ЯКОВ НАЛСКИЙ

ЯКОВ НАЛСКИЙ 23 августи соли 1923 дар деҳаи Хлестановшинаи ноҳияи Жигаловски вилояти Иркутск ба ҷаҳон омадааст. Аз 14-солагӣ ба фаъолияти меҳнатӣ сар карда, заминков, ҷӯяндаи сарватҳои зеризаминӣ, корманди чопхона будааст. Соли 1953 Мактаби олии коммунистии Ленинградро хатм карда бо роҳхати комсомол ба Тоҷикистон омадааст. Котиби созмонҳои комсомолии навоҳии Файзободу Ҷиликӯл ва корманди масъули КМ ЛКСМ Тоҷикистон, аз соли 1937 ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Комунист Таджикистана» будааст.

Солҳои ҶБВ дар фронт ҷангидааст. Баъди бозгашт ходими адабии рӯзномаи «Коммунист Таджикистана», солҳои тӯлонӣ ходими ТоҷикТА (ҳозира АМИТ «Ховар») будааст.

Соли 1949 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, ба аспирантура дохил шудааст, ва дар мавзӯи эҷодиёти шоири халқӣ Бобоюнус Худойдодзода рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Асарҳояш аз соли 1936 чоп шудаанд. Афсонаву қиссаҳои халқии тоҷикиро ҷамъ оварда, се маҷмӯаи шеърҳои Бобоюнус Худойдодзода ва шеърҳои Ҳикмат Ризоро ба чоп расондааст.

Муаллифи қиссаи мустанади «Инженер» (1960), «Ҳикояҳо дар бораи Тоҷикистон» (1968), «Достони водии ҷануб» (1982), «Дар кӯҳистони Бухорои Шарқӣ» (дар се китоб, 1974, 1977, 1984) ва ғ. мебошад.

Дар асоси қиссаи охирин филми бадеии сеқисматаи «Хайру баракат ба хонадони шумо!» («Тоҷикфилм», 1962) ба навор гирифта шудааст.

Чанд китоби очеркҳояш ба табъ расидаанд.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Бо бисёр ордену медалҳои ҷангию меҳнатӣ сарфароз гардидааст.

Соли 1958 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

6 октябри соли 1985 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо