Маорифи миллӣ, амнияти миллӣ ва давлати миллӣ: ё чӣ гуна метавон бақои миллиро таъмин намуд? (Ёддоште дар ҳошияи як нақди илмӣ)
Пайвастагии ин се мафҳуми калидӣ, ки дар унвони навишта канори ҳам чида шудаанд, танҳо як ҳамоҳангии лафзӣ набуда, балки дар воқеияти ҳаёт низ миёни онҳо пайванди унсурии ногусастанӣ вуҷуд дорад. Моҳияти ин занҷираи мантиқӣ чунин аст, ки танҳо маорифи илмбунёд ва моҳиятан миллӣ метавонад ҷаҳонбинии солиму ратсионалии фардро ташаккул дода, дарки амалгароёнаи (прагматикии) арзишҳо ва манфиатҳои миллиро дар зеҳни ҷомеа низомманду ҳамагонӣ созад ва ба ин восита, муҳити ягонаву солими миллӣ ва амнияти фикрию арзишии ҷомеаро ба вуҷуд орад ва дар навбати худ, танҳо суботу амнияти адлбунёду устувори миллӣ метавонад шароити рушди миллӣ ва бақои давлатдории миллиро таъмин намояд ва дар ниҳоят, танҳо давлатдории мустақили миллӣ метавонад бақои давомдору сазовори як миллат, татбиқи арзишу ормонҳо ва зиндагии осудаву шо- истаи онро кафолат диҳад. Ҳамин тавр, дар раванди мураккаби ташаккулу бақои миллат, ин се унсури калидӣ, яъне маориф, амният ва давлат аҳаммияти ҳаётӣ пайдо карда, ҳамчун омилҳои нигаҳдор ва ҳамчун ёвару такмилгари ҳамдигар зарфу низоми ягонаи рушду бақои миллиро фароҳам месозанд. Шояд ин муҳимтарин паём ва бардоште бошад, ки ҳар хонандаи огоҳ метавонад аз мутолиаи амиқи мақолаи фарогири профессор С. Ятимов «Дар бораи як китоби дарсӣ» («Ҷумҳурият», № 63(24 422) аз 04.04.2022) дарёфт намояд.
Албатта, дар назари аввал ин андеша рўшан буда, чунин пайвастагии унсурҳои мазкур дар таърихи башарӣ масъалаи маълум ва бебаҳс менамояд. Худи муаллиф низ навиштаашро аз суханони Арасту оғоз карда, ба ин восита ҳанўз дар аҳди бостон дарк шудани пайванду масъулияти муштараки низоми маориф ва низоми давлатдориро таъкид намудааст, ки низ ишора ба таърихи деринаи ин мавзуст. Аммо тафовути асосии гузориши масъала дар мақолаи мазкур дар он аст, ки ин ҷо ба андешаи пайванди маориф, амният ва давлат пояи устувори назариявӣ ва ҷанбаи амалии таҷрибӣ дода шуда, ин масъала аз сатҳи як нигоҳ ба сатҳи як дидгоҳ ё мавқеи консептуалӣ бароварда шудааст. Хусусан ба исбот расонидани пайванди ин омилҳо бо масъалаҳои дунявият, низоми дунявии давлатдорӣ, манфиатҳои миллӣ ва бақои миллиро саҳми тозаи муаллифи мақола дар бозкушоиву такмили ин масъалаи мураккаби илмию назариявӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ҳисобидан мумкин аст.
Албатта, мақола ё рисолаи «Дар бораи як китоби дарсӣ» дар асл матни тақризи муаллиф бар китоби дарсии гурўҳи муаллифон бо номи «Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс» (Душанбе: Дониш, 2021) мебошад ва ин ҷо ироаи «тақризе бар тақриз» шоиста намебуд. Гарчи ин «тақриз» ҳам аз назари мазмуну муҳтаво, ҳам аз назари сабку равиш ва ҳам аз назари ҳаҷму забон маводе басе фаротар аз як тақриз ба маънову қолаби пазируфтаи он буда, дар сатҳи як рисолаи мухтасар пешниҳод шудааст. Илова бар ин, чун дар муҳити илмиву фикрии мо ҳангоми арзёбии асарҳо мунаққидон бештар худи асар ва паёми онро фаромўш карда, ба баррасии ситоишӣ ё танқидии муаллифони он мегузаранд, ин ҷо бар хилофи ин «анъана» аз баррасии бештари заҳмату кору талоши муаллиф, ки аз сатҳу мазмуну паёму ҳаҷми худи навишта пайдост, худдорӣ мешавад.
