• 05.02.2025

Дунёи сабзи Роғун (Порча аз асар)

Руҳи инсон дар корҳои ӯ таҷассум меёфтааст. Дар қиёфаи Раҳмон ҳолати оромиш ва эътимод ба худ намоён буд ва маълум буд, ки мафҳуми зиндагиро дарк намудаву озмуда шудааст. Аз суханонаш гармии қалбаш, софдилиаш, садоқату самимияташ эҳсос мешуд. Баногоҳ ӯ худ ба худ гуфт: «Понздаҳ рӯз монд!» Ба ҳасби одати собиқ ва бо андак ошуфтагӣ пурсидам: «Ба чӣ?» Вай бо садое, ки аз лаҳнаш осори хушҳолӣ ва хушбахтӣ ҳувайдо буд, гуфт: «Ба Наврӯзи оламафрӯз!» «Ҳо, ҳо! – гуфтам. – Бале! То Наврӯзи Аҷам понздаҳ рӯз монда. Расо як вахтаи коргарӣ». «Ва ин Наврӯз Наврӯзи одӣ нест, – гуфт ӯ. – Наврӯзи ҷаҳонӣ аст!»

Ман осуда шудам. Дар дилам эҳсоси гуворо падид омад. Зеро ман аллакай туҳфаи наврӯзии худро гирифта будам. Чашмони сардори УМР, марди миёнқади чусту чолок ва хушдилу фариштахӯ Давлатбек Қарчиев аз меҳр дурахшиданд. Ва бо табассуми бендоза ширин ва самимона ба ман гуфт: «Ҷойи бисёр таассуф мебуд, агар Раҳмон Сайдалиевро ба дасти фаромӯшӣ бидиҳем. Мо бояд ба қадри шахсони фидокор бирасем». Сипас ӯро чунин тавсиф намуд: «Дилаш хазинаи ганҷ асту истеъдодаш дарёи равон. Худи ӯ, кори ӯ муъҷиза аст. Хулоса, ӯ чун шеър аст!» Ӯ махсусан рӯи калимаи «шеър» бештар такя намуд. Диламро шодии ширине фаро гирифт. «Шер ё шеър?» «Ё ҳарду!» «Аз ростӣ?» «Бе муҳобот!» – хандид ӯ.

Бале, бале, ҳақ асту рост! Ӯ ҳам шер асту ҳам шеър. Давлатбек, рафиқтарин фарди беғубор низ чунин аст. Чунин суханонро танҳо диле гуфта метавонад, ки қолаби ӯро бо шири шеър шӯрида бошанд. Ва ҳамзамон суханони Камол Насрулло ба ёд меояд: «Шеъре, ки бе ҳадаф навишта мешавад, мисли тирест, ки ба сӯйи бесӯйӣ равона мешавад». Алҳол мо сӯи ҳадаф равонем. Пеш меравем, ба сӯе, ки аз он ҷо офтоб бояд тулуъ кунад, пойи пиёда, нарм-нарм гом бардошта. Мошини махсус ҷудо шуда, аммо ӯ рад мекунад. Гуфтаанд, ки аз бадон ҳазар, ба некон назар. Ӯ дар синни камолот, яъне чилсола аст. Чеҳраи гандумгунаш нуронӣ. Дар чашмони сиёҳаш шуълаи умед медурахшаду дар дилаш ҳисси накукорӣ ва муҳаббат. Вай Роғунро аз дилу ҷон дӯст медорад. Медонад, ки корҳои бузург зуд анҷом намеёбанд. Аз ин рӯ, такя ба сабру таҳаммул ва сидқу имон дорад. Ва ин ҳамаро неъмати воло медонад.

Зеро дар ҷое, ки сабру таҳаммул ва садоқату имон ҳаст, чирадастӣ низ ҳувайдост. Ақли ӯ аз таҷрибаи рӯзгор ғанӣ гардида ва аз нури ахлоқ мунаввар. Раҳмон дар бораи худ чизе намегуфт. Агар сухане мегуфт, танҳо аз нуру рӯшноӣ буд. Дар назар ӯ хеле камгап менамуд, воқеан ҳам чунин буд. Баногоҳ шамол овози Аҳмад Зоҳирро овард: «Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест, Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест…» Раҳмон оҳе кашид ва гуфт: «Зи ҳар як ҳарфаш шарар мехезад ва вуҷуди кас аз тозагулхан пур мешавад».

