ШУҶОЪ ШАҲОБУДДИН

 ШУҶОЪ ШАҲОБУДДИН

ШАҲОБУДДИНИ ШУҶОЪ (Маҳмадшоев Шаҳобуддин Шуҷоуддинович) 27 августи соли 1961 дар деҳаи Томини ноҳияи Айниии вилояти Суғди ҷумҳурӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1985 факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм кардааст. Солҳои 1982-1983, 1985-1987 дар Афғонистон машғули фаъолияти тарҷумонӣ, солҳои 1988-1989 корманди Китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии АИ ҷумҳурӣ, солҳои 1989-1991 хабарнигори шуъбаи Тоҷикистони Агентии навигариҳои матбуот (АПН) будааст. Соли 1991 ба аспирантураи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ дохил шуда, рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Аз соли 2000 то 2011 дар ҳамин муассиса саргарми пажӯҳиши илмӣ будааст. Аз соли 2011 директори нашриёти «Бухоро»-ст.

Муаллифи рисолаи «Бозтоби анъана дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода» ва беш аз 30 мақолаи илмӣ ва илмии оммавист.

Шеърҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд. Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дорандаи медал ва силсилаи ифтихорномаҳо.

Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо