ЛЕВ ҚАНДИНОВ
ЛЕВ ҚАНДИНОВ соли 1932 дар шаҳри Фарғона ба ҷаҳон омадааст. Соли 1955 факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар идораҳо, маҷаллаҳо ва студияҳои гуногуни давлатии кишварамон босамар кор кардааст. Феълан дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иқомат дорад.
Тақризу мақолаҳои зиёдаш дар бораи театру драматургони алоҳидаи тоҷик дар расонаҳои ахбори маҳаллию марказӣ ба табъ расидаанд.
Муаллифи маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Хотира» (1971) ва қиссаи мусаннади «Чун дигарон ҷангидаам» (дар ҳамкории А. Сидқӣ, 1980) мебошад.
Лев Қандинов асосан чун тарҷумон маълуму машҳур гашта, осори бисёре аз адибони тоҷикро ба русӣ гардондааст, ки муҳимтаринашон «Тори анкабут» ва «Зоғҳои бадмур»-и Ҷ. Икромӣ, романҳои «Вафо» ва «Ҳар беша гумон мабар, ки холист….»-и Ф. Ниёзӣ, романи «Шӯроб»-и Р. Ҷалил, қиссаҳои «Духтаре, ки ҷустуҷӯяш мекунам» ва «Балоғат»-и Ю. Акобиров, «Дарё маҷрои нав меҷӯяд»-и М. Наҷмиддинов ва ғ. мебошанд, ки дар нашрияҳои марказӣ ба чоп расидаанд.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.