Лаҳзае қабл Раҳмон Сайдалиевро ба қалби кӯҳ гусел кардам. Ва ӯ бо ғайрату матонати тоза бо мавҷи азим бипайваст. Ва дигар имкони бо ин мавҷи азим рӯ ба рӯ шудан нест. Ва маро сабру тоқат мебояд. Дар ин ҷода шитоб маслиҳат нест. Шитоб хатар ҳам дорад. Аз ин рӯ, кӯҳи сабрро бар дӯш мегирам, то ки бар қуллаи орзу расам.

Кӯҳҳо ҳамеша рӯ ба рӯи моянд. Ба виқору салобат побарҷову сокитанд, аммо сад наво, сад ово дар ниҳодашон хуфта. Кӯҳҳо кулоҳи сафед ба сар доштанд. Ва пирамарди нурониро мемонданд. Шаб барфи лаклакӣ борид. Табиат либоси сап-сафед ба бар кард. Лекин ин шукуҳу шаҳомат дер идома наёфт. Аз нимарӯз сар карда борон ба рехтан оғозид. Сипас шиддат гирифт. Кӯлмакҳо ба ҷӯш омаданд. Дарё ба хурӯш омаду оҳанг дигар кард. Раҳмон нишоте ёфта, бонг зад: «Ваҳ, аҷаб неъмате!» Ва сипас ба ман рӯй оварда, бо табассум гуфт: «Мешунавед?!» Ман пурсидам: «Чиро?» «Садоро!» «Охир, ин ҷо садо беҳисоб, – гуфтам. – Кадомашро?» «Ман ҳоло танҳо ду садоро мешунавам, – бо лаҳни хушҳолӣ ҷавоб дод Раҳмон. – Садои борон ва дарёро». Сару по шӯр дошт. «Аз садои борон ва дарёи равон форамтар садое нест. Чашмро рӯшан ва асабҳоро ором месозад. Аз дидани оби равон ва шунидани садои он кас ҳаргиз монда намешавад».

Барҳақ, Тоҷикистон биҳишт аст. Дар як вақт ҳам тирамоҳу зимистон мешавад, ҳам баҳору тобистон. Пагоҳӣ радио хабар медиҳад, ки дар Бадахшон барф боридан дорад, дар Душанбе борон, ҳавои Шаҳритус тафсон аст.

Боз ба кӯҳ дида медӯзам. Сапедию софӣ ҳукм меронд. Ғуборе дар пардаи латифи чеҳрааш ба дид намехӯрд. Сафое дар қуллаи кӯҳ тантана дошт. «Дар қуллаи баланд агар барфи зиндагист, Дар қатрае, ки мечакад, ошарфи зиндагист».

– Ҳоло кадом ранг бароят аз ҳама дилкаштар аст?

Раҳмон бидуни андеша ҷавоб дод:

– Қуллаи барфпӯши кӯҳ. Раҳмон ин суханонро бо муҳаббати зиёд, самимӣ ба забон овард. Зеро як рӯзи шукуфарезии барф ба дунё омада. Аз ин рӯ барфро зиёд дӯст медорад. Овози модараш ба гӯшаш зангӯла зад: «Рӯзе, ки ту ба дунё омадӣ, ҳама ҷо сап-сафед буд. Барфи лаклакӣ меборид. Хешу табор бо шодӣ гуфтанд: «Қадами меҳмони нав нек аст, пеши роҳаш сафед».

Раҳмон чашм аз кӯҳ намеканд.

Чунон менигарист, ки гӯё дар дунё чизи дигаре вуҷуд надошт, ки бингарад. Нигоҳаш пурҳавасу пурумед ва ғайриодӣ буд. Дар зиндагӣ аз бисёр чизҳо барҳазар аст вай. Вале аз тамошои кӯҳ серӣ надорад.

Боз ба кӯҳ дида медӯзам. Сукуту тамкини ҷовидонаи он кӯҳнаварди роғунӣ Юра Яновичро ба ёд меорад. Ҳангоми хушбошӣ ӯ бо нигоҳаш қуллаи кӯҳро ишора карда, мегуфт:

– Ба он ҷо мешитобам. Ман бе кӯҳ наметавонам.

