РӮЗУ РОЗИ РӮДАКӢ

Дар  Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати Рўзи Рўдакӣ маҳфили бошукўҳи адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфил адибон, адабиётшиносон, донишҷўён ва дигар ҳаводорони шеър иштирок намуданд. Гардонандаи маҳфил мудири бахши назми ИНТ, шоир ва муҳаққиқи шинохта Муҳаммадалии Аҷамӣ нахуст аз паҳлуҳои гуногуни эҷодиёт ва зиндагии устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ сухан кард. Ў зикр намуд, ки «Рўдакӣ» як вожа аст, аммо ин як вожа дар паҳнои таърих он қадар бузург аст, ки мо вақте ба он назар мекунем, фарозу фуруди адабиёти худро мебинем.

Устод Рўдакӣ майдони адабиёти моро густурд, тоҷи ифтихор ба забони миллии мо гузошт. Ҳар гоҳ ба суханони устод Рўдакиву дигар пайравони ў диққат медиҳем, ҳувият, асолат ва бузургии миллат бештару хубтар эҳсос мешавад.

Дар идомаи суханони худ номбурда дар бораи тоҷикияти миллати  мо андешаронӣ карда, ба чунин хулоса омад:

«Як масъала, ки дар замони мо ҳалли он барои миллат зарур аст, ҳифз кардани тоҷикият мебошад. Аз ҷумлаи он, ҳифзи забони модарист. Агар мо тоҷикият намедоштем, Рўдакӣ, Саноӣ, Мавлоно барин бузургон намедоштем!»

Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа нахуст аз устод Рўдакӣ шеър хонда, чунин ибрози назар кард:

«Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба адибони бузурги классикиамон қадри дигар дода шуд. Хушбахтона, Президенти кишвар ба бузургони миллат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Дар замони шўравӣ дар тамоми китобҳое, ки чоп мешуданд, устод Рўдакиро бо чашмони нобино тасвир мекарданд. Ҳол он ки шоир барҳақ бино буд ва ин ҷойи баҳс надорад. Вале вақте ба Истиқлоли давлатӣ расидем, дар китобҳову мусаввараҳо устод Рўдакӣ бо чашмони бино зуҳури дигар ёфт».

Шоири халқии  Тоҷикистон Гулназар Келдӣ аз хизматҳои шоёни Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Рўдакӣ мисолҳои рўшану ҷолиб овард. Номбурда, аз ҷумла, чунин гуфт:

«Устод Рўдакӣ воқеан як ҷаҳони фавқулода аст. Бештари шоирони бузурги гузаштаамонро «мавлоно», «шайх», «ҳаким» ва монанди инҳо ном мебурданду то ҳол ном мебаранд. Аммо аз он миён ягона шоире, ки рутбаи устодӣ дорад, Рўдакӣ аст. Чунки устод Рўдакӣ бунёди адабиёт, бунёди шеъри моро гузошт. Аз ҷумла, чӣ тавр навиштани ғазал, рубоӣ, қитъа, қасида барин жанрҳои шеъриро ба шоирони дигар мерос гузоштааст. Бояд зикр кард, ки аз замони устод Рўдакӣ то замони мо забони тоҷикӣ ҳеҷ тағйир нахўрдааст. Хушбахтии мо ҳам дар ҳамин аст. Хушбахтем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ мекунему забони давлатиамон забони Рўдакӣ аст ва ин забон аз минбарҳои баланди дунё садо медиҳад».

Гулрухсор Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон низ дар навбати худ оид ба биноиву нобиноӣ, забони шеър, мероси гаронарзиш ва азамату бузургии устод Рўдакӣ суханронӣ кард. Ба андешаи ў устод Рўдакӣ  аввалин шоири ватансаро, нигаҳдорандаи миллат бо ҳамон бузургиаш аст:

«Солҳо мегузаранд. Устод Рўдакӣ ҳам чандҳазорсола мешавад. Орзуи бонувона дорам, ки имрўз дар хонадони ҳар як тоҷик дастурхоне ба рўҳи устод Рўдакӣ боз шавад. Бигзор дар он як тикка нон, як пиёла шир, як коса ҷурғот бошад, аммо Рўзи Рўдакӣ ҷашн гирифта шавад. Ва мехоҳам, ки рўзи дигар Рози Рўдакӣ эълон карда шавад. Чӣ шуда, ки ин қадар давру замон аз байн рафтааст, ин қадар миллатҳо асарҳои бузургонашонро аз нав ба забони имрўзаи худ, барои насли худ тарҷума мекунанд. Аммо ҳар кўдаки тоҷик «Бихандад лола дар саҳро» мегўяду онро мефаҳмад. Ин шеър нест, шеър ин аст! Ва ин шеърро устод Рўдакӣ гуфтааст. Устод Рўдакӣ мегўяд, ки «Ангушти занони мисриён гашт дилам». Ин як мисраъ сад роман, сад филм аст. «Бўйи ҷўйи Мўлиён…» аввалин шеъри ватандўстонаи адабиёти ҷаҳон аст. Шоир «Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ!» гуфта, Ватанашро дар назар дорад.

