ҒОЙИБ ҲАСАН
- ШОИРОН
- 14.01.2022
- 326
ҲАСАНБОЙ ҒОЙИБ шоир, тарҷумон ва публитсисти шинохтаи ўзбекзабони Тоҷикистон буда, 1 январи соли 1968 дар шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таҳсилоти олӣ дошта, факултаи металлургияи Донишкадаи политехникии Қазоқистон ба номи В. И. Ленинро бо ихтисоси муҳандис — механик хатм намудааст. Айни замон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» фаъолият менамояд.
Мавсуф муаллифи китобҳои манзуми: «Висол», «Рангорангии рўҳам», «Фасли бедорӣ», «Гулҳои замирам», «Шабҳои маҳзуни дил», “Дар ҳиҷрон месўзад дил”, «Армуғон», «Алвончаки ҳаёт», «Гулҳои хаёл», “Дийдор соғинчи” (тарҷумаҳо), “Тайна глубины», “Heimatort”, “Юлдузлар шивири” (тарҷумаҳо), «Цветок надежды” — «Гули умед» (Москва), “Ишқим кўчар юлдузларга”, асарҳои публитсистии «Мозийга айланган йиллар», «Аҳиллик ҳам ибодатдир», “Аз азал дўсту қадрдон”, «Ул ажиб давронлар», “Абадият кўприги” (тарҷумаҳо), “Соати беақрабак” (тарҷумаҳо) ва “Фарзанди шуҷои диёр” мебошад.
Асарҳои ў ба забонҳои ўзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ ва олмонӣ ба нашр расидаанд. Дурдонаҳои ашъораш ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, олмонӣ, англисӣ, португалӣ, украинӣ, белорусӣ, полякӣ, ветнамӣ, фаронсавӣ, туркӣ, озарӣ, қазоқӣ, туркманӣ, уйғурӣ, лазгӣ, қирғизӣ, тоторӣ, қумиқӣ ва ноғайӣ тарҷума гардидааст. Чакидаҳои хомаи ҲасанбойҒоиб дар дохили кишвар ва хориҷи он, аз ҷумла, дар васоити омма ва сомонаҳои интернетии Федератсияи Россия, Ўзбекистон, Белорус, Украина, Туркия, Ветнам, Озарбойҷон,Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва бисёр кишварҳои дигар пайваста ба чоп мерасанд.
Ҳасанбой Ғоиб баробари эҷоди шеър ба тарҷумаи гулчини ашъори адибони тоҷик ва шоирони рус, қумиқ, қазоқ ва турк даст зада, маҳсули заҳмати худро дар шакли китоб ба нашр расонидааст.
Ҳасанбой Ғоиб дар мақоми арҷманди узвият дар Иттиҳодияҳои нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ўзбекистон, Федератсияи Россия ва Академияи адабиёти Россия баҳри ваҳдату ҳамбастагии аҳли эҷод ва шоирони тамоми ҷаҳон, барои тақвияти ҳамкориҳои адабию илмӣ хизмати шоиста анҷом медиҳад.
Барои хизматҳои шоён бо нишону унвонҳои ифтихории «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», нишони “Сухан”-и ИНТ барои хидматҳои пурарзиши дар адабиёт, медали «100-солагии матбуоти Тоҷик»-и ИЖТ, ордени «Тирамоҳи заррин» ба номи Есенин, медали тиллоӣ ба номи Есенин, нишони фахрии “Қалами тиллои Московия”, медали ба номи Иван Бунини Иттифоқи нависандагони Россия, медали “Барои хидматҳои шоиста дар адабиёт ва санъат”, медали ба номи Толстой, медали ба номи Достоевский аз ҳамжамияти Иттифоқи нависандагони Россия ва бо мукофотҳои ташкилотҳои адабии давлатҳои хориҷа (Туркия, Ўзбекистон, Қазоқистон, Белгия, Венгрия, Олмон ғайра) сарфароз гардонида шудааст.
Соли 2020 дар озмуни байналмилалии «Қалами тилоии Россия» ширкат варзида, ғолибият ба даст овардааст, ки ифтихорест беандоза.