Ба қуллаи кӯҳ менигарам ва панди зерини устод Мирзо Турсунзода ба ёд меояд:

Ошён гар мегузорӣ дар  баландиҳо гузор,

Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор.

Аммо Раҳмон Сайдалиев дар қуллаи кӯҳ не, дар қалби кӯҳ ошён гузоштааст. Зеро ҷону ҷигари Роғун дар қалби ҳамин кӯҳ ҷой мегирад. Ва ханҷаршуоъи Роғун аз қалби ҳамин кӯҳ сар зада, бадҳоҳонро кӯру Шарқи бостонро мунаввар мекунад.

Модараш дар сари гаҳворааш чунин алла мегуфт: «Кӯҳ барин калон шавӣ». Аз баландию бузургии кӯҳ тамкин мегирифт. Ҳамвора бо кӯҳ роз мегуфт ва меомӯхт. Ҳарчӣ бештар баҳра мебардошт, фурӯтанӣ ниҳодашро фаро мегирифт. Аммо зиндагӣ росту ҳамвор набуд. Чун кӯҳ шебу фарозҳо дошт. Вале ӯ зиндагии худро бо салиқаву завқи худ месохт. Ҳама рангорангии ҷаҳонро аз бунаш менигарист. Алҳол ӯ дар қалби кӯҳ. Кӯҳ дар қалби кӯҳ. Аҷиб-а? Хеле аҷиб! Аз ӯ пурсидам, ки дар қалби танги кӯҳ чӣ ёфтӣ? Ганҷ? Не, аз ганҷ ҳам қиматтар. Чӣ будааст он? Кӯза! Кӯза? Андарунаш чӣ буд? Тилло? Не! Ҳа-а, ҷин. Ёфтам? Не! Болидарӯҳ буд ӯ. Кӯза холӣ буд? Не, пур. Таваллуди дигаре. Чашмаи ҷӯшони зиндагӣ. Ҷуръат ва ҷасорат. Паҳнои ҷавлони андеша. Муҳаббат ва самимият. Оре, ин ҳама суханбозӣ нест, ҳақ асту рост! Барои дарки он бояд арақи ҷабин рехт. Ва ӯ арақи ҷабинро дареғ намедорад. Чаро? Ҷаҳонашро мехоҳад аз нав бисозад. Ба завқу салиқаи хеш мутобиқ намояд. Кӯҳи рӯ ба рӯ дар оромишу сукути комил қомат афрохта. Аз зарбаи тешаи Фарҳод хамӯшии кӯҳ бишкаст. «Пешонии қулла таб баровард ».

***

Раҳмон касбашро бениҳоят дӯст медорад. Аз кораш дар Роғун ҳам басо розист. Бо як мамнунӣ иброз мекунад:

– Ман фахр мекунам, ки дар чунин як сохтмони бузурги аср заҳмат мекашам. Сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун барои ман мактаби сайқали маҳорату малака хоҳад шуд.

Раҳмон гӯё бо эҳёи табиат эҳё гардида буд. Нигоҳаш беолоиш, самимӣ ва пуртараҳҳум. Чашмонаш соф. Ба чунин одамон метавон эътимод дошт. Чун ҳамеша хоксор, хандонрӯ, зиндадил, чолок ва серҳаракат. Дар дил нашъаи ҷавониву ҷавонмардӣ, дар сар хаёлу ҳавои мардӣ. Ҳаётро бо ҳама нозукиҳояш дӯст медорад. Ва авроқи ҳаёташ басо рангин аст. Зеро зиндагиро хеле дӯст медорад.

