Ҳамдили адибони тоҷик

 Ҳамдили адибони тоҷик

1 март дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону адабиётшиносон ва тарҷумонҳову рўзноманигорон ба муносибати 90-солагии адибу тарҷумони шинохта Сергей Павлович Сухоян маҳфили ёдбуд баргузор гардид.

Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, мудири бахши драматургияи ИНТ Ато Ҳамдам, мудири бахши очерк ва публитсистикаи ИНТ Ҷумъа Қуддус, сардабири маҷаллаи русизабони «Помир» Мансур Суруш, адабиётшинос Муртазо Зайниддинзода ва шогирди Сухоян Норӣ Раббимдухт дар бораи ҳаёт ва фаъолияти пурсамари эҷодии Сергей Сухоян суханрониҳо карданд.

Ато Мирхоҷа дар сухани ифтитоҳии хеш зикр намуд, ки яке аз нафароне, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ барои дубора эҳё шудани маҷаллаи «Помир» талош кард, адиби русизабон, тарҷумони бомаҳорат Сергей Павлович Сухоян буд. Ў забони тоҷикиро ба дараҷаи лозимӣ медонист. Тарҷумаҳое, ки ҳам аз шеър ва ҳам аз насри мо анҷом додааст, аз чанд ҷиҳат фарқкунандаанд. Бояд осори ў ҷамъоварӣ ва бознашр карда шавад.

Мансур Суруш аз адиб чун инсони нармгуфтору хоксор ёд карда, таъкид дошт, ки дар баробари заҳматҳои эҷодиву тарҷумонии бар дўш гирифтааш дастгири адибону рўзноманигорони дузабона буд. Номбурда дар охир намунаҳое аз шеърҳои Сергей Сухоян қироат карду андешаҳояшро доир ба онҳо иброз дошт.

— Мавсуф саломатии хуб надошт, вале пайваста меҳнат мекард. Эҳтирому муҳаббаташ, пеш аз ҳама, ба забони мо зиёд буд. Дар замони бесарусомониҳо низ бо маоши каме, ки мегирифт, шикоят надошт ва фаъолияташро бомаром идома медод. Шеърҳои кўтоҳу мушаххас ва нишонрас менавишт, — гуфт Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад.

Ба андешаи раиси шўрои робитаҳои адабии ИНТ Муртазо Зайниддинзода, Сергей Сухоян дар тарғибу ташвиқи адабиёти классикиву муосири мо бо ихлоси хос хидмат кардааст. Азбаски армантабор буд, идомадиҳандаи анъанаи хуби робитаҳои адабии тоҷику арман низ ба ҳисоб мерафт. Як қисми умрашро дар нашрияи «Комсомолетс Таджикистана» бо рўзноманигорӣ гузаронда, ки бештар ба гўшаву канорҳои ҷумҳурамон сафар карда, бардоштҳояшро менавишт.

Шогирди адиб тарҷумон Норӣ Раббимдухт тавре дар суханронияш ёдоварӣ намуд, азбаски Сергей Сухоян дар ҳар соҳа дониши зиёду ҷаҳонбинии васеъ дошт, бо ў дар мавзўи дилхоҳ суҳбат кардан осон даст медод. Ҳамчунин Норӣ Рабимдухт гуфт, ки Сухоян нахустин нафаре буд, ки ба ў барои кор кардан дар маҷаллаи «Помир» тавсия додааст. Навиштаҳо ва тарҷумаҳои номбурдаро ҳамеша мехондаасту маслиҳатгари доимиаш будааст. Ба андешаи ў, мавсуф ҳам тарҷумони хуб буд ва ҳам дар шинохти тарҷума аз дигарон фарқ мекард.

Мудири бахши очерк ва публитсистикаи ИНТ Ҷумъа Қуддус зимни ёдоварӣ аз рўзгору осори Сергей Сухоян аз ҷумла иброз дошт:

«Ҳар чизе, ки Сергей Сухоян дар бораи тоҷик ё мавзеъҳои Тоҷикистон менавишт, бо дақиқкориаш хонандаро ба ин гумон меовард, ки онро шояд тоҷике навиштааст. Интихоби шеърҳои шоир барои нашрияҳо хеле осон буд, зеро аксаран дар бораи кишвари мо менавишт».

Ато Ҳамдам, мудири бахши драматургияи ИНТ, ки бо ў робитаи дўстиву эҷодӣ доштааст, дар навбати худ аз ҷумла, ёд кард, ки вақте ба нашриёти «Адиб» ба кор омад, яке аз нафароне, ки аввалин шуда, бо вай ҳамкориро оғоз кард, Сергей Сухоян буд. Ў ҳамчун тарҷумони насри муосири мо низ маъруфу машҳур буд. Ду асари адиб: қиссаҳои «Фиғон» ва «Оби таги ях» — ро ҳам ба русӣ тарҷума кард, ки пешкаши хонандагони рус гаштанд. Асарҳои драмавии Нур Табар, Ҷумъа Қуддус ва Ато Ҳамдам дар тарҷумаи ў дар «Помир» ба нашр расидаанд.

Дар охири маҳфил Абдуллоҳи Раҳнамо ба иштирокдорон изҳори сипос кард. Зикр гардид, ки Сергей Сухоян ба ҳар зарра хоки кишвари мо муҳаббат дошт, ки ҳар навиштааш бар ин гувоҳ буда метавонад.

Б. ТОҶИДДИН

Дигар хабарҳо