ШЕРАЛӢ ЛОИҚ

 ШЕРАЛӢ ЛОИҚ

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби ҳафтсолаи деҳа таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент идома додааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм карда, солҳои 1963-1965 муҳаррири шуъбаи адабиёт, мусиқӣ ва драмаи Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон, 1965-1966 ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» солҳои 1967-1975 мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои 1975-1991 мушовири назми Иттифоқи нависандагон, сармуҳаррири «Садои Шарқ», аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ будааст.

Аз ибтидои солҳои шастуми асри гузашта, дар баробари навиштани очерку мақолаву эссеҳои проблемавии публитсистӣ ва тарҷумаи бадеӣ, пайваста ба таълифу чопи шеър иштиғол варзида таҳти сарпарастӣ ва ғамхориҳои падаронаи устодони шеъри муосири тоҷикӣ Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Мирсаид Миршакар ба воя расидааст.

 Аввалин гулчини ашъораш «Сари сабз» соли 1966, бо таҳриру раҳнамойӣ ва фотаҳаи неки Сотим Улуғзода аз чоп баромадааст, ки дар мактубаш унвонии нашриёти «Ирфон» овардааст: «Шоири ҷавон хеле боистеъдод ва маҷмӯаи ашъораш пурмазмун аст».

Баъдан ашъори Лоиқ мунтазам дар авроқи матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳои «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо» (1972), «Ташнадил (ба хати ниёкон, 1974), «Хоки Ватан» (1975), «Резаборон» (1976), «Марди роҳ» (1979), «Варақи санг» (1980), «Хонаи чашм» (1982), «Рӯзи сафед» (1984), «Хонаи дил» (1986), «Офтобборон» (1988), «Дасти дуои модар» (1991), «Ҷоми саршор» (1991), «Ману дарё» (1991), «Аввалу охири ишқ» (1994), «Гулчине аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ» (Теҳрон, 1994), «Дасти дуои модар» (Исфаҳон, 1995), «Фарёди бефарёдрас» (1997, 2003), «Рӯҳи Рахш» (Теҳрон, 2000), «Куллиёт» (2001, 2008), «Ангораҳо» (2001), «Мунтахаби ашъор» (2004), «Девони дил» (2007), «Девони пирӣ» (2008), «Девони замон» (2011), «Саду як ғазал» (2013), «Илҳом аз «Шоҳнома» (2014) ва ғ. ба дасти чоп расидаанд.

Истеъдоди фитриву зотии устод Лоиқ аз шеъре ба шеъре, аз силсилае то силсилае, аз маҷмӯае то маҷмӯае сайқалу такмил ва ҷилои тоза пайдо карда, шеъри садаи бистуми тоҷикро гардишу тобиши наве бахшида, раҳнамойӣ, таъсирбахшӣ ва зимомдорӣ кардааст. Офаридаҳояш мамлуву маъҷуни беҳин дастовардаҳои адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, эҷодиёти ғановатманди шифоҳию гӯйишҳои сараи мардумӣ ва адабиёти пешқадами ҷаҳон буда, барои пайдоиш ва густариши сабки хосу мактаби қавии шоирии ӯ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Шеъри ҷаззоби ӯ шеъри ҳамзамони тоҷикро бо шеъри ноби ҳазорсола пайванди ҷовидона бахшид. Забони маснӯъ ва тарҷумазадаро аз маснади хеш фурӯ нишонда, забони бою пурғановат ва равону поки дариро ҷойгузинаш кард, сабки хуросонии Рӯдакию Фирдавсиро ҷилою тавонмандии дигаре бахшид. Рӯҳу ғурури шоистаи миллӣ ва эҳсоси волои ватанхоҳию башардӯстии бузургони миллатро дар замону заминаи наве рангу ҷило ва парвози бештаре ато фармуд.

Мақолаву гузоришоти ӯ дар боби таҷлилу тамҷиди Ватану забони модарӣ, посдошти таъриху фарҳанги миллӣ, манзалати волои шеъру шоирӣ, падидаҳои нодири адабӣ, истилоҳу вожасозии навин ва ғ. дар болобурди савияи худшиносии миллӣ ва рушду камоли забони модарӣ саҳми беназире гузоштаанд.

Намунаҳоеро аз ашъори беҳтарини А. С. Пушкин, Ҳ. Ҳайне, В. Ҳюго, И. В. Гёте, П.Неруда, В, Уитмен, С. Есенин, М. Светлов, Р. Ҳамзатов, Е. Евтушенко, С. Капутикян, Э. Межелайтис, Қ. Қулиев, Й. Милев, Г. Птитсин ва диг. ба тоҷикӣ гардондааст, ки аз зеботарину шевотарин намунаҳои тарҷумаи бадеӣ дар адабиётамон эътироф гардидаанд.

Офаридаҳои ноби устод Лоиқ ба чандин забони мардуми оламу шӯравӣ, аз ҷумла, ба русӣ, дар маҷмӯаҳои «Улыбка зари» (1969), «Завещанная земля» (1972), «Струны дождя» (1978), «Встречаю солнце» (1984), «Чаша Хайяма» (1985), «Моленье о дожде» (1989), ба ӯзбекӣ дар гулчини «Муҳаббатим» (Тошканд, 1985) ва ғ. тарҷумаву чоп шудаанд.

Барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1978), Ҷоизаи байналхалқии «Нилуфар» (1999). Шоири халқии Тоҷикистон (1991). Дорандаи чандин ордену медалу ифтихорномаҳо.

Депутати Шӯрои Олии СССР.

Чандин мактабу маҳаллаву муассиса номи шарифи ӯро ҷовидонӣ медоранд.

Соли 1965, дар 24-солагӣ, ба туфайли шеъри маъруфи «Ба модарам», бо тавсияи бевоситаи устод Мирзо Турсунзода, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст, ки ҳодисаи нодири таърихию адабист.

30 июни соли 2000 аз олам даргузашт.

Мадфани шарифаш дар «Мазористони Лучоб» қарор дорад.

Дигар хабарҳо