Бинобар ин, таъкиду такяи асосӣ рўи худи мавзуъ ва худи андешаи меҳварии мақола равона мегардад, ки он бешубҳа аз аҳаммияти бисёри ҷиддии назариявӣ ва амалӣ бархурдор аст. Зеро мавзуъҳои маориф, дунявият, амният, давлат ва миллат ва хоса пайванду корбурду коркарди ҳамоҳанги онҳо, ки дар меҳвари мақола қарор гирифтаанд, имрўз яке аз мавзуъҳои марказии раванди фикрию сиёсии ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Яъне мавзуи ин навишта на баррасии мақолаву муаллиф, балки арзёбӣ, шарҳ ва идомаву инкишофи он тезису андешаву хулосаҳои муҳимму калидиест, ки дар меҳвари ин мақола ё рисола қарор гирифтаанд.
***
Нахустин масъалаи назариявие, ки дар ин самт кушодану такмили он барои ҷомеаи илмӣ ва фикрии мо бисёр муҳим аст, худи моҳияти «дунявият» ҳамчун мафҳум ва ҳамчун низоми андеша мебошад. Дар бахши сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва амалӣ низ ин мафҳум ба шинохту шарҳи боз ҳам бештар ниёз дорад, зеро он ҳамчун яке аз аслҳои конститутсионии бунёди давлатдории миллии муосири тоҷикон муайян шудааст. Аммо ҳамчун нафаре, ки дар раванди таҳияи рисолаи докторӣ солҳо бо омўзиши мавзуи мазкур рўбарў будам, бо камоли боварӣ метавонам бигўям, ки то имрўз «дунявият» на дар сатҳи илмию назариявӣ ва на дар сатҳи амалию корбурдӣ мавриди омўзиши кофӣ ва зурурии олимону мутахассисони ватанӣ қарор нагирифтааст. Ҳатто дар мавриди мафҳум ва моҳияти «давлати дунявӣ», ки дар фазои сиёсию иттилоотӣ ҳамарўза ҳамчун як асли конститутсионӣ ва сохти давлатдории мо садо медиҳад, то имрўз ҳеҷ таҳқиқи ватании фарогир ва қобили таваҷҷуҳе дастрас нест.
Ин аст, ки ҳам дар фазои илмию фикрӣ, ҳам дар муҳити сиёсию иттилоотӣ ва ҳам дар фазои динию арзишӣ дар мавриди ин мафҳуми калидӣ фаҳмишҳои комилан гуногуне роиҷ буда, ин ҳолат имкон намедиҳад, ки зарфияти бузурги ин тарзи тафаккур ва ин шакли давлатдорӣ ба таври зарурӣ ва созанда истифода шавад. Аз ин рў, пажўҳиш дар мавзуи дунявият ва шинохти воқеияту зарфиятҳои ин шакли давлатдорӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини илмҳои ҷамъиятшиносии мо ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, аҳаммияти асосии рисолаи «Дар бораи як китоби дарсӣ»-ро бояд, пеш аз ҳама дар гузоришу кушоиши худи мавзуъ ва масъала донист.
Ба таври мушаххас, дар навиштаи мазкур дар ин самт чанд қадами ҷиддӣ ниҳода шудааст, ки аз назари масъалагузорӣ ва оғози сатҳи нави пажуҳиши мавзуъ аҳаммияти зиёд доранд. Аввалан, дар ин навишта таърифи муаллифии мафҳуми дунявият ироа гаштааст, ки онро метавон аз аввалин таърифҳои миллии ин мафҳум донист. (Албатта, дар меъёри илм, таърифи илмии як падида моҳиятан «миллӣ» ё «ғайримиллӣ» намешавад ва ҳамин сифати «илмӣ» будан барояш кифояткунанда аст. Аммо манзур аз «миллӣ» номидани ин таъриф дар он аст, ки он ҳамчун андешаи муҳаққиқи ватанӣ ироа шудааст.)
Тафовут ва бартарии асосии таърифи зикршуда дар ин аст, ки дунявият дар он ҳамчун «маҷмуи ҷаҳонбинии илмии дар асоси дарки қонунмандиҳои пайдоиш ва рушди зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур бавуҷудомада ва назарияи дар таҷрибаи инсонӣ бо далелҳо тасдиқшуда» муаррифӣ шудааст. Яъне, ин аз аввалин таърифҳои ватанист, ки мафҳуми дунявиятро аз бори сангини идеологӣ ва фаҳмиши сирфан сиёсию арзишӣ озод карда, ба моҳияти илмӣ, ақлонӣ ва таҷрибии он таъкид менамояд. Сониян, ин таъриф ҳамин моҳияти ақлонӣ ва таҷрибиро на танҳо ба табиат ва илмҳои дақиқ, балки ба ҷамъият ва тафаккур низ хос медонад, ки ин нукта низ аҳаммияти махсуси амалӣ дорад.
