ПОСДОРИИ ХОТИРИ НЕКИ АДИБ
4-уми феврали соли 2021 бо ибтикори бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар толори хурди бо ширкати адибон, олимон, ҳаводорони осори бадеӣ ва намояндагони расонаҳо маҳфили ёдбуди нависандаи зиндаёд Муҳаммадзамони Солеҳ баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Ато Мирхоҷа ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти эҷодии адиб ва ҷойгоҳи ў дар насри муосири тоҷик изҳори назар намуд.
Баъдан Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, Абдулмуъмин Шарифӣ як пора аз романи «Девори Хуросон»-ро қироат намуд. Қироат дар зеҳнҳо андешаеро бедор кард, ки шодравон Мухаммадзамони Солеҳ, воқеан ҳам, тафаккури фароху услуби волои баён дошту донандаи хуби таъриху ҳикмату фалсафа буд. Сипас донишманди ҷавон, пажўҳишгари осори адиб Абдуҷалили Амон дар мавзўи « Вижагиҳои насри Муҳаммадзамони Солеҳ» ва нависандаву адабиётшиноси шинохта Қодири Рустам дар мавзўи «Нависандаи мутафаккир» маърўзаҳои пурмуҳтавои худро ироа намуданд.
Дар музокира Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзо, адабиётшинос Мирзо Шакурзода, нависанда Шарифбек Азизӣ ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти адиб изҳори назар намуданд.
Ҳамзамон дар доираи тадбири мавриди назар дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» намоиш-фурўши китобро баргузор намуд.
«АС»