ЁДГОРӢ ШОҲМУЗАФФАР
ШОҲМУЗАФФАР ЁДГОРӢ 1 январи соли 1940 дар деҳаи Бузкушаки ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст.
Мактаби миёнаро дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ хатм карда, вориди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1962 ба итмом расондааст.
Баробари хатми донишгоҳ ба кори матбуот гузашта, дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», аз соли 1980 дар бахши тарғибу ташвиқи адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ кор кардааст.
Боз дар соҳаи матбуот ба фаъолият пардохта, то охири соли 1990 муҳаррири рӯзномаи ҳизбии вилояти Кӯлоб – «Роҳи Ленинӣ» будааст.
То соли 1995 раисии шуъбаи Кӯлоби Иттифоқи нависандагонро бар зимма дошта, ҳамон сол боз ба марказ даъват шуда, то охири соли 2000 сармуҳарририи рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро адо намудааст.
Шеъри аввалинаш ҳангоми мактабхонӣ (1957) чоп шуда, баъдан дар рӯзномаю маҷаллаҳои «Тоҷикистони Советӣ», «Газетаи муаллимон», «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», «Хорпуштак» ва «Тоҷикистон» ба табъ расидаанд.
Гулчини нахустини ашъораш «Як шоха гул» соли 1970 ба дасти хонандагон расидааст.
Минбаъд офаридаҳояш дар авроқи китоби «Соҳили бахт» (1977), «Даргоҳи деҳқон» (1980), «Фарзандон» (1982), «Симои халқ» (1984), «Вохӯрии гуворо» (1985), «Сарбандакҳои сурх алвонҷ мехуранд» (1985), «Ҳар тори мӯ вафоям» (1987), «Ишқи мо пирӣ надорад» (1993), «Ҳеч кас монанди ман дилдода нест» (2002), «Порог дехканина» (Маскав, 1987) ва ғ. ба табъ расидаанд.
Муаллифи романҳои «Васваса» («Адиб», 2010) ва «Талош» (2013) мебошад. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С.Айнӣ.
Намунаҳое аз ашъорашро ҳаводорони каломи мавзуни украинӣ, арманӣ, қазоқӣ, литвонӣ, қирғизӣ, инглисӣ ба забони модарии худ мехонанд.
Иддае аз шеърҳои О.Туманян, А.Исаакян, Қ.Қулиев, С.Йовенко, П.Ҳузангай, Рута Вента, Файз Аҳмади Файз, Б.Божилов, китоби шеъру достонҳои Якуб Колас ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Борҳо депутати Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб, узви Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст.
Солҳои тӯлонӣ узви Кумитаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.
Бо унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) ва Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1983) мукофотонида шудааст.
Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
23 августи соли 2009 аз олам даргузашт.