Баҳор табиатро аҷаб ороставу пероста карда. Ҳама кӯҳ, ҳама атрофи деҳ сабз. Дарахтон маҳин- маҳин аз насими руҳафзо алвонҷ мехӯрданд. Ҳар бутта, ҳар дарахт садҳо роз ва ба ҳар оҳангу ранг овоз дошт. Бӯйи гулу гиёҳо димоғро муаттар месохт. Дар чеҳраи Раҳмон табассуми гарму моломол аз меҳру муҳаббат шукуфт. «Барҳақ таровати зиндагӣ дар зебоист». Баногоҳ «Худоё!» гуфту дар фикр фурӯ рафт: «Агар чашм набошад на тулуи офтоб вуҷуд дораду на ғуруби он». «Бинигар! – фарёд задам. – Садбарги сурх шукуфта!» «Чӣ хел зебост! – фарёд зад ӯ. – Садбарг, шоҳи гулҳо. Ин қадар сурх аст». «Чунки булбул бо хуни дили худ онро ранг додааст».

Шиораш ин мисраъҳои устод Лоҳутӣ аст: «Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст, Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест!»

– Шукри Худо, ки ба баҳор расидем. Падарам баҳорро беш аз ҳама интизор мешавад.

Бале, ба баҳор расиданро пиронсолон беш аз ҳама интизор мешаванд. Зеро ҳар қадар куҳансол шавӣ, ҳамон қадар зиндагӣ ширину гуворо менамояд. Мехоҳӣ, ки боз як солаки дигар зиндагӣ бикунӣ, тӯйи набераи хурдиатро бубинӣ. Чун сол пур мешавад, мехоҳӣ, ки акнун арӯсии абераатро ҳам бубинӣ. Зиндагӣ ҳамин аст. Вагарна чунин дилкашу гуворо намебуд.

Ҳоҷӣ Эмомалӣ дар деҳа одами куҳна ва табаррук аст. Ҳама хурду бузург ӯро дӯст медоранду эҳтиром мекунанд. Зеро ба аксари ҳамдеҳагон ҳаққи устодӣ дорад. Вай ҳамчун марди оқилу доно гули сари сабади маъракаҳо мебошад. Ягон маърака бе иштироки ӯ намегузарад. Вай марди орому заҳматкаш аст. Рӯзу шаб заҳмат мекашад. Ҳамеша ба фарзандон мегӯяд: «Бе азобу ранҷ – бе хуни ҷигар ганҷ ба даст нахоҳад омад».

Ба табиату ҷамъият меҳри якранг дорад. Худотарс буда, муъминро бародари муъмин дониста, солики роҳи душвори адлу инсоф аст. Гӯё вай ба дунё танҳо аз барои хидмат ба мардум омада бошад. Аз ин рӯ, ҳар як корашро аз сидқи дил ва ҳалолу покиза ба анҷом мерасонад. Албатта осон нест, сахт аст рӯзгор. Вале боре ҳам «Оҳ!» ва ё «Уф!» нагуфтааст. Вай аз ин фидокориаш подоше интизор набуд ва нест. Ягона чизе ки ӯ мехоҳад, ободии деҳа аст. Раҳмон ҳамеша аз падар фахр мекард. Кунун падар аз ӯ фахр дорад. «Ҳар гоҳ ки аз оинаи нилгун Роғунро мебинам, лаззати аҷибе мегирам. Хеле шодам, ки фарзандам дар сохтмони чунин иншооти бузург саҳм мегузорад. Лекин…» «Боз чаро «лекин» мегӯед, падар?» «Оё нури барқи Роғунро медида бошам?» «Иншоаллоҳ, мебинед, падар». «Кошкӣ, аз забонат гардам, писар».

Ҳеҷ коре бе мушкилӣ ба сомон намеояд. Бале, дар ҳама ҷабҳа истеъдод зарур аст. Ва истеъдод ҳамеша аз пайраҳаҳои мушкили зиндагӣ роҳ мепаймояд. Раҳмон 10 феврали соли 1963 дар участкаи Питовники ноҳияи Бохтар ба дунё омад. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1981 ба хизмати ватан даъват шуд. Хизматро дар вилояти Амур ба ҷо оварда, соли 1983 ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №13 дохил гардид. Онро бо ихтисоси ронанда-кранчӣ хатм намуда, ба автобазаи №2-и шаҳри Қурғонтепа роҳхат гирифт.

