Пирӯзии муҳандиси тоҷик

 Пирӯзии муҳандиси тоҷик

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун сурат гирифт. Сардори давлат бо ҳамон дақиқназарӣ ва мушоҳидакории амиқ, ки хоси он кас аст, аз минтақаи Сичароғ то сойи Оби Шӯр тамоми нуқоти ин Користони Сарнавиштсози Ватанро аз назари борикбини худашон гузаронда, вазифаҳои иҷрогашта ва масъалаҳои ҳалшударо дида, хурсанд гардиданд, бо иддае аз қаҳрамонони майдони зарбдор мулоқот ороста, суҳбатҳои хотирмон карданд ва албатта, ҳаллу фасли як силсила муаммоҳоро низ ҷиддан таъкид намуданд.

Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи Барқи Обии Роғун Хайрулло Сафарзода дастуроту супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар дафтари хотироташ сабт карда, пас аз гусел намудани он кас мустақиман ба назди модараш омад. Хайрулло Сафарзода аз давраи ба меҳнат оғоз намуданаш мувофиқи одат воқеоту масъалаҳои муҳимми кору ҳаёташро қабл аз ҳама ба модараш гуфта, аз фикру мулоҳизаҳои вай огоҳ мегардад. (Солҳои донишҷӯӣ навигариҳои рӯзгорашро тавассути нома ба модар ирсол менамуд ва аз волида ҳатман ва бидуни таъхир посух мегирифт. Модар дар бораи кулли масоили иброздоштаи писараш андешаҳои худро ошкоро менигошт).

Албатта, имрӯз зимомдори ин сохтмони муҳимми кишвар Хайрулло Сафарзода руҳи болидае дошта, хушҳолу мамнун буд, ки Пешвои муаззами миллат аз корҳои анҷомёфта қаноатманд гардиданд ва дар баробари ин супоришҳои бисёр доданд, ки онҳоро ба таври оҷил ва бо сифати баланд бояд иҷро намояд.

Ба ҳамин ваҷҳ ӯ бо шукуфтарӯӣ ба дидори мубораки модар расида, сухан аз он боб оғоз намуд, ки Ҷаноби Олӣ аз натиҷаи корҳои сохтмони неругоҳ хеле хурсанд шуданд.

Вале модар чеҳраи ҷиддӣ дошт ва ҳеҷ хурсандие изҳор намекард. Ӯ чанде бо ҳамон чеҳраи ҷиддӣ ба фарзандаш нигаристу сипас гуфт:

— Писарам, ба ту сиҳату саломатӣ, умри дарози пурбаракат ва хонаи обод мехоҳам. Дар ин ҷода модарвор амр медиҳам, ки ба Президент, халқу Ватан содиқона хизмат бинамо. Роғунро бо сатҳу сифати олӣ бисоз! Вақте ки Неругоҳи барқи обии Роғун ба кор даромад, он гоҳ ҳамчун модар бо дилпурӣ мегӯям: фарзанди ман дар ҳақиқат мардона кор карда, супоришро ба иҷро расондааст. Дар он сурат ризои маро соҳиб хоҳӣ шуд…

Ҳозирон аз суханони самимона ва меҳрбори модар ба ваҷд омада, барояш аҳсан хонданд.

Хайрулло дар посух ба модар бо миннатдорӣ чунин гуфт:

— Модарҷон, ман суханони шуморо ҳамеша мепарастам ва қадр мекунам. Бар ин мекӯшам, ки ҳар як амратонро сидқан иҷро намоям. Назари ман нисбати ба охир расонидани сохтмони Неругоҳи Роғун комилан қатъист! Роҳи кулли кормандони сохтмон ҳамин тавр ба пеш рафтан аст. Ҳадафи қатъии Сардори давлатамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ободонии диёрамон ва осоиши мардум аст. Мо фақат бо ҳамин роҳи пеш рафтану пирӯзӣ ба даст овардан хонаи халқамонро равшан ва гарм карда метавонем…

Пешвои муаззами миллат дар суҳбат бо бинокорони неругоҳ гуфтанд, ки дар дурдасттарин деҳа ҳам бояд хонаи мардуми мо доим бо барқ таъмину нурафшон бошад, то ки вақти зарурат модар шабонгаҳон низ ба тифли худ бо хотири ҷамъ шир дода тавонад. Ҳакимони замонҳои қадими халқи тоҷики мо гуфтаанд, ки ҷойгоҳи кӯдак ҳамеша равшан бошаду вақти шир макидан бояд ба чеҳраи модар нигарад ва дар ин лаҳза модар низ рӯйи тифли худро бубинад. Фақат дар чунин ҳолат шири модар ба ҷисму ҷони фарзандаш бештар мефорад ва солимии вуҷуди ин навруста боз ҳам хубтару беҳтар мегардад. Нури ниҳонии чеҳраи модар барои тифл вақти шир хӯрдан ба таври муъҷизавӣ шифо мебахшад.

