АЛАМШОҲ ҚУРБОН

 АЛАМШОҲ ҚУРБОН

 

ҚУРБОНИ АЛАМШОҲ (Аламшоев Қурбониддин Мирзовафоевич) 5 июни соли 1960 дар деҳаи Миденшарви ноҳияи Шуғнон (ҳозира Роштқалъа)-и  ВМКБ таваллуд ёфтааст.

Пас аз хатми мактаби миёнаи №69 ба номи Павел Лукнитский муддате дар совхози «Октябр»-и ноҳия коргар будааст.

Соли 1979 вориди факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуда, соли 1983 таҳсилро дар факултаи журналистикаи Университети давлатии Ленинград ба номи А.А.Жданов (ҳозира Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург) идома додааст ва донишгоҳро соли 1985 бо дипломи аъло ба итмом расондааст.

Баъди хатми донишгоҳ, як сол дар нашриёти «Маориф» ба сифати муҳаррир кор кардааст.

Соли 1987  барои  кор  ба  рӯзномаи «Бадахшони советӣ» (ҳозира рӯзномаи вилоятии «Бадахшон») даъват шуда, то соли 1992 дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурдааст.

Аз соли 1991 муассис ва масъули нахустин корхонаи чопи китоб дар Помир буда, зиёда аз ҳафтод номгӯй кутуби мухталифро ба чоп расондааст.

Яке аз муассисони нахустин рӯзномаи мустақил дар Тоҷикистон – «Фарҳанги Бадахшон» (1989-1994) мебошад.

Аз соли 1999 то моҳи июли 2010 ҳамкори бахши форсии радиои Би-Би-Си дар ВМКБ будааст.

Айни ҳол мудирии Маркази васоити ахбори оммаи «Помирмассмедиасентр» ва Ожонсии иттилоотии «Помир-Медиа»-ро бар ӯҳда дорад. Муассиси Ожонсии иттилоотии «Помир-Медиа» (2006), навидномаи «Чатри симин» (1998-2006),  рӯзномаи   иттилоотӣ-таҳлилии  умумиҷумҳуриявии «Помир» (2010) мебошад. Номзади  илмҳои  таърих.  31  декабри соли 2013   дар   мавзӯи   «Шириншоҳ   Шоҳтемур – ходими ҷамъиятӣ ва сиёсии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Аввалин ҳикояву мақолаҳояш дар рӯзномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», «Пионери  Тоҷикистон»,  маҷаллаҳои «Машъал»,   «Хорпуштак», рӯзномаҳои «Смена» ва «Ленинградская правда» чоп шудаанд.

Муаллифи     китобҳои     «Ҳикоёт»    (1996), «Гӯсфанди Марко» (1998) ва «Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам» (дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ходими намоёни сиёсиву давлатӣ, Қаҳрамони  Тоҷикистон   Шириншоҳ Шоҳтемур; 1999) аст.

Соли 2012 китоби «Шоҳтемур дар адабиёти тоҷик» – маҷмӯаи осори адибони тоҷик дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон Ш.Шоҳтемур ва маҳсули таҳқиқоти ӯ дар бойгониро таҳти унвони «Помир, 1937» ба чоп расонд.

Соли 2013 китобҳояш «Достони муаллим» ва «Шириншо Шоҳтемур дар таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон» (ба забони русӣ) аз чоп баромаданд.

Мазҳакаи адиби машҳури сербӣ Бронислав Нушич «Депутати халқӣ» (2009), «Дӯстам Тембо»-и С.Сахарнов (1987) ва «Мбулуи заррин» (ҳикоёти халқии Гвинея Биссау, 1988) дар тарҷумаи ӯ ба чоп расидаанд.

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

Аз соли 1988 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Дигар хабарҳо