ТАБУ ТОБИ НАСР
Инак, соли 2021 моро хайрбод гуфт ва соли нав дари хешро барои мо боз кард. Ҳаёти адабии кишвар дар соле, ки сипарӣ шуд, аз рўйдодҳои масарратбахш холӣ набуд. Нависандагони мо бо эҷоди асарҳои хонданӣ рисолати шаҳрвандии хешро таври лозим ба ҷо оварданд. Осори эшон бо нашр гардидан дар се нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Помир», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва дигар нашрияҳои ҷумҳурӣ ба хонандагони ҳушманд ироа гардиданд.
Ба дасти хонанда расидани романҳои «Киштии Нўҳ»-и Юнус Юсуфӣ, «Касе дар нимароҳ намемонад»-и Муҳаммад Ғоиб, «Кайфар»-и Диловари Мирзо ва «Кўҳи оҳан»-и Сайдаҳмади Зардон (дар ҳаммуаллифӣ бо Хушқадам Холиқов)-ро дар соли гузашта аз беҳтарин рўйдоди насри муосири тоҷик метавон арзёбӣ кард. Китобҳои «Кайфар», ки ба ҳаёт ва рўзгори ибратомўзи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бахшида шудааст, «Кўҳи оҳан» ва китоби «Биё, ки фолат бинам»-и Холиқназар Ҷумъазода дар озмуни «Китоби сол» (ҳамасола бо ибтикори Вазорати фарҳанги кишвар баргузор мегардад) дар номинаи наср сазовори ҷойи аввалу дуюму сеюм дониста шуданд.
Нависандаи сермаҳсуламон Шераки Ориён имсол низ саргарми эҷод буда, китоби нави худро таҳти унвони «Андешаҳо ва ё Қиссаи падару писар» чун барги сабз ба хонандагони худ пешниҳод намуд. Ҳамзамон доир ба осор ва рўзгори ин адибу синамогари тоҷик китобе бо номи «Сад бор мурдааму зиндаам ҳанўз» дар таҳияи Нина Веселова ва Карими Суғдӣ ба нашр расид, ки хонанда бо мутолиаи он метавонад ба зиндагинома ва фаъолияти бисёрҷабҳаи нависанда ошноӣ пайдо намояд.
Дўстдорони наср тавассути маҷаллаи «Садои Шарқ» ба бобҳои ҷудогонаи романи “Садама, ё худ Достони як марди саргардон”-и Саттор Турсун, қиссаҳои “Дастовез” ва “Шаҳдрези садо”- и Абдулҳамид Самад, қиссаи “Парандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ, шакли фишурдаи қиссаи «Духтаре бо вашми гули лола”-и Шарифбек Азизӣ, мухтасари романи ҳуҷҷатии “Афсонаи рўз ё рози Роғун”-и Мираҳмