АКОБИРОВ ЮСУФ

 АКОБИРОВ ЮСУФ

ЮСУФ АКОБИРОВ 1 октябри соли 1937 дар деҳаи Соктаре (ҳозира Садриддин Айнӣ)-и ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро зода шудааст.

Баъди касби номаи камоли мактаби миёнаи зодгоҳаш соҳиби дипломи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1959) гардидааст.

Сипас, чанде мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», солҳои 1960-1961 донишҷӯи Курси олии филмноманависон (Маскав), ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», котиби масъули моҳномаи «Садои Шарқ», котиби масъули Кумитаи мукофоти давлатии адабии Тоҷикистон будааст.

Аз солҳои донишҷӯйӣ машқи қалам карда, соли 1958 драмаи «Рӯдакӣ»-ро навиштааст, ки Театри давлатии Хуҷанд ба саҳна гузоштааст.

Баъдан қиссаҳои «Вақте ки осиё бозмонд» (1963), «Духтаре, ки ҷустуҷӯяш мекунам» (1964), «Мунира» (1965), «Балоғат» (1968), китоби очерку ҳикояҳои «Қандак гул кард» (1965), «Осмони соф» (1969), «Садриддин Айнӣ» (ҳамроҳи Ш.Ҳарисов; 1968, Маскав), романҳои «Замини падарон» (1974), «Норак» (1979), «Водии муҳаббат» (1980), «Дунё ба умед» (1980), мунтахаби очерку ҳикояҳои «Сайри дирӯзу фардо» (1980)-ро дастраси умум гардонда, дар миёни хонандагон шуҳрати тамом ёфтааст.

Дар заминаи «Вақте ки осиё бозмонд» (1973) ва «Балоғат» (1984) филмҳои бадеӣ офарида шудаанд.

Аксари қиссаву романҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Маскав ва дигар шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо теъдоди зиёде ба табъ расидаанд.

Асарҳои ҷудогонааш ба забонҳои халқҳои ҷаҳон тарҷума ва чоп шудаанд.

Драмаи «Лайлатулқадр»-и ӯ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳнагузорӣ шудааст. Осори алоҳидаи Ф.Достоевский, А.Чехов, М.Авезов, А.Мухтор, С.Аҳмад, М.Левин, З.Дӯстматов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Соли 1980 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1980 шарафёби Ҷоизаи адабии ВЦСПС ва Иттифоқи нависандагони СССР гардидааст.

 Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997), Нависандаи халқии Тоҷикистон (2001).

Бо нишону ифтихорномаҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

12 октябри соли 2011 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо