АМОНОВ РАҶАБ

РАҶАБ АМОНОВ 1 августи соли 1923 дар шаҳри Ӯротеппа таваллуд ёфтааст.

Соли 1938 Омӯзишгоҳи педагогиро хатм карда, соли 1939 донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко шудааст.

Аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ даъват шуда, дар муҳорибаҳо ҷасурона ширкат варзидааст.

Соли 1947 факултаи филологияи донишкадаи номбурдаро ба итмом расонда, соли 1951 вориди аспирантураи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ шудааст.

Солҳои зиёде дар Паҷӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият дошта, аз соли 1958 мудири шуъбаи фолклоршиносӣ будааст.

Соли 1968 дар мавзӯи «Лирикаи халқии тоҷикӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.

Соли 1976 узви вобаста, соли 1981 узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз соли 1947 машғули фаъолияти эҷодӣ буда, нахустин ҳикояҳояш «Ҳаёт», «Чӣ қимат?», «Ду қатра ашк», «Меҳрӣ» ва ғ. гувоҳ аз маҳорати хуби нависандагии ӯ додаанд.

Соли 1961 қиссаи нахустинаш «Дар домани кӯҳҳои кабуд», соли 1978 китоби хотироташ «Навбаҳори чашмасор» чоп шудаанд.

Баъдан китоби қиссаву ҳикояҳояш «Дар нимароҳи умр» (1988), «Қиссаҳои сари кӯҳи баланд» (1990), «Пушаймонӣ» (1993), «Қиссаҳои диёри чашмасор» (1995), «Арӯс ё қиссаи зангирии писари ҳамсоя» (1996), «Ишқи найнавоз» (1996) ва ғ. интишор ёфтаанд.

Рисолаҳои илмии адабии «Очерки эҷодиёти даҳонакии Кӯлоб» (1963), «Аз пайи ҳикмати халқ» (1963), «Асари бадеӣ ва замон» (1970), «Афсонаи сеҳазорсола» (1973), «Рубоиёти халқии тоҷикӣ ва рамзи бадеӣ» (1995), «Қиссаи беди баланд, чанори пургул ва себи Самарқанд» (1981) зодаи қалами ӯстанд.

Муаллифи китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфҳои 3 ва 6 (1973-1980) буда, дар навиштани рисолаи шашҷилдаи илмии «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» ширкати фаъол доштааст.

Мураттиби маҷмӯаҳои «Эҷодиёти даҳонакии Кӯлоб» (1956-1963), «Чистонҳо» (1957, ҳамроҳи Я.Калонтаров), «Афсонаҳои халқи тоҷик» (1957, ҳамроҳи К.Улуғзода), «Намунаҳои фолклори диёри Рӯдакӣ» (1958,1963, ҳамроҳи М.Шукуров), «Афсонаҳои халқии тоҷикӣ» (Маскав, I960), «Афсонаҳои халқи тоҷик» (1963, 1975, 1980) ва ғ. будааст.

Китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» ба забонҳои олмонӣ ва маҷорӣ тарҷума ва чоп шудааст.

Китобҳои бачагонаи «Афсонаҳо барои кӯдакон» (1958), «Ҳафт додарон» (1962), «Лаку Пак» (1966), «Меҳрбону» (1967), «Ҳасанак» (1972), «Ҳикояҳои ҳаҷвии халқӣ» (1973) ва ғ. дар таҳриру таҳияи ӯ ба табъ расидаанд.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1995) ва Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино (1997).

Бо чандин ордену медалу ифтихорномаи ҷангию меҳнатӣ сазовор гардонида шудааст.

Аз соли 1959 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 2002 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо