СУННАТҲОИ АДАБӢ ҶОВИДОНААНД

СУННАТҲОИ АДАБӢ ҶОВИДОНААНД

(Нуктае аз омўзаҳои Ҳамойиш)

Ҳамойиши адибони ҳавзаи Наврӯз ба поён расид. Дар давоми чанд рӯз дар фазоҳои гуногуни ҳама идона шеъри тоҷикӣ форсӣ дарӣ садо дод. Эҳсос мешуд, ки мардум беш аз суруду мусиқӣ ба шеър таваҷҷуҳ доранд.Дар хусуси натиҷаҳо ва овардаҳову бардоштҳое, ки аз ин Ҳамойиш ҳосил шуда, ҳоло то дергоҳе сухан хоҳанд гуфт. Дар ҳама кишварҳои ширкаткунанда.

Агарчи ин бор нисбат ба Симпозиуми байналмилалии шеъри форсӣ дар масоили назарии шеър ва хусусан “шеъри нав” баҳсу баррасии камтаре сурат гирифт ва ҷойи он ба Симпозиуми илмӣ дар бораи Наврӯз дода шуд, ҳаройина ин фурсат комилан фароҳам шуда буд, ки мо асосҳои назарии шеъри навини тоҷикӣ форсӣ дариро амалан бишиносем. Натиҷаи аслӣ ин аст, ки: АСОС ВА ҶАВҲАРИ ШЕЪРИ МУОСИРРО ДАР ҲАМАИ КИШВАРҲОИ ШИРКАТКУНАНДА СУННАТҲОИ АДАБӢ ТАШКИЛ МЕДИҲАД. ҲАМ ДАР ЖАНРУ ҚОЛАБҲОИ ШЕЪРӢ ВА ҲАМ ДАР СИСТЕМАИ СУВАРИ ХАЁЛУ АСОТИРИ АДАБӢ ВА ҲАМ АРЗИШҲОИ МАЪНАВИЮ АДАБӢ ВА ҲАТТО МАВЗӮЪӢ.

МУҲИМТАРИН ДАЛЕЛ ИН АСТ, КИ НА КАМТАР АЗ 90 ДАРСАДИ АШЪОРИ ДАР ИН ҲАМОЙИШ ИНТИШОРШУДА ВА ҚИРОАТШУДА ДАР ЖАНРУ ҚОЛАБҲОИ СУННАТӢ, ХУСУСАН ҒАЗАЛ, ҚАСИДА, МАСНАВӢ ВА ШОЯД 10 ДАРСАД ШЕЪРИ НАВИ БА ИСТИЛОҲ НИМОӢ БУД. ВА ИН ҲАМА, АЛБАТТА, БО ДАРУНМОЯИ НАВ ВА НИГОҲИ НАВИ ШОИРОНА. Ба иборати дигар, метавон бо итминон гуфт, ки мо нозири амалӣ шудани ҳадафҳои Симпозиуми 50 сол пеш будем. Чӣ тавр? Агарчи бисёриҳои гумон доранд, ки Симпозиуми 1967 танҳо ва маҳз барои ташвиқи “шеъри нав” буд, бо мутолиаи муфассал дар маводди он маълум мегардад, ки ҳадафи аслии илмию назарии он дифоъ аз суннатҳои адабӣ дар баробари мавҷи баъзе навовариҳои бемаҳору бемеъёр будааст. Ба ин тартиб, ки барои навовариҳо меъёру қолабе шинохта шавад ва имкон дода нашавад, ки зери истилоҳи “шеъри нав” ҳар навъ сохтаҳои мавҳум ва беарзишу бемазмун чун моли адабиёт арза гардад ва аз тарафи дигар дар қолаби жанрҳои суннатии шеър ба сабку шеваи нав ва дарунмояву нигоҳи нави шоирона сухан гуфта шавад. Тоҷикистон то он замон ин таҷрибаро бо адабиёти навини худ дошт ва ба ҳамин хотир буд, ки мизбони он Симпозиум шуд. Дар ин ҳамоиш мо ғазали нав, қасидаи нав, маснавии нав, таркиббанди нав, рубоиву дубайтии нав ва шеъри нави бомеъёру пазируфтаниро шунидем.

Рустами Ваҳҳоб

Дигар хабарҳо