Сабаби таъкиди мо бар ин ду унсури таърифи зикршудаи «дунявият» дар мақолаи мазкур дар он аст, ки дар муҳити илмию фикрӣ ва дар фазои сиёсию иттилоотии мо бештар фаҳмиши идеологию арзишии дунявият роиҷ буда, аксари ҷонибдорон ва мухолифони ин мафҳум онро маҳз дар таърифу фаҳмиши идеологӣ ё сиёсӣ дарк ва истифода менамоянд. Маҳз ин ҳолат сабаб мегардад, ки дунявият, ки ҳамчун андешаи ҷамъӣ ва ҳамчун низоми давлатӣ метавонад нуктаи пайванди ҳамаи ҷомеа ва зарфи ҳамзистии андешаҳо ва манфиатҳои гуногун бошад, гоҳо ба нуктаи низоъ ва ихтилофи фикрӣ ё сиёсӣ табдил меёбад. (Ба ёд орем, ки маҳз бо сабаби тафовути усулии фаҳмишҳо дар атрофи ин мафҳум ва ин мавзуъ, беш аз 30 ҷаласаи Комиссияи оштии миллӣ танҳо ба баррасии масъалаи «дунявият» бахшида шуда буд.)
Аммо таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳар гоҳе «дунявият» моҳияти идеологӣ ва инкорию ҷанговар мегирад, он аз ҳолати ратсионалӣ хориҷ шуда, моҳияти илмбунёду таҷрибии худро дар дарку тафсири воқеиятҳои ҷомеа аз даст медиҳад. Дар ҳоле, ки дар сурати дарки дурусти он, моҳияти илмӣ ва таҷрибии дунявият ба фаъолияти ҷамъиятӣ ва сиёсати давлатӣ низ моҳияти ақлонӣ ва амалгаро (ратсионалӣ ва прагматикӣ) мебахшад. Маҳз дар он сурат сиёсати давлатӣ метавонад нисбат ба воқеияти ҷамъиятӣ муносибати дуруст интихоб намуда ё онро бо равиши дурусту прагматикӣ ислоҳ созад. Аз ин рў, маҳз ҳамчун назарияи илмбунёди таҷрибамеҳвар матраҳ кардани дунявият барои солим шудани тарзи фаҳмиши ин мафҳуми калидии конститутсионӣ дар ҷомеаи мо бисёр мусбат ва муфид аст.
Таъкид бар нуктаи дуввум, яъне зарурати дар муҳити илмию фикрӣ ва хосса дар муҳити фанҳои ҷамъиятӣ низ ғолиб шудани ақлоният ва илммеҳварӣ дар он аст, ки гоҳо ин фанҳо низ ҳолати схоластикӣ ва идеологӣ гирифта, аз раванди зиндаи ҷомеа қафо монда, аз дарку тафсири воқеияти ҷомеа ва бештар аз он, аз қудрати нишон додани роҳи ҳалли масъалаҳо ва дурнамои рушди ҷомеа оҷиз мемонанд. Яке аз муҳимтарин сабабҳои чунин ҳолатҳо маҳз ба маънои воқеии он илмӣ, ақлонӣ ва дунявӣ набудани ҷаҳонбинии аксари худи аҳли ин илмҳост. Бештари онҳо ба дунявият маҳз ҳамчун идеология ё мавқеи сиёсӣ нигоҳ карда, худ ҳанўз ба сатҳи андеша ва тафаккури дунявӣ ё илмӣ нагузашта, бо «рақибон»-и худ на дар мубоҳисаи илмию истидлолӣ, балки дар муборизаи идеологӣ ва сиёсӣ қарор доранд.
Дар тафаккури аксари аҳли зиё ва ходимони фанҳои ҷамъиятии мо, ки аз назари хидматӣ ё ҷамъиятӣ худ пешбарандаи афкори ратсионалӣ ва дунявӣ ба ҳисоб меоянд, дунявият ҳанўз ба сатҳи ақлонияти тафаккур, илммеҳварии дидгоҳ ва дунявияти ҷаҳонбинӣ ташаккул наёфтааст. Ин аст, ки ҳимояи аксари намояндагони ин қишр аз дидгоҳ ва арзишҳои дунявӣ ва ё муборизаи онҳо барои устувории низоми дунявии давлатдорӣ на моҳияти фикрию илмӣ, балки бештар моҳияти сиёсӣ, идеологӣ ё хидматӣ дорад. Бегумон, мавқеъгирие, ки дар сатҳи яқини илмӣ ва таҷрибӣ нарасида бошад, мавқеи устувори фикрӣ ва ҷамъиятӣ буда наметавонад ва бо тағйирёбии шароиту меъёрҳои сиёсӣ метавонад тағйир бикунад.
Дар самти таҷрибӣ ва амалӣ бошад, бо вуҷуди дунявӣ эълон шудани низоми давлатдории мо, баъзе масъалаҳои назариявӣ ва амалии татбиқ намудани асли дунявият ва чӣ гуна такмил додани чунин низоми давлатдорӣ ҳанўз ҳалталаб боқӣ мемонад. Албатта, бандҳои 1, 6, 8, 17, 26, 28 ва 100-уми Конститутсияи кишвар, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва ғ. чорчўбҳои асосии меъёрӣ ва ҳуқуқии низоми давлатдории дунявӣ дар Тоҷикистонро мушаххас кардаанд ва дар амалияи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ таҷрибаи муайян ва арзишманди эҷоду бунёди низоми дунявии давлатдорӣ андўхта шудааст. Аммо барои татбиқи комили ин асл муддати боз ҳам бештар зарур буда, дар самтҳои татбиқӣ барои расидан ба тафаккури ҷамъии ақлонӣ ва низоми муътадили дунявӣ бояд корҳо идома ёбанд, ки он як мавзуи васеи дигар барои таҳлилу баррасист. Дар ин самт низ татбиқи асли дунявият дар низоми давлатдорӣ бе ташаккули тафаккури илмии таҷрибабунёд дар қишри идориву сиёсию фарҳангии миллат ва ҷомеа бисёр мушкил хоҳад буд. Зеро, дар чунин сурат, муқовимати васеи пўшидаи фикрӣ бо дунявият ва низоми дунявии давлат ё бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти он, ки маҳз дар натиҷаи дар сатҳи фард ва ҷомеа ҳосил нашудани дарки дурусти дунявият ва ташаккул наёфтани ҷаҳон- бинии ратсионалии илмбунёд мушоҳида мешавад, ҳамчун монеаи асосии татбиқи комилу устувори ин асли конститутсионӣ боқӣ хоҳад монд.
Аммо мавзуи асосӣ ва муҳимтарине, ки идомаи баҳс бояд рўи он андеша шавад, муносибати дунявият бо мафҳумҳои калидие чун маориф, амният ва давлат мебошад. Ва ниҳоят ин баҳс, ки чӣ тавр пайванду ҳамоҳангии дунявият бо ин мафҳумҳои калидӣ шароити рушду бақои миллатро фароҳам оварад. Ин аст, ки дар идомаи гуфтор бояд ногузир дар канори равишҳои назариявию фалсафӣ аз мафҳуму равишҳои сиёсатшиносии амалӣ низ кор гирем. Зеро баҳси давлату амнияту ҷомеа бе ҷанбаи амалӣ маъно нахоҳад дошт.
Аввалан, бояд муносибати дунявият ва маориф ё зарурати дунявияти маориф барасӣ шавад, ки яке аз хатҳои асосии баҳси мақолаи «Дар бораи як китоби дарсӣ» низ ҳамин аст. Албатта, ҷойи баҳс нест, ки рисолати аслӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи маориф омўхтани илму савод ва таъмини асосҳои рушди инсон, ҷомеа ва кишвар аст. Аммо дар айни замон, аз назари сиёсию ҷомеашиносӣ низоми маориф танҳо коргоҳи азими маълумотгирию илмомўзӣ набуда, дар кўраи он ҷаҳонбинии наслҳои миллат ва тафаккури ҷомеа низ шакл мегирад. Бинобар ин, маориф ҳамчун низоми шаклдиҳандаи тафаккури ҷомеа ва ҷаҳонбинии миллат низ аҳаммияти фавқулода миллӣ ва давлатӣ пайдо мекунад. Зеро маҳз як низоми илмбунёду муътадили маориф метавонад арзишҳои пешқадамро дар ҷаҳонбинии миллат устувор намуда, онро ба омили худшиносии солим ва рушди миллӣ мубаддал созад. Ин аст, ки дунявӣ будани маориф, яъне дар пояҳои исботшудаи илмӣ ва дарки ақлонии таъриху ҷамъияту табиат устувор будани таълимоти он, барои рушди ҷомеа ва миллат аҳаммияти ҳаётӣ дорад.
Дар айни замон, ин ҷо низ масъалаи асосӣ дар он аст, ки зимни сухан дар бораи «дунявияти маориф» ва татбиқи амалии ин асл худи дунявият чӣ гуна фаҳмида мешавад? Зеро, таҷриба нишон медиҳад, ки агар дар ин баҳс низ дунявият дар шакли идеологию сиёсӣ ё ҳамчун маҷмуаи боварҳои қолабии эътиқодӣ фаҳмида ва истифода гардад, татбиқи он тамоми низоми маориф ва дар натиҷа, афкори ҷамъиятиро идеологӣ ва шахшудаву схоластикӣ мекунад. Он моҳияти илмбунёди маорифро аз байн бурда, тафаккури ҷомеаро низ хушку қолабӣ мегардонад. Аммо агар дунявият ба маънои «маҷмуи ҷаҳонбинии илмии дар асоси дарки қонунмандиҳои пайдоиш ва рушди зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур бавуҷудомада ва назарияи дар таҷрибаи инсонӣ бо далелҳо тасдиқшуда» (таърифи муаллифи мақолаи мазкур) фаҳмида шавад, он боиси моҳияти илмӣ гирифтани маориф ва аз ҳама гуна гароишу олудагиҳои идеологию хурофотӣ эмин мондани он мегардад. Дар натиҷа, тафаккури ҷамъиятии наслҳои оянда низ илмбунёду тараққихоҳ (прогрессивӣ) шакл мегирад. Пас, бисёр зарур аст, ки дунявияти маориф маҳз ҳамчун илмбунёд ва таҷрибӣ будани низоми таълимӣ фаҳмида шавад. Ин асл аз ҷумла ба илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ низ дахл дорад, зеро имкони ба зеҳни насли ҷавон ворид гаштани боварҳои идеологӣ ва хурофотии гуногун маҳз дар раванди таълими ин фанҳо бештар аст.
