МАҲМАДШОҲ АҲМАДШОҲ
АҲМАДШОҲИ МАҲМАДШОҲ 28 апрели соли 1954 дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба ҷаҳон омадааст. Соли 1971 мактаби миёнаи деҳа, соли 1976 шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. То моҳи апрели соли 1978 корманди радиои ноҳияи Ленин буда, сипас дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва Телевизиони ҷумҳурӣ ба ҳайси мухбир ва муҳаррир фаъолият доштааст. Аз сентябри соли 1979 муҳаррири нашриёти «Маориф» буда, аз апрели соли 1987 дар нашриёти «Адиб» ифои вазифа кардааст ва то моҳи январи соли 2004 муҳаррири шуъбаи адабиёти муосири ҳамин нашриёт будааст.
Аз солҳои донишҷӯӣ ба кори эҷодӣ машғул буда, ҳикояҳои аввалинаш аз миёнаи солҳои ҳафтодум ба табъ расидаанд.
Муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвии «Гап байни худамон» (1986), «Каҷ дору марез» (1991), «Зинда будан кам аст!» (1998), «Арӯс аз Тошканд» (1998), «Дарро задам, девор кафид» (2003), «Аз гаҳвора то ситора» (2014) ва ғ. мебошад.
Қиссаи адибаи Лаҳистон З. Кандзинская «Шаби торик киштиҳо ба якдигар дучор оянд» (1981), қиссаву ҳикояҳои адиби ӯзбек Х. Тӯхтабоев «Саргузашти Амонбой ва Давронбой» (1985), қиссаи адиби югославӣ Б. Китанович «Марди майдон» (1990) ва чандин ҳикояҳои М. Твен, О. Генри, К. Чапек, Я. Гашек, Б. Нушич, адибони Русия, Қафқоз, ҷумҳуриҳои Соҳили Балтика ва Осиёи Марказиро ба тоҷикӣ гардондааст.
Чанде аз навиштаҳояш бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, эстонӣ, қазоқӣ ва қирғизӣ тарҷума шудаанд.
Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
13 январи соли 2004 аз олам даргузашт.