САФАР АШӮР

 САФАР АШӮР

АШӮР САФАР 1 майи соли 1928 дар деҳаи Работингаки ноҳияи Маскав (ҳозира Мир Саййидалии Ҳамадонӣ) ба ҷаҳон омадааст. Баъди мактаби миёна Донишкадаи муаллимтайёркунии Кӯлобро ба фарҷом расонда, муддате дар макотиби минтақа омӯзгорӣ кардааст. Соли 1958 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм карда, дар вазифаҳои нозири калони шуъбаи маориф, ходими адабии рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб», мухбири радиои ҷумҳурӣ дар навоҳии Кӯлоб, мудири шуъбаи маънавиёти рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб», директори Хонаи пешоҳангон, директори Бунгоҳи табиатшиносони ҷавони вилояти Кӯлоб иҷрои вазифа намудааст. Ҳамзамон, аз фаъолияти омӯзгорӣ дур нашуда, ба толибъилмон беш аз 50 сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Натиҷаи ҳамин хидматҳост, ки сазовори унвони фахрии «Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ» гардонида шудааст.

Фаъолияти эҷодии Ашӯр Сафар аз ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта оғоз ёфта, бо маҷмӯаи ашъори «Ибтидои роҳ» (1964) ба дунёи шеъру шоирӣ ворид омадааст ва ба гунаи мушоҳиди ҳассоси неку бади зиндагӣ рангомезиҳои сарнавишти инсонро дар шеъру таронаҳояш воқеъбинонаю шарикона ба қалам овардааст.

Шеъру қиссаҳои Ашӯр Сафар ҷанбаи пурқуввати лирикиву иҷтимоӣ дошта, дар маҷмӯаҳои «Ибтидои роҳ» (1964), «Илҳом» (1970), «Хандаи гулҳо» (1973), «Фарзанди аср» (1976) интишор ёфтаанд.

Беҳтарин намунаҳои эҷоди шоир дар китоби «Самари умр» (1980) ҷойгузин шуда, бо номи «Плоди жизни» («Советский писатель», Маскав, 1984) пешкаши хонандагони русизабон ҳам гардидааст.

Хонандагони хурдсол шеъру афсона ва чистонҳои бисёри шоирро, ки дар китобҳои «Дастёри додо» (1979), «Гулгардонӣ» (1989) ва «Э мойнӣ, мойнӣ» (1994) гирд омадаанд, азёд медонанду мехонанд.

Шеърҳои ҳаҷвии шоир аз намунаҳои беҳтарини ҳаҷвиёти адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд, ки маҷмӯаи «Гапи подор» (1987) гувоҳи даъвост.

Муаллифи маҷмӯаҳои «Гули Маҳтоб» (1983), «Базми садоқат» (1984), «Раиси Миралӣ» (1984), «Холи фатир» (1987), «Цветок луны» (ба забони русӣ, 1987), «Арзи меҳр» (ба ҳуруфи арабӣ, 1993), «Достони нотамом» (1993), «Китоби нохонда» (1995), «Рӯзи сиёҳ» (1994), «Андешаи зиндагӣ» (1997), «Хӯшаи нур» (1998), «Мунтахабот» (2003), «Борони ҳидоят» (2008) аст.

Маҷмӯаи «Арзи меҳр» (1994)-аш сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардида, «Гулчини ашъор» (1997)-аш дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидааст.

Ашӯр Сафар дар боби тарҷумаи осори адибони хориҷӣ ва ҷамоҳири бародар ҳам хизмати шоиста карда, намунаҳое аз ашъори Р. Ҳамзатов, А. Софронов, С. Смирнов, Зулфия, П. Хузангай ва дигаронро пешкаши хонандаи тоҷик гардондааст. Тарҷумаи маҷмӯаҳои ашъори Қармис Дӯсанов «Табассуми Офтоб» (1985), Семён Данилов «Офтоби зимистон» (1987) ва Захария Станку «Сатрҳои оддӣ» (1990) ҳам ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Ашъори алоҳидаи Ашӯр Сафар ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, қирғизӣ, украинӣ, литвонӣ, латишӣ тарҷумаву нашр шудаанд.

Шоири халқии Тоҷикистон (1991).

Аз соли 1962 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1967 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

10 январи 1997 аз олам даргузашт.

Дар Кӯлоб Китобхона-осорхона, хиёбон, нимпайкара ва дар Душанбе кӯчае номи ӯро доранд.

Дигар хабарҳо