Маҳз ҳамин вобастагии мустақим байни мазмуни маориф ва ҷаҳонбинии ҷомеа боис мегардад, ки масъалаи таълифи китобҳои дарсӣ барои низоми маорифи ҳамагонӣ натанҳо як масъалаи илмию таълимӣ, балки ҳамчун як масъалаи миллию давлатӣ дониста шавад. Зеро китоби дарсӣ дар ниҳоят ҷаҳонбинии миллатро ташаккул дода, муносибати афроди миллат ба табиат, ҷомеа, арзишҳои миллӣ ва давлатиро муайян мекунад. Ин аст, ки навиштани китоби дарсӣ натанҳо як вазифаи илмию эҷодӣ, балки як рисолати миллист, ки аз муаллифон дарки баланди масъулияти илмӣ ва миллиро тақозо дорад. Аз ин рў, дар ихтиёри кӣ қарор гирифтани ин рисолат мавзуест, ки ба сарнавишти миллату давлати мо таъсири бевосита мегузорад. Таъкиду ҳассосияти муаллифи мақола бар масъалаи шахсият, салоҳият ва ҷаҳоншиносии худи муаллифони китобҳои дарсӣ маҳз аз дарки ҳамин рисолати онҳо бармеояд. Зеро дар амал мо сарнавишти ҷаҳонбинии наслҳои оянда, самтгирии тафаккури миллӣ ва дурнамои муносибат бо низоми давлатии худро дар ихтиёри ин муаллифон мегузорем.
Акнун бояд ба масъалаи робитаи дунявият бо амният пардозем, ки низ дар меҳвари ин баҳс қарор мегирад. Тезиси аслии мо дар ин бахш ҳамин аст, дар ҷомеаҳои муосири бисёрфикриву плюриалистӣ дунявият як омили амниятофар аст. Ин нақши худро дунявият ҳам ҳамчун навъи фикру ҷаҳонбинӣ ва ҳам ҳамчун навъи сохти давлатдорӣ ба ҷой меоварад.
Нақши амниятсозии дунявият ҳамчун тафаккури илмиву ратсионалӣ дар он аст, ки он дар амалияи ҷамъиятӣ шароити эътидоли андеша, озодии виҷдон ва таҳаммулпазирии фикриву эътиқодиро фароҳам месозад. Зеро дар тафаккури дунявӣ дин, виҷдон ва эътиқод кори шахсии фард эълон шуда, меъёри муайянкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва байниинсонӣ қарор дода намешавад. Дар чунин шароит инсон ба муҳит, ҷомеа, инсонҳои дигар ва падидаҳо аз нигоҳи таърифу табъизи динӣ ё идеологӣ нигоҳ намекунад. Ин аст, ки дунявият ҳамчун тафаккур сатҳи таҳамулпазирии фикрӣ ва ҳамзистии ҷамъиятиро боло бурда, амнияти умумии ҷомеаро таҳким мебахшад. Амнияте, ки аз осудагии фикрии инсон дар андеша то осудагии ҷисмии инсон дар ҷомеаро фаро мегирад.
Аммо ҳамчун низоми давлатдорӣ «дунявият» нақши боз ҳам ҷиддитари амниятофарӣ дорад, ки хусусан дар ҷомеаҳои чандфикриву чандмазҳабӣ бештар мушоҳида мегардад. Дар ин самт хосса таҷрибаи кишварҳои мусулмоннишин нишон медиҳад, ки дар ҳолати чандфикриву чандмазҳабӣ будани ҷомеа бунёди низомҳои давлатии идеологӣ ё мазҳабӣ наметавонанд суботу амнияти ҷомеаро таъмин намоянд. Зеро дар сурати ба идеологияи ҳоким ва ё давлатӣ табдил ёфтани як мазҳаб ё як идеология, он бовару мазҳабу идеологияҳои дигарро зери фишор қарор дода, онҳоро ба мухолифини он низоми давлатии идеологӣ табдил мекунад. Масалан, ҳамаи низомҳои динӣ ё «давлатҳои исломӣ», ки дар садсолаи охир дар ҷаҳони муосир таҷриба шудаанд, ҳатман дар асоси ин ё он фаҳмиш ё мазҳабу равияи муайяни исломӣ ташкил ёфта, мазҳабҳои дигари исломиро ба ҳошияи ҷомеа равондаанд. Ҳамин тавр, дар шароити низомҳои давлатии диниву идеологӣ низои мазҳабию идеологӣ, ки яке аз мудҳиштарин навъи низоъҳост, ҷомеаро фаро мегирад ва ваҳдату суботи умумиро барҳам мезанад.
Аммо, баръакси низомҳои идеологии мазҳабӣ, низоми давлатдории дунявӣ фазои сиёсию ҷамъиятии ҷомеаро секулярӣ ё ғайридинӣ нигоҳ дошта, имкони фаъолияти сиёсии динӣ ва ба муборизаҳои сиёсӣ ва қудратӣ кашида шудани динро қатъиян пешгирӣ менамояд. Ин ҳолат иҷозат намедиҳад, ки баҳси мазҳабӣ вориди фазои сиёсӣ шавад ва ё як мазҳаб ҳамчун ҳукумат ғолиб омада, мазҳаби дигарро маҳдуд карда, заминаи низои мазҳабию ҷамъиятиро ба вуҷуд оварад. Ҳамин тавр, низоми дунявии давлатдорӣ ҳамчун механизми ҳуқуқӣ-сиёсии ҳалли ин масъала, нақши муҳимми амниятӣ ва амниятофарӣ касб мекунад.
Таҷрибаи Тоҷикистон низ нишон додааст, ки маҳз интихоби модели давлатдории дунявӣ метавонад заминаи бунёди ҷомеаи таҳаммулгаро, ҳифзи суботу амнияти миллӣ ва идомаи ваҳдати миллиро таъмин созад. Ҳодисаҳо ва низоъҳое, ки имрўз дар ҷаҳони ислом идома доранд, бори дигар дурустии ин интихоби Тоҷикистонро исбот мекунад. Зеро имрўз дар як қатор кишварҳои мусулмоннишин дин ба фазои сиёсӣ, идеологӣ ва давлатӣ роҳ ёфта, ҳизбу мазҳабу фирқаю равияҳои оштинопазири динӣ дар муқобили ҳам дар ҷанги қудрату манфиат қарор гирифтаанд. Онҳо дар муқобили ҳамдигар бо фатвоҳои ҷангу куштор мусаллаҳ шуда, ба ғайр аз нобудсозии ҳамдигар ба ҳеҷ варианти дигар розӣ намешаванд. Дар чунин вазъият, бори дигар бартарии низоми дунявии давлатдорӣ ҳамчун механизми ҳуқуқию сиёсии танзими ин масъала ва пешгирии ин навъи мудҳиши низоъ исбот мешавад.
Ва ниҳоят, масъалаи бисёр муҳимми дигаре, ки дар баҳси усулии робитаи маориф, дунявият, амният, давлат ва миллат бояд ба он пардохт, истифодаи абзории ихтилофҳои динӣ ва ифротгароии динӣ дар муборизаҳои геополитикии қудратҳои берунӣ ва таъсири маргбори он бар сарнавишти давлатҳо ва миллатҳост. Зеро акнун ҷои ҳеҷ шубҳае нест, ки имрўз қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ аз ихтилофҳои динию мазҳабӣ дар кишварҳои мусулмоннишин манфиат ҷуста, аз гурўҳҳои ифротгарои динӣ ҳамчун як воситаи расидан ба мақсадҳо ва манфиатҳои сиёсии худ истифода мекунанд. Ин истифодаро дар мисоли сарнавишт ва ҳодисаҳои Ироқу Сурияву Яману Мисру Либия ва Эрону Афғонистону Покистон бисёр рўшан дидан мумкин аст.
Моҳияти ин истифодаи абзорӣ аз ихтилофи мазҳабӣ ва ифротгароии динӣ дар он аст, ки дар қадами аввал худи тафаккури ифротӣ ва ихтилофӣ дар ҷамеа, аз ҷумла аз тариқи низомҳои расмию ғайрирасмии омўзишӣ ва фазои самтдодашудаи иттилоотӣ, паҳн карда шуда, сипас гурўҳҳои идорашавандаи ифротгароии динӣ ташкил карда мешаванд. Дар қадами баъдӣ, ин гурўҳҳо, ки бо гузаштани мағзшўиву ҳувиятзудоии равишманд ва ё бо сабаби вобастагиву зархаридӣ, омодаанд дар муқобили ватану миллат ва низомҳои давлатию арзишҳои миллии худ мубориза кунанд, ҳамчун инструменти барангезии низои сиёсӣ ва идеологӣ истифода шуда, ба воситаи онҳо вазъияти сиёсию амниятии кишварҳои мавриди назар ба нафъи ташкилкунандагон ва сармоягузорони ин раванд тағйир дода мешавад.
Ҷавоби ин саволи хеле маъмули хонандагон, ки чаро гоҳо Ғарб ё қудратҳои ғайримусулмон низ гурўҳҳои ифротгарои динӣ ва ё ҳатто ҳаракатҳои террористии диншиорро дастгирӣ мекунанд, низ дар ҳамин нукта нуҳуфта аст, зеро дар ин раванд онҳо на ҳамчун неруи исломӣ ва имонӣ, балки ҳамчун афзори муносиб барои эҷоди бесуботӣ дар ин кишварҳо ва сарнагунии низомҳои барои коргардонон номуносиб дар кишварҳои худ корбурд меёбанд.
Аммо бузургтарин таҳдиди чунин дахолати берунӣ ба ин раванд дар он аст, ки дар натиҷаи низоъ ин кишварҳо аз фурсати таърихии давлат шудан маҳрум мешаванд ва ҳамчун давлати ноқиси нотамом даҳсолаҳо дар вазъи буҳронӣ ва вобастагии берунӣ боқӣ мемонанд. Ба ибораи дигар, ин низоъ ва бесуботиҳо худи раванди давлатшавии давлатҳои навистиқлолу осебпазирро ба шикасти таърихӣ рўбарў мекунанд.
Пас, шароити зикршуда тақозо дорад, ки бояд низоми маорифи дунявӣ ҳамчун механизми ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, муосир ва дунявии аҳолӣ нақши худро дуруст иҷро намуда, бо тақвият додани амнияти миллӣ ва низоми давлатдории дунявӣ имкони фароҳам шудани заминаҳои чунин дахолату истифодаи беруниву абзориро пешгирӣ кунад. Зеро маҳз сатҳи поини маърифати илмию сиёсии аҳолӣ ва густариши дидгоҳҳои ифротӣ дар ҷомеа заминаи ин гуна гароишҳо ва шароити ин гуна дахолату истифодаҳоро ба вуҷуд меоварад.
Аммо агар ба вазъияти ин масъалаи барои давлату миллат ҳаётӣ дар шароити имрўзаи ҷомеаи худ нигарем, бо камоли таассуф метавон ишора намуд, ки имрўз ҷаҳонбинии илмбунёду дунявии аҳолӣ дар ҳоли таназзул ва сатҳи гароиш ба таассубу хурофот дар ҷомеа дар ҳоли афзоиш аст. Дар шароити коҳиши эътибори илму маърифат ва камтаъсири фикрӣ ва ҷамъиятии аҳли зиё, андешаи ифротгароӣ тамоми арзишҳои дунявӣ ва миллии моро густохона зери савол бурда, дар фазои фикрӣ, иттилоотӣ ва гоҳо муҳити илмии мо озодонаву густохона ба ҳуҷум мегузарад. Ин ҷо таъкид бар аҳаммияти дунявият ва низоми давлатдории дунявӣ барои ҳифзи ҳувият ва арзишҳои миллии мо низ зарур аст, зеро дар сурати танзиму пешгирӣ нашудани рушди ифротгароӣ, ин тарзи тафаккури ифротиву такфирӣ тамоми арзишҳои миллии тоҷикон, аз номҳову ҷашнҳову расму оинҳо, то таъриху забону фарҳангу ҳувияту тамаддуни миллии моро ошкоро зери савол мебаранд.
Таъсири ифротгароӣ ва таассуб дар фазои фикрӣ ва иттилоотӣ гоҳо ба ҳадде болост, ки аксари аҳли илму зиёи кишвар ҳатто ҷуръат намекунанд, ки дар баробари он ҳамчун зиёии пешқадам мавқеи ошкор гиранд. Ва, мутаассифона, чунин беҷуръатӣ ё бетарафӣ натанҳо суботу амнияти умумӣ, балки тарзи зиндагии муосир, низоми давлатдорӣ, фарҳангу арзишҳои миллию таърихӣ ва худи давлатдории мустақили миллии моро осебпазир месозад. Он метавонад шароитеро ба вуҷуд орад, ки тамоми арзишу дастовардҳои миллию давлатии мо, пеш аз ҳама ба дасти худи ҳаммиллатони ифротишудаву ҳувиятбохтаи мо аз байн бурда шавад. Ҳамин ҳоло метавон дид, ки дар Афғонистони ҳамсоя барои саркўби қавмии тоҷикон чӣ гуна маҳз аз “толибони тоҷик” истифода карда мешавад. Аммо тавре борҳо зикр карда будем, агар омадани Толибон дар Афғонистони ҳамсоя, ба қавли коршиносони ин кишвар, дастовардҳои 20 соли охирро аз байн бурда бошад, омадани тафаккур ва гурўҳҳои ифротӣ дар Тоҷикистон метавонад дастовардҳои 100 соли охирро аз байн барад, ки муҳимтарини онҳо худи давлатдории миллии мустақили мост.
Аз ин рў, хулосаи қатъие, ки дар мақолаи “Дар бораи як китоби дарсӣ” ироа шудааст, бисёр дуруст ва ҳушдордиҳанда мебошад. Чуноне, ки муаллиф меорад: “… ду роҳ вуҷуд дорад: Ё бо пайравӣ аз илми дар таҷрибаи инсонӣ тасдиқшуда мамлакати хешро обод, якпорчагӣ ва оромиву озодагии онро таъмин мекунем, ё зери таъсири хурофоту таассуб озодӣ, рушду тараққӣ ва сулҳу суботи давлати миллии худро зери суол мебарем. Роҳи сеюм вуҷуд надорад!”
