуравӣ чунин таҷриба буд, ки ба як адиб ба муддати шаш моҳ маош медоданд, ки бо навиштани асари ҷиддӣ машғул шавад. Ин корро идома додан зарур аст. Мо, адибон, минбари серхонанда дорем: «Садои Шарқ» бо теъдоди 4 ҳазор нусха, «Адабиёт ва санъат» до 11000 нусха нашр мешаванд. Хонандаи онҳо ба маротиб зиёдтаранд.

Имрӯз сухани адиб аҳаммияти хос дорад, даври нави инъикоси бунёди НБО-и Роғун фаро расидааст. Адибон ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар менамоянд, чопи асарҳо дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” пайваста ба роҳ монда мешавад, ҳамкории адибон бо ниҳодҳои Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, студияи “Тоҷикфилм”, нашрияҳои дигар густардатар мегардад .

Ҷумъа ҚУДДУС

Дигар хабарҳо