КЕНҶАЕВА ЛАТОФАТ
ЛАТОФАТ КЕНҶАЕВА (тахаллуси шоирияш Сабрин) 8 июни соли 1950 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №1 ноҳия, соли 1967, донишҷӯи шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1972 бо дипломи аъло тамом кардааст ва дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба кор пардохтааст.
Аз соли 1981 то соли 2014 дар маҷаллаи ҷавонону наврасон «Истиқбол» (собиқ «Машъал») ба ҳайси сардабир кор кард. Соли 1996 дар назди маҷалла Созмони кӯдакони соҳибистеъдод «Истиқбол»-ро таъсис додааст, ки раисии онро бар уҳда дорад.
Ҳанӯз аз давраҳои мактабхонӣ машқи шеър карда, шеърҳои бачагона менавишт. Намунаи шеъру ҳикояҳои ӯ дар матбуоти даврӣ, дар китоби «Тазкираи адабиёти бачагон» ва чандин маҷмӯаи дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Китоби «Сандуқчаи марворид», ки аз тезгӯяку чистон ва бозиҳою кистонҳо таркиб ёфтааст, барои бачагон эҷод шуда, соли 1997 ба табъ расидааст ва чун дастури омӯзишӣ барои мактабҳои миёна тасдиқ шудааст. «Афсонаи Тиллонур» ғолиби озмуни ЮНЕСКО ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ гардидааст.
Асарҳои дигари назмию насрии Латофат дар маҷмӯаҳои «Лолаарӯсак» (1980), «Таронаҳо» (1982), «Марҷони ранга» (1986), «Шарораи хотираҳо» (1990), «Сандуқчаи марворид» (1997), «Рози шабнам» (2000), «Мусича ва дурдона» (2003), «Оҳи гусаста» (2003), «Нома ба бародар» (2005), «Гурбаи Сомон ва чӯҷаи Ораш» (2005), «Наҷотбахши дунё кист?» (2005), «Қофиябозӣ (қ. 1-2, 2006), «Шеърҳо» (2009), «Хилвати гесӯ» (2009), «Фариштае ба нури орзу» (2009), «Афсонаи Тиллонур» (2010), «Гаҳвораҷунбон» (2010), «Саргузашти чӯҷаи доно» (2012), «Қофиябозӣ-10» (2013), «Мӯрчаяки баднафс» (2013), «Зиёфат» (2013), «Афсонаи 10» (2013), «Бозии рустшавакон» (2013), «Шукрон, куҷоӣ?» (2014), «Очабузи Шоҳона» (2014), «Садбарги ҳаё» (2014) ва ғ. фароҳам омадаанд, ки ҳам барои кӯдакону навҷавонон, ҳам барои калонсолон офарида шудаанд.
Қиссаи «Нома ба бародар»-и Латофат тарҷумаҳолӣ буда, аз рӯзгори пурмашаққат, вале ибратангези ӯ қисса мекунад.
Таронаҳои Латофат низ шеъргунаанд. Ҳамон эҳсосу отифа ва зебоиву назокате, ки дар шеърҳояш дида мешаванд, дар таронаҳояш ҳам ҷой доранд.
Латофат ғазалсаро ҳам буда, дар ғазалҳояш ишқу вафо, иффату ҳаё, покизагиву сафо ахлоқу одоби ҳамидаи духтари тоҷикро меситояд.
Умуман, муаллифи беш аз 50 китоби насрию назмӣ барои кӯдакону наврасон мебошад. Беш аз 700 мақолаву очерк иншо кардааст. Дар кори тарҷумаи бадеӣ низ фаъол буда, осори чанде аз адибони ҷаҳонро ба тоҷикӣ гардондааст. Аз ҷумла, тарҷумаи асарҳои адиби эстонӣ Эно Рауд «Сип-сик», «Кинокамерае, ки ҳама чизро донистан мехост», адиби молдовӣ Аврел Чокану «Афсонаҳои кӯзаи кӯҳна», «Кишвари одамони яхин», шеърҳои Наталия Юркова «Моҳ ва фил» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Асарҳои алоҳидаи Латофат ба забонҳои русӣ, инглисӣ, ӯзбекӣ, белорусӣ, украинӣ ва ғ. тарҷума шудаанд.
Хидматҳояш дар соҳаи матбуот ва адабиёт бо медали «Меҳнати шоиста» қадрдонӣ шудаанд. Дорандаи унвонҳои ифтихории «Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Узви Иттифоқи нависандагон (1996) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1998) мебошад.