ҒОЙИБ МУҲАММАД
МУҲАММАД ҒОЙИБ 16 марти соли 1954 дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара ба ҷаҳон омадааст.
Соли 1972 Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб, соли 1977 факултаи риёзиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст.
Аммо меҳри сухану истеъдоди зотӣ ӯро ба муҳити суханварон кашидаанд.
Муддате корманди Кумитаи радио ва телевизони тоҷик дар вилояти Кӯлоб, солҳои 1987-1990 хабарнигори ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», 1990-1993 раиси Кумитаи телевизион ва радиои Кӯлоб, 1993-1995 сардори Маркази хабарнигорони радио ва телевизиони вилояти Хатлон, 1995-1997 роҳбари қароргоҳи Ҳукумати вилоят, баъдан раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоят, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, директори Киностудияи «Тоҷикфилм» ва директори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон будааст.
Аз моҳи ноябри соли 2012 сармуҳаррири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» аст.
Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, сазовори диққату ғамхорӣ ва фотиҳаи сафеди устодони вақти шеъри тоҷикӣ, махсусан, Устод Лоиқ, гардидааст.
Муаллифи маҷмӯаҳои манзуму мансури «Турнаҳо» (1980), «Роҳи деҳа» (1981), «Меҳргиёҳ» (1985), «Хирмани моҳ» (1989), «Сад ғазал» (1991), «Хирмани гул» (1992), «Лолаи чашм» (1993), «Шоҳи Ҳамадон» (1995), «Дидор» (1997), «Фарёди ёдҳо» (1998), «Ашки қалам» (1998), «Каъбаи дил» (2006), «Сояи нур» (2013) ва ғ. мебошад, ки бо сабки хосу нотакроре ба қалам омада, биҳин андешаву мушоҳидаҳои шоиронаи нигорандаашонро фароҳам овардаанд ва дар қатори устодони шеъри муосири тоҷикӣ қарораш додаанд.
Маҷмӯаҳои «Тути дара» (1984), «Савғо» (ба забони русӣ, 1990), «Роҳи Каҳкашон», «Пойгаҳ» ва ғ.-ро тақдими кӯдакону наврасон доштааст.
Драмаҳои манзуми «Шоҳи Ҳамадон», «Мири Кабир», «Имоми Аъзам», «Арвоҳзада», «Зиндамаргон», «Волидони беворис», филмномаҳои «Гумгаштапайдо», «Пуштаи хандақпеҷ», «Ҳасрати дидор», «Вафодор» ва ғ. зодаи қаламу ҳунари ӯстанд.
Шоири халқии Тоҷикистон (2001), Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), дорандаи ордени «Шараф».
Аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.