Чун ҳамеша суханони Роҳбари давлатамон ба бинокорони неругоҳ ниҳоят таъсир бахшиданд. Инро аз чеҳраҳои онон мушоҳида намудан мумкин буд.

Хайрулло Сафарзода суханони пурҳикмати Пешвои муаззами миллатро низ ба модар ҳикоя намуд ва ҳаминро ҳам ба волидаи меҳрубон арз кард:

— Модарҷон, минбаъд дар бобати сохтмони Неругоҳи Роғун супоришҳои шумо бароям баробари амру фармонҳои Президенти мамлакат ва вазифаҳои хидматии ман арзиш хоҳанд дошт.

— Илоҳӣ, барака биёбӣ, писарам, — модар дастони худро ба дуо бардошт…

Ин суҳбат дар давраҳои оғози фаъолияти Хайрулло Сафарзода ҳамчун роҳбари сохтмони Роғун рух дода буд.

Пас аз чор-панҷ моҳи ба вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии (ҶСК НБО) Роғун таъйин гардидани Хайрулло Сафарзода, саҳеҳтараш 16 июли соли 2012 коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бо мақсади тадқиқоти Асосноккунии техникию иқтисодӣ ва Баҳодиҳии таъсири экологӣ-иҷтимоии лоиҳаи Неругоҳи Роғун ба фаъолияти густардае шуруъ намуданд.

— Ҳақиқатан ҳам агар аз рӯйи инсоф гӯем, — зикр менамояд Хайрулло Сафарзода, — бо дахолати Бонки Ҷаҳонӣ ба лоиҳаи Неругоҳи Роғун мо ҳам ба корҳои худ дубора назар намудем, албатта, ин нуқтаю назарамон танқидӣ буд. Агар камбудиҳо пайдо шуда бошанд, ҳатман бартараф гардиданд. Дар фарҷоми ин мо гуфта метавонем, ки корамон нисбати лоиҳаи Роғун комилтар ва пурратар шуд. Ин ҳама ба шарофати хирадмандӣ ва дурандешии Пешвои муаззами миллат амалӣ гардиданд.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мутахассисони хеле варзида ва донишманди арсаи олам ҳисоб меёбанд. Онҳо дар натиҷаи омӯзиши амиқи лоиҳаи Роғун ва муоинаи дақиқи нуқоти гуногуни ин неругоҳи барқи обӣ бартараф кардани як силсила минтақаҳои ба назари онҳо як дараҷа нопойдор, хатарнок дар мақоми инод ва инкори иншоот, инчунин гирду атрофи он ба маъмурияти сохтмон пешниҳодҳо ироа намуданд.

Эроди аввалину асосии намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ин буд, ки аз рӯйи ақидаи онҳо Неругоҳи барқи обии Роғун дар минтақаи зилзилаи нуҳу даҳбала воқеъ гардидааст ва бинобар ин, сохтмони чунин азамати энергетикӣ дар ин макон ғайриимкон аст. Масалан, сокинони қитъаи Аврупо, ки дар ҷаҳон аз ҳама соҳибтамаддун ва бомаърифат ҳастанд, эъмори ин қабил неругоҳро дар чунин минтақаи хатарнок мамнуъ меҳисобанд.

Вақте ки Ҳукумати Шуравӣ солҳои шастуми асри гузашта Неругоҳи барқи обии Норакро дар қалби кӯҳсор бо ғайрату ҷасорати беназир бунёд менамуд, сиёсатмадорони арбадаҷӯй тибқи одати иғвогарии худ ҳангома бардошта буданд, ки СССР сохтмони неругоҳи бузурги барқро дар минтақаи зилзилаи нӯҳбала оғоз карда, дар соҳаи энергетика хаёли хом мепарварад.

Лекин бо вуҷуди ин иғвогарию буҳтони бебунёд ҳамон вақт Ҳукумати Шуравӣ тавонист, ки дар назди тамоми оламиён асоснокии техникию иқтисодӣ-экологии лоиҳаи худро исбот намояд. Чи тавре ки ба ҳамаи ҷаҳон маълум аст, ин асоснокӣ ва ҳақиқат шукрона, ки то имрӯз бобақою пойдор аст!

