МУАЗЗАМА
МУАЗЗАМА (муаззама аҳмадова) 20 марти соли 1952 дар деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара ба ҷаҳон омадааст. Мактаби миёнаи зодгоҳашро хатм карда, шуъбаи химияву биологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро ба итмом расондааст. Чанде дар мактаб омӯзгор будааст.
Дар ибтидо барои кӯдакон шеър менавишт. Намунаҳои ашъори шогирдонааш дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» чоп шудаанд.
Меҳри сухану адабиёт Муаззамаро ба Душанбе овардааст ва то охири умр корманди ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» будааст.
Аз байни духтарони тоҷик нахустин касе буд, ки ҷиддан ҳикоянависиро пеша карда, дар ин ҷода шодком гаштааст. Дар муддати кӯтоҳе ҳикояҳои «Себи сурх», «Бозгашти Бодом», «Ман, Амур ва очаам», «Соҳиби аспи сафед», «Рӯймолчаи сари девор», «Афсона» ва «Гулпараки зарринбол»-аш дар байни хонандагон маҳбубият пайдо кардаанд. Ба таъбири академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, «қалами тасвири Муаззама, бо вуҷуди навкорӣ, хаёлҳои рангин, орзуҳои ширин ва умеди қавиеро, ки ҷавонони наврас аз ин зиндагӣ доранд, намоён месозад».
Гулчини офаридаҳои Муаззама дар маҷмӯаҳои «Соҳиби аспи сафед» (1986) ва «Афсонаи танҳоӣ» (2010) ба дасти чоп расидаанд.
Умр ба Муаззама вафо накард. Ӯ 3 марти соли 1988 дар сари мизи кориаш (дар идораи ҳафтавори «Адабиёт ва санъат») аз олам даргузашт.