Вай орзу мекард мутахассиси хуб шавад, ба ватанаш хизмат кунад. Барои расидан ба нияташ тайёр буд ба ҳар гуна мушкилот тоб оварад. Лекин ба дасти Назар барин каси доно, инсони дилсӯз шогирд афтоданашро ҳеҷ тасаввур намекард. Ба назараш чунин одамон дар ҳаёт кам пайдо мешаванд. Воқеан ҳам устодаш пири назарногире буд, вале бофарҳангу равшандил ва дар ҳар кор ботадбир. Ҳамин устод буд, ки автобаза барои ӯ мактаби омӯзиш гардид. Пас аз се моҳ устод ба ӯ гуфт: «Канӣ, ба ин кран шин». «Бемалол…», «Ҳеҷ ҷои «малол» нест. – гуфт устод. – Ман ҷиддӣ мегӯям». «Э монед, устод, ҳоло барвақт!.. Каме устувор шавам… Дигарон, аз ман пештар омадагиҳо ҳастанд…» «Ӯҳӯ! Гапат аз қабили «Меҳмон, аз боло гузаред!» шуд-ку? Дигаронро боло гузаронда, худ дар пойгаҳ мемонӣ». Раҳмон мутаҳаййирона сар ҷунбонд, гӯё маъзарат мехоста бошад, гуфт: «Ин ҷиҳаташро фикр накардаам». «Ҳамеша фикр кардан лозим, – пандомӯз ибрози назар кард устод. – Кранчӣ мисгар не, заргар…»

Аҷиб будааст чархи зиндагӣ. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ҳодисаву воқеаҳои маълум ба вуқуъ омад, ки харобӣ ва наҳсият овард.

Инак Раҳмон тирамоҳи соли 2008 роҳ сӯи Роғун гирифт. Шоду мамнун буд. Ободии роҳ ба шоди-аш шодӣ зам намуд.

Аз Душанбе то ба Роғун зиёдтар аз як соат роҳ аст. Ин фосила низ мисли чилупанҷ соли умраш зуд сипарӣ гашт.

Ин иншоот, ки дар дар синаи талу теппа ва кӯҳҳо доман паҳн кардааст, ниҳоят зебову ҷаззобу дилкушост. Балки номаш низ зебост – Роғун!

Шаҳомати Роғун дили Раҳмонро боз ба туғён овард. Ва ӯ туғёни эҳсосотро таҳаммул карда натавонист: «Салому алайкум!» Ронандаи ҷавон лабханде заду гуфт: «Мо дар Душанбе салом-алейк кардем». «Ҳо, бале, – лаб ба посух кушод ӯ ва сӯи Роғун ишора карда, идома дод: – Ман ба Роғун салом додам». Ҷавон бо тааҷҷуб ба ӯ нигарист ва канда-канда гуфт: «Аҷиб… Мисле ки Роғун зинда бошад». «Барои ман Роғун зинда аст», – бо лаҳни ифтихор ҷавоб дод Раҳмон. Ҷавон ҳанӯз ҳам бо нобоварӣ ба ӯ менигарист. «Оҳ, оҳ, чӣ хел бӯи хуш меояд». Чунин бӯйро аз афташ ронанда эҳсос намекард, ки аз Раҳмон пурсид: «Чӣ хел бӯй?» «Бӯи техника».

Дарёи Вахш камоб, мушобеҳ ба тасмаи симоб. Техникаҳои пуриқтидор аз дур чун мӯр менамуданд. Ва монанди мӯри донакаш дар равуо буданд.

Баногоҳ чашми Раҳмон ба кран афтод. Дилаш гум зад. Ва аз фараҳ лабрез шуд. Оҳанрабо кашидагӣ барин, зуд сӯи он қадам партофт. Ҳар қадаре ки ба кран наздиктар мерасид, дили ӯ сахттар метапид. Нисфи роҳ тай шуд. Каме дигар монд… Хеле кам… Даҳ қадами дигар… Панҷ қадам… Ду қадами дигар…

«Крани паҳлавон. Биступанҷтона. Рақамаш 14».

Чанд лаҳза беҳаракат истод ва баъд бо эҳтиёт ба кран наздиктар шуд, гӯё интизор дошт, ки яке ба таври ғайри мунтазира мепурсад: «Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?» Дар ҳамин лаҳза садое ба гӯшаш расид. Як қад парида, қафо гашт. Дар рӯ ба рӯяш марде меистод. Қадбаланд буд ӯ, тану тӯши зебо дошт. «Гуфтам, ки хуш омадед, қадаматон рӯи чашм!» «Ташаккур!» Мард лаҳзае ба рӯи Раҳмон чашм дӯхт. «Шумо кранчӣ?» «Аз куҷо фаҳмидед?» Мард боз ҳам ба рӯяш чашм дӯхт, сипас саропояшро барандоз кард. «Аз нигоҳ ва рафторатон». Аз чӣ бошад, ки Раҳмон хурсанд шуд, ба лабаш табассум давид. «Ин кран аз шумо аст?» «Ҳо, бале, аз мост», – бо табассум посух дод мард. Қалбашро изтироб дар панҷааш фишурд. «О гӯрсӯхтаи бадкоре», – бо алам дар дил гуфт ӯ ва табассум дар лабаш ях баст. Ва худро афгору хаста эҳсос кард. Хомӯшӣ ба миён омад, хомӯшии роздор. Вале барои Раҳмон вазнин. Мард кунҷковона ба Раҳмон чашм дӯхт. Вай ба сукут рафтаву ҳарфе сахту танбеҳомез меҷуст. Саранҷом мард сукутро шикаст: «Хуш, чӣ хел?» Маънии суолашро дуруст нафаҳмида, гуфт: «Олиҷаноб». Мард хандида, пурсид: «Чияш олиҷаноб?» «Ҳамааш». «Хайр, кранро дидед, охир?» «Ҳа- а…» – ҷавоб дод ӯ ва бо оҳанги дигар идома дод: «– Оре… Дидам…»

…Дар авзои хеш тағйиротро бармало эҳсос намуд. Дилаш қувват гирифт, қоматаш рост шуд. Ба танаш мадору қуввати тоза ворид гашт. Худро хеле сабуку бардам ҳис кард. Гӯё қодир буд, ки бол барораду ба парвоз ояд.

– Тез ба назди сардори Раёсати корҳои механиконӣ Давлатбек Қарчиев бирав. Вай роҳбари собиқадор, оқилу доност. Хеле сахтгир, вале раҳмдилу хайрхоҳ аст. Умри азизи хешро сарфи ҳамин сохтмон кардааст. Туро бо як ишора хоҳад фаҳмид.

Гапи Саидамир Сияҳмардов рост баромад. Давлатбек ӯро ба зудӣ ва хеле хуб пазируфт. Бо чашмони шуълабор ба ҳарфҳояш гӯш дод ва гуфт: «Ин марҳамати Парвардигор мебошад, ки маро бо мардуми худобохабар рӯ ба рӯ мекунад». «Метавонам ба кор оғоз кунам?» – пурсид Раҳмон. «Метавонӣ, – ҷавоб дод Давлатбек. – Вале аввал ман бояд ба хости ту бирасам».

***

Он рӯз ҳаво серун буд. Аммо Раҳмон парвои онро надошт. Дилаш гарм буд. Вай лаб-лаби дарёи Вахш қадам мезад. Шамолаки сард мевазид ва сару рӯи Раҳмонро навозиш мекард. Вай ба дарё дида медӯзад. Дарё ба чашм табдил меёбад. Ва ӯ дар он дунёро мебинад. Ҳа, дунёи орзуву армонҳоро! Ва ӯ беш аз пеш дарк мекунад, ки Вахш дар тақдиру сарнавишти миллат чӣ мавқеи бузурге дорад. Зеро маҳз Вахш Тоҷикистонро ба истиқлолияти энергетикӣ мерасонад. Аз «навозиш»-и шамолак маҳин-маҳин ларзида, ба худ меояд. Ва хоби шаб дидаашро ба ёд меорад. Тирашаб буд. На нишоту на тараб. Вай дар лаби дарёи Вахш суруд мехонд:

Дӣ чӣ шаб буд, ки ранҷида нигорам омад,

Дар лаби обе,

Шаби маҳтобе.

Ӯ ҳамсари худ ва издивоҷашро ба ёд овард.

