Се романи нав дар бораи корномаи Роғун

 Се романи нав дар бораи корномаи Роғун

Зимни суханронии чун ҳамеша пургунҷоиш, пурмуҳтаво ва дурандешонаи хеш дар суҳбат бо бинокорони НБО-и Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба адибон, зиёиёни эҷодкор муроҷиат намуда, онҳоро баҳри инъикоси васеи ҷараёни корҳо дар ин сохтмони бузург, ситоиши арзандаи корнамоии меҳнатии халқи тоҷик ҳидоят намуда, таъкид карданд, ки номҳои онҳоеро, ки ормонҳоро амалӣ месозанд, бо ҳарфҳои заррин дар авроқи таърих сабт бикунанд, то ки насли оянда дар ин хусус огоҳӣ биёбанд ва аз аҷдоди худ ёд ва ифтихор карда, дар пайравӣ ба онҳо баҳри шукуфоии ватани маҳбубамон, пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, давлате, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро чун узви баробарҳуқуқ эътироф намудааст ва пешниҳоду мавқеашро баланд арзёбӣ менамояд, тамоми неруи худро равона бигардонанд. Мо аз ин ҳама, бидуни истисно, фахр менамоем, зеро пас аз асрҳо мо аввалин бор ба ин гуна дастовард соҳиб шудем. Дар баробари ин, ба он нукта таваҷҷуҳ бояд кард, ки эҳёи ин сохтмони азиму бузурги гидроэнергетикии минтақа асосан аз сифр ва дар шароити ниҳоят мушкил оғоз ёфтааст. Вале новобаста аз ин вазъ, фаъолияти НБО шуруъ гардид, ки ин рухдод ба ҷашни умумимиллӣ ва таърихӣ мубаддал шуд. Бояд таъкид кард, ки НБО-и Роғун натанҳо барои тараққии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя, балки барои кулли минтақа аҳаммияти беандоза дорад. Зикри ин нукта низ басо муҳим аст, ки ин сохтмони бузург асосан бо қувваи худ, асосан мутахассисон ва коргарони ватанӣ анҷом дода мешавад. Тӯли ин солҳо табақаи комили мутахассисони сатҳи баланд ташаккул ёфт, ки дар чунин сохтмонҳои ҳамгун дар хориҷа бомуваффақият кор карда метавонанд.

Ёдовар мешавем, ки адибони насли калонсол Мирсаид Миршакар, Бруно Ясенский, Юсуфҷон Акобиров, Шамсӣ Қиём, Муҳиддин Хоҷазод ва бисёр дигарон осори гаронбаҳои мансуру манзуме ба сохтмонҳои муҳимми Тоҷикистон бахшидаанд. Бешаку шубҳа, адибони ҳамзамонамон дар ин самт, бахусус ситоиши бунёдкорони НБО-и Роғун, роману қиссаҳо, достону манзума, силсилаи ашъор ва шеърҳои хубу фарогир эҷод намудаву ин кор идома дорад. Ҳидояти Сарвари давлатро адибон пайгирона амалӣ менамоянд ва сармашқи эҷодҳои тоза ба тоза ва пурмазмун қарор додаанд.

Романҳои нави Нависандагони халқии Тоҷикистон Шералӣ Мӯсо, Бахтиёр Муртазо дар арафаи чоп қарор доранд ва порчаҳо аз романи нависанда Мираҳмад Амиршоҳӣ дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (2021) ба табъ расид.

Ҷои ифтихор мебошад, ки соли оянда таҳти раёсати Тоҷикистон дар СММ чорабинии муҳимми таърихӣ доир ба об барпо мегардад. Ин бори дигар собит мекунад, ки ташаббус ва пешниҳодоти Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷуҳи умум мебошад ва ба онҳо бо эҳтирому қадрдонӣ менигаранд.

Албатта , чунин рухдодҳои таърихӣ бояд дар осори адибон тасвири бадеии худро пайдо намоянд.

Мансур СУРУШ

Дигар хабарҳо