Ин аст, ки дар шароити печидаи минтақавӣ ва байналхалқӣ, ҳифзи тафаккури илмию дунявии ҷомеа ва ҳифзи тарзи дунявии давлатдорӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин омилҳои таъмини ваҳдат, амният, давлат ва истиқлолияти миллии мо ба ҳисоб меравад. Роҳе, ки аз масири маорифи дунявии илммеҳвару ақлбунёд мегузарад.
Ва ниҳоят, агар ба ин занҷираи мантиқии “дунявият, маориф, амният, давлат ва миллат”, ки то ин ҷо ба исбот расид, ин бор аз тарафи рост ба чап нигарем, он ҷо низ пайвастагии ҳаётии сарнавишти миллат бо давлат, яъне бо давлати миллии соҳибистиқлол бисёр рўшан намудор мегардад. Зеро тамоми воқеиятҳои ҷаҳони имрўз таъкид менамоянд, ки танҳо дар зарфи як давлати миллии мустақил ҳифзи сазовори ҳувияти миллӣ ва татбиқи арзишу омолу ормонҳои милливу таърихии миллат ё дар як ибора, бақои миллии он имконпазир мебошад. Дар ин масъала низ муаллифи рисола ҳама пардаҳои пиндорро канор зада, хулосаи қатъиеро пешниҳод мекунад, ки беҳтарин шарҳи он иқтибоси комили худи ин хулоса хоҳад буд: “Ягонагӣ ва умумияти қаламрав, забон, фарҳанг, маданият, урфу одат, идеология, эҳсоси муштараки ирсияти қавмӣ, нажодӣ, ки асоси давлатдории миллиро ташкил мекунанд, фақат тавассути ҳокимияти сиёсии мутамаркиз, бо асосҳои ҳуқуқӣ ва имконоти танзими меъёрҳои конститутсионӣ таъмин карда мешаванд. Бидуни чунин шароит осудагӣ, субот ва рушди миллӣ наметавонад воқеият дошта бошад.
Таҷрибаи таърихӣ ҳама гуна даъвоҳоеро, ки миллат танҳо тавассути забон, адабиёт ва фарҳанг дар фазо ва вақт, дар шароите, ки соҳиби ҳокимияти сиёсӣ нест, фардият, мустақилият, ва ҳувияти хешро нигоҳ дошта метавонад, рад мекунад. Зеро ин гуна даъво аз лиҳози мантиқи сиёсӣ ба воқеият ва дурнамои давлатдорӣ мувофиқ намеояд. Ҳодисаҳои охирини кишвари ҳамсоя ин назарияро бори дигар исбот намуданд.”
Оре, дар ҷаҳони мураккаби имрўз маҳз доштани ҳокимияти сиёсии мутамаркизи худӣ бо салоҳияти тасмимгирӣ ва сарнавиштсозии миллӣ, яъне доштани давлати миллии соҳибистиқлол кафолати бақои як миллат буда метавонад. Ин паём ва ҳақиқатест, ки бояд ҳар фарди миллат ҳамчун формулаи бақои миллӣ дар зеҳни худ устувор дошта бошад.
***
Ҳамин тавр, агар тамоми мулоҳизаҳои болоро ҷамъбасту хулоса намоем, пайванди унсурии аслҳои дунявият, маориф, амният ва давлат ҳамчун зарурату кафолати бақои миллӣ бисёр рўшан мегардад ва тавре дар оғози ёддошт гуфта шуд, таъкид ва исботи ин пайванд шояд муҳимтарин паёми рисолаи «Дар бораи як китоби дарсӣ» низ бошад. Дар ин баҳс ба таври рўшан дида мешавад, ки бо кадом сабаб низоми маориф ҳамчун яке аз пояҳои амнияти миллӣ эътироф шуда, чаро як китоби дарсӣ ҳамчун яке аз унсурҳои муҳимми ташаккулдиҳандаи низоми арзишию амниятии ҷомеа эътироф гашта, чи гуна дар сарнавишти миллӣ таъсир гузошта метавонад.
Аз ин рў, зарур аст, ки омўзиши васеи ин мавзўи барои миллату давлат ҳаётӣ аз сўи аҳли илми ватанӣ идома ёфта, чунин пайванди рўшани ин мафҳуму падидаҳои калидӣ ва аҳаммияти амалии онҳо дар сарнавишти миллӣ дар зеҳни ҳар фарди огоҳи ин миллат ҳосил гардад. Ҳоло муҳим аст, ки мавзўъ ва масъала ба тарзи дуруст ба миён гузошта шуда, авлавияту зарурату вазифаҳои ҷомеа дар ин самти назариявӣ ва амалӣ дуруст мушаххас гаштаанд.
Абдуллоҳи РАҲНАМО, узви Раёсати ИНТ