Муҳандиси соҳибмаърифат, директори генералии ҶСК НБО Роғун Хайрулло Сафарзода бо далелҳои қотеонаи олимони мамлакат дар назди коршиносони баландмартабаи Бонки Ҷаҳонӣ исбот намуд, ки агарчи дар лоиҳа минтақаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун заминларзаи нуҳбала зикр ёфта бошад ҳам, дар ҳудуди обанбори Норак ва Роғун ягон маротиба ба ин дараҷа зилзила ба амал наомадааст. Таърих дар ин мулку макон чунин зилзиларо ҳаргиз ёд надорад! Бо вуҷуди ин, дар пеши назари олимону донишмандони оламшумули Бонки Ҷаҳонӣ муҳандиси заковатманди тоҷик дар амсила (макет) сарбанди бо баландии 335-метраи Неругоҳи Роғун санҷиш гузаронд ва дар зимни ин аён шуд, ки сарбанд дар зилзилаи нуҳбала, ки 5 дафъа такон хӯрда бошад ҳам, ҳеҷ осебе надид.

Баъд аз чунин намоиши амсилаи сарбанди олишони асосан аз маводи маҳаллӣ бунёдгардидаи Неругоҳи барқи обии Роғун ин масъалаи ниҳоят ҳассос, ки сохтмони азамати энергетикии диёри моро анқариб зери суол гузошта буд, куллан бартараф шуд. Воқеан ин нахустин пирӯзии муҳандиси ҷӯянда ва соҳибистеъдоди тоҷик Хайрулло Сафарзода ҳисоб меёфт, ки барои анҷоми вазифаи зикршуда дастур ва ҳидояти хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва дуои модари мушфиқро гирифта буд.

Ба ҳамин минвол дар боби саҳеҳият ва ҳаққоният лоиҳаи сохтмони Неругоҳи Роғун як қадам ба пеш гузошт. Вале масъалаҳои душворҳал ҳоло хеле бисёр буданд.

Эроди дигар ин буд, ки мутахассиси соҳаи хокшиносии Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳили рости Вахшрӯд, дар рӯ ба рӯйи пули сойи Оби Шӯр лағзиши бузургеро пешгӯӣ намуд ва гӯё ин ҷо ярче фурӯ рехта, пеши дарёро мебандад.

— Дар натиҷаи ҷустани чораҳои фаврии илмӣ, — зикр менамояд Хайрулло Сафарзода, — аз кишвари Сувис мошини пуриқтидори ҳаффорӣ оварда, ҳамон минтақаро то ба умқи як километр ҳаффорӣ кардем ва мутахассисини баландпоя таркиби хокро таҳқиқ намуда, ба хулосае омаданд, ки дар ин ҷо аз ярч ва лағзиш нишоне нест, балки дар макони мазкур воқеаҳои бисёр куҳнаи геотектоникӣ рух додаанд ва то имрӯз ҷойи худро гирифта, ором шудаанд. Яъне илман исбот шуд, ки ин қисмати кӯҳ лағжанда нест.

Олими амрикоӣ Пол Маринос пас аз таҳқиқ роҷеъ ба ҳамин ярчи сохта иброз дошт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ин минтақаи лағзиш нест, балки аз тарафи Офаридгор ба ҳамин шакл бунёд гардидааст. Ҳароина минтақаи мазкур бояд таҳти назорати доимӣ бошад!

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ Шикасти Ёнахш, Шикасти Сиву Панҷ ва Шикасти Гули Зиндонро низ аз хатари зилзила камтар ҳисоб намекарданд. Ин шикастҳои зеризаминӣ аз дараи Камолӣ оғоз меёбанд (дара аз минтақаи сарбанд тақрибан панҷ километр дуртар аст) ва аз наздикии пешдарғоту нақбҳои як ва ду гузашта, ба тарафи ноҳияи Рахш тӯл мекашанд. Бо талаби намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ҳама далелҳои ширкатҳои сувисӣ ва эронӣ исбот карда шуд, ки инкишофи ин шикастҳо соле як ё ду миллиметр буда, яъне хеле каманд ва ҳамин ҳам бо намакҳо мамлуъ ҳастанд. Биноан, ба фаъолияти неругоҳ халал намеоваранд ва бо чунин исбот баҳс ба итмом расид.

Дигар хабарҳо