Тӯйи Раҳмону Гулчеҳра Ғиёсова соли 1984 баргузор гардид. Арӯсро волидайнаш интихоб карда буданд. Вай арӯсро шаби тӯй дид. Диду ба ӯ меҳр баст. Зебо буд: чашмҳои шаҳло, рӯи монанди шир сап-сафед дошт. Рӯхсорааш чун лолаи тар буд. Оташи меҳраш рӯз то рӯз дар дилаш фурӯзонтар мешуд. Ба ҳар ашёе, ки дар хона менигарист, акси ӯ дар чашмонаш ҷилвагар мешуд. Ва ӯ ба шавқ омада, суруди «Ошиқам, ошиқ ба рӯят»-ро замзама мекард. Рӯзе аз рӯзҳо Раҳмон ӯро садо кард: «Гулчеҳра! Арӯс!» Ин суханон ба мӯю рӯй ва дили арӯс меҳри оташин пошид. Рӯзҳо паи ҳам мегузаштанд. Охир, чӣ гӯем, ки «умр гар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст». Соҳиби чор фарзанд шуданд. Аммо Гулчеҳра барои Раҳмон ҳоло ҳам «Арӯс» аст.

«Лаҳзае аз ту ҷудоӣ хуш намеояд маро», – гоҳо бо ин мисраъ бо дили худ ба гуфтугӯ медарояд. Ҳоло дилаш гум зад, ба наво омад. Ва шаҳбози хаёл ӯро ба Роғун бурд. Вай ин шаҳрро дӯст медорад. Аз ҳар сангу хоки он ифтихор дорад. Охир, чӣ хел фахр накунад? Бунёди неругоҳаш Тоҷикистонро ба истиқлолияти энергетикӣ мерасонад. Пешрафти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқро таъмин менамояд. Гулчеҳра ба рӯи шавҳар каме об пошид. Вай як қад парида, ба худ омад. «Дар бораи чӣ ин қадар фикр мекунед?» «Дар бораи Роғун». «Чӣ, дар он ҷо ягонтои дигар ёфтед?» «Бале!» «Мекушам!» «Маро кушӣ, Роғунро кӣ месозад?» «Хайр, Роғунро созеду лекин маро фаромӯш накунед». «Ман як сония ҳам туро фаромӯш карда наметавонам. «То умр бувад, дар ҳаваси рӯйи ту бошам, В-ар хок шавам, хоки сари кӯйи ту бошам». Аммо афсӯс ки…» Гулчеҳра абрӯвонашро чин кард: «Аммо афсӯс ки?..» «Ҳа, афсӯс ки понздаҳ рӯз тез чун бод мегузарад…»

***

Дар самои чун баҳр каб-кабуд хуршед ором шино мекард. Камони ҳафтрангаш шуълаханд. Насими руҳнавоз баргҳои дарахтонро ба наво оварда. Раҳмон дар назар бисёр ором менамояд. Аммо дили ҳассосу саркаш ва беқароре дорад. Ҳеҷ тардиде нест, ӯ ошиқ аст. Оҳанги табиатро, садоҳои зебои ҳаётро тезтар ва амиқтар мешунаваду эҳсос мекунад.

Кас аз суҳбату Раҳмон сер намешавад. Хоксориаш, одаму одамгарияш қимати сад ҷаҳон дорад. Ногоҳ навои ҳазин ба дилам панҷа мезанад. Аммо ҳар чӣ ки оғоз дорад, анҷом ҳам дорад. Ҳангоми худоҳофизӣ ӯ оҳи сабук кашид ва гуфт:

– Хайрият, ду рӯз монд.

– Ба чӣ?

– Ба Роғун рафтан.

– Рӯз мешуморед?

– Эҳа-а, рӯз чӣ, соат мешуморам. Ҳар рӯз чун як моҳ тӯл мекашад. Рӯзе чанд маротиба ба ҳамкоронам занг мезанам. Аҳвол мепурсам.

Дар чашмонаш оташи ғайрату матонат аланга мезанад. Аз ҳар як лаҳзаи умр самар меҷӯяд. Зеро худ табиатан нуронӣ, ҳампои зиндагӣ аст. Ба қадри ҳар лаҳзаи умр расида, онро бисёр ғанимат медонад.

Оре, ӯ ташна аст!

Ташнаи ишқу набард!

Ва дунёи сабзи Роғун ӯро интизор аст!

Шералӣ МӮСО

Дигар хабарҳо