РАҶАБ НАСИМ
НАСИМ РАҶАБ 8 августи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд дида ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро ба итмом расондааст. Баъдан озими Душанбе шуда, дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳозира «Анбоз») ба кор парохтааст ва панҷоҳ сол аст, ки дар ҳамин даргоҳ содиқона хидмат мекунад.
Ба шарофати хидмат дар рӯзномаи «Анбоз» саросари ҷумҳуриро тай карда, олами пиндору рафтори хурдсолон ва назокату асолати пешаи омӯзгорро омӯхтааст ва бо таҷрибаи кофӣ ба эҷоди асарҳои бадъеӣ рӯй овардааст. Аз ҳаёти мактабу маориф мақолаю очеркҳои зиёде навиштааст. Ҳикояҳояш дар авроқи маҷаллаву рӯзнома ва китобҳои дарсию баёзҳо ба табъ расидаанд.
Нахустин қиссаи ӯ «Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд» (1987) аз ҳаёту маънавиёти наврасон ҳикоя мекунад. Силсилаи қиссаҳояш «Ҷонам фидои яхмос», «Фара, Фира, Зара», «Муаттар», «Муаллими кӯча», «Ошиқи ситорачашм», «Асрори боғи бобом», «Хонае, ки сӯяш мешитобам», «Муждае, ки интизораш набуд», «Ишқи духтари яҳудӣ» ва монанди инҳоро бачагону наврасони кишвар хуш пазируфтаанд.
«Асарҳои мунтахаб»-и ӯ, ки нӯҳ қиссаи беҳтарини муаллифро дар бар мегирад, аз муҳимтарин падидаҳои адабиёти кӯдакону наврасони тоҷик дар солҳои охир ба ҳисоб мераванд.
Ҳамчунин, муаллифи драмаҳои якпардагии «Ниқор»-у «Марги оҳанпорағундориатон!» мебошад.
Баргузидаи қиссаю ҳикоёти И.С.Тургенев, Ю.Сотник, Н.Носов, А.Алексин, М.Гумилевская, З.Дӯстматов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнист.
Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
6 январи соли 2023 аз олам даргузашт.