АСКАР ҲИЛОЛИЁН

 АСКАР ҲИЛОЛИЁН

ҲИЛОЛИЁН АСКАР 25 марти соли 1923 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таваллуд шудааст.

Солҳои 1929-1938 дар мактаб ва Омӯзишгоҳи тибби Машҳад, баъдан дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров таҳсил кардааст.

Аз соли 1948 машғули фаъолияти босамари рӯзноманигорӣ будааст.

Оғози фаъолияташ дар соҳаи адабиёт ба соли 1942 рост омада, муаллифи китобҳои «Аз Мастчоҳ ба Мастчоҳ» (ҳамроҳи Ҳоҷӣ Содиқ, 1961) ва ҳикояи «Нозанин» (1964) мебошад.

Дар ҳамқаламии Аминҷон Шукӯҳӣ ҳикояи «Шаҳло», қиссаҳои «Шаҳло ва Шифо» (1960), «Имзои шахсӣ» (1967), романи «Печутоби роҳҳо» (1977-1979)-ро таълиф кардааст.

Асари М.Горкий «Университетҳои ман», қиссаву ҳикояҳои алоҳидаи В. Гюго, романи Н.Островский «Зодагони тӯфон»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон.

Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 1994 вафот кард.

Дигар хабарҳо