Аз Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Адибони тоҷик озодиву ободии Ватани азизамонро аз ҷону дил гиромӣ медоранд, зеро хуб дарку эҳсос мекунанд, ки ин неъматҳои беназир дар баҳои ашку хун ва ҷони ҳазорон ҳамватанонамон ба даст омадаанд ва пояи ҳастии ин давлату миллат ва кафолати ояндаи ин марзу буманд. Аз ин рў, рухдодҳои маркази вилояти Бадахшонро бо ларзаи дилу ҷон эҳсос карданд ва самимона хоҳони тинҷиву оромии ин гўшаи Ватан ҳастанд.
Дар ин маврид мо беихтиёр аз Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ва ҳаммаслакони ў ёд меорем, ки ҷони азизашонро фидои роҳи барқарориву устувории давлату миллати тоҷик намуданд; аз мардуми заҳматкаши Бадахшон ёд мекунем, ки дар шароити сангини кўҳистон парчами Истиқлолияти Тоҷикистонро дар Боми Ҷаҳон парафшон ва неъматҳои моддиву маънавии давлату миллатро афзун мекунанд; садҳо зодаи ин вилояти сарбаландро ба хотир меорем, ки дар рушди пайвастаи иқтисоду иҷтимоъ ва маънавиёти кишвар саҳми арзанда доранд; аз Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ёд меорем, ки патриоти содиқи Ватани азизаш буд ва онро бо номи рамзии «Қишлоқи тиллоӣ» манзури ҷаҳониён кард; аз Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд ёд меорем, ки дар замони тарафкашиҳои бехудонаи гурўҳҳои сиёсӣ бошарафона баҳри ваҳдату якпорчагии кишвар овоз баланд кард, аз даҳҳо қаламкашони дигари ин вилоят ёд меорем, ки ҳадафашон рушду нумўи сухани ноби тоҷикист.
Мо, адибон, ки ҳамроҳи мардуми азизамон заҳри қонуншиканӣ, худсарӣ, маҳалгароӣ ва гурўҳбозиҳоро серӣ чашидаем, бар он боварем, ки амну суботи ҷомеа танҳо тавассути риояи қонун таъмин шуда метавонаду бас.
Танҳо Қонун аст, ки давлатро пойдору устувор медорад, танҳо давлат аст, ки миллатро аз нобудӣ мераҳонаду сўи иззату хушномӣ раҳнамоӣ мекунад, танҳо миллат аст, ки чун риштаи заррин аҳли ҷомеаро ба ҳам оварда, сарҷамъу сарбаланд нигоҳ медорад.
Пас, биёед, ин падидаҳои бузурги олами мутамаддинро эҳтиром кунем, арҷ гузорем, пос дорем, то давлату миллати арҷманду сарбаландамон бештар подору устувор бошанд.
Ягон шаҳрванди бошуур ҳақ надорад, ки ба хотири худхоҳиву худпарастӣ ва манфиати шахсиаш ин арзишҳоро нодида бигирад ва ҳар касе, ки ба ин амал роҳ медиҳад, бояд дар назди қонун ҷавоб бигўяд.
Мо, адибон, аз ашхоси маълуми шаҳри Хоруғ қотеъона талаб мекунем, ки аз баҳри саркашиву худсариҳои бемаънӣ – ин зуҳуроти равшани бефарҳангӣ гузаранд, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони қонуншиносро эҳтиром кунанд, ҳаёти дигаронро зери хатар нагузоранд, бидонанд, ки ин шаҳр, ин вилоят, ин мамлакат майдони яккатозиву худхоҳии онҳо не, Ватани озоду озодаи қонунпосдорону ватансозон аст ва бояд чунин озоду озода бимонад!