РАҲИМЗОДА БОҚӢ

 РАҲИМЗОДА БОҚӢ

БОҚӢ РАҲИМЗОДА 15 майи соли 1910 дар деҳаи Сорбоғи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) таваллуд ёфтааст. Соли 1931 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Самарқанд таҳсил кардааст. Баъдан дар мактабҳои ноҳияи Ғарм муаллим будааст. Соли 1941 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, дар ҳамон ҷой ба муаллимӣ пардохтааст.

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанист.

Аз соли 1948 мушовири ҷавонони эҷодкори ИН Тоҷикистон будааст ва дар ин ҷабҳа корҳои шоёнеро ба сомон расондааст.

Шеърҳои аввалинаш аз охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Соли 1945 маҷмӯаи аввалинаш бо номи «Ба фронт» чоп шудааст. Баъдан китобҳояш «Иди Ғалаба» (1946), «Солҳои оташин» (1948), «Барги сабз», «Ҳаёт ва сухан» (1955), «Чашма» (1957), достони «Роҳи нури Офтоб» (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» (мунтахабот, 1966), «Илҳом» (1973), дуҷилдаи «Осор» (1975-1976), «Шохаи гул» (ба форсӣ, 1979), дуҷилдаи «Осор» (1982-1983), «Шеъру достонҳо» (1983) ва ғ. ба табъ расидаанд.

Драмаҳои «Қиссаи Таърифхӯҷаев» (ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ, 1953), «Дар сояи шипанг» (ҳамроҳи Муҳаммадҷон Рабиев, 1954), «Гаҳвораи тилло» (ҳамроҳи Саидсултон Саидмуродов, 1956) ва «Сияҳсувор» (1974)-аш дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.

Муаллифи либреттои «Духтаре аз Душанбе» (ҳамроҳи Шамсӣ Қиём) мебошад, ки Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба саҳна гузоштааст.

Китоби «Саргузаштҳои Соқӣ» (1973) аз маҳорати баланди ҳаҷвнигории ӯ дарак медиҳад.

Ӯ миёни мардум ҳамчун шоири суҳбаторо ва маҳфилоро эҳтироми хоса дошт.

Осораш лабрези ғояҳои олии ватандӯстию интернатсионалӣ, дӯстию равобити халқҳо, андешаҳои волои гуманистӣ буда, ашъори абёти гуногунаш ҳамеша вирди забони хурду калонанд.

Ашъори ба забони русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Мои песни» (1951), «Родник» (1957), «Зелёный лист» (Маскав, 1963), «Путь солнечного луча» (1964), «Чудо» (1971), «С Крыши Мира» (Маскав, 1973) ва ғ. чоп шудаанд.

Осори алоҳидаи адибони рус ва дигар халқҳои шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.

Борҳо вакили халқ дар порлумони замон интихоб шудааст. Бо бисёр нишону ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст.

Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1967), Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соҳиби унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (1974).

Бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ду ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

30 январи соли 1980 аз олам даргузашт.

Дар «Боғи Устод Айнӣ» мадфун аст.

Дигар хабарҳо