Мехоҳам барои худам як муъҷизаро кашф кунам. Чӣ шудааст, ки ин марди бузург ин қадар сол ин миллатро дар сатҳи бузургиаш нигоҳ дошта тавонистааст?! Устод Рўдакӣ ҳақиқатан шоир буд. Ба ҳамин маъно, ки ҳар вожа, ҳар ибораи шеъри ў имрўз ҳам дар хонаи тоҷик ҳаст. Ў аз ҳама бино буд, вақте «Рўзе ки туро набинам, он рўз мабод» гуфтааст! Як Рўзи Рўдакӣ кам аст. Рози Рўдакӣ ҳам бояд бошад ва ҳар яки мо ин розро ифшо кунем!»

Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Муҳтарам Ҳотам зикр кард, ки тақрибан сад маротиба дар шеърҳои устод Рўдакӣ вожаҳои «мебинам», «дидам», «хоҳам дид» ва ғайраҳо омадаанд. Ба ин далел ва бо байти охирини қасидаи «Шикоят аз пирӣ» андешаи нобино будани шоир ботил мегардад.

Ба андешаи шоир ва донишманди маъруф, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода салтанати Сомониён барои ба камол расидани шоире чун Рўдакӣ тамоми шароитро фароҳам оварда буд. Сомониён мероси гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштаанд, ки то имрўз омада расидааст: 

«Салтанати Сомониён, ки офтоби пуршукўҳ ва нурбори устод Рўдакӣ аз бурҷи он тулўъ кардааст, дар дунё беназир аст. Ба ҳақиқати ин гуфтаҳо ҳатто донишмандони ҷаҳонӣ, донишмандони Ғарбу Шарқ иқроранд. Ин салтанат парвозгоҳи тамоми арзишҳои миллӣ шуда, ки дар тўли ҳазору чандин соли дигар фарҳанг, забон, ҳувият фақат мавриди ҳуҷум ва ситез қарор гирифтааст. Вале рўз ба рўз на ин ки завол ёфтааст, балки равнақу дурахши бештар пайдо кардааст. Ин муъҷиза дар сарнавишти ҳеҷ миллати дигар дида намешавад.

Дар бораи рўзгору осори устод Рўдакӣ таҳқиқоти зиёд шудааст, вале аз ин ҳам бояд зиёдтар анҷом шавад. Аз он ки чанд нафар миқдори байтҳои устод Рўдакиро баршумурдаанд, маълум мешавад, ки то асри наздик ба XIII девони комили ў вуҷуд доштааст ва ба ҳисоби он ки дастхатҳои мо дар сар то сари дунё парешонанду захираҳои бузурги ҳанўз кашфнашуда мавҷуданд, ба эҳтимоли зиёд метавон фол зад, ки девони комили устод Рўдакӣ дар ҷое ҳатман боқӣ мондааст. Сол ба сол байтҳои тозае аз ў кашф мешаванд. Чизи дигари ҷолиб ин аст, ки ҳоло мо дар таркиби девонҳои шоирони дигар байтҳои зиёдеро аз устод Рўдакӣ ҳанўз шояд нашинохтаем. Чунки дар гузашта вақте аз як шоир иқтибос ва тазмин мешуд, мисли қоидаи дастурии имрўз касе дар поварақ наменавишт, манбаи онро ишора намекард».

Шоир ва тарҷумони шинохта Салими Зарафшонфар ҳам зимни суханронӣ як шеъри худро қироат кард ва далеле барои бино будани устод Рўдакӣ оварда, дар бораи дар замони ҷаҳонишавӣ аз арзишҳои миллӣ дифоъ кардан ибрози назар намуд: 

«Устод Рўдакӣ яке аз рамзҳои муқаддастарини миллати мост. Дар замони глобализатсия миллатро танҳо ватандўстии мо, арҷгузорӣ ба бузургонамон нигоҳ дошта метавонад. Дар мавзўи биноӣ ё аъмоии устод Рўдакӣ, ба гумони ман, танҳо як байтро мисол биёрем, кифоя аст, ки гўем устод бино буд:

Бунафшаҳои тарӣ хайл-хайл сар баркард,

Чу оташе, ки ба гўгирд бардавидкабуд.

Агар устод Рўдакӣ ҳамин лаҳзаи шоиронаи хеле нозукро надида бошад, тасвир карданаш ҳеҷ имкон надорад ва чунин ташбеҳи зебо натанҳо дар назми тоҷикию форсӣ, балки дар назми умумидунёӣ вуҷуд надорад.»

Адибон Ато Ҳамдам, Абдурауф Муродӣ, Муродалии Собир, Абдусаттори Раҳмон ва дигарон ҳам ҷамъомадагонро бо Рўзи Рўдакӣ табрик карданд.

Рўзи Рўдакӣ бо баҳрагирӣ аз суҳбатҳои пурмуҳтавою ҷолиби аҳли қалам хотирмон сурат гирифт. 

 Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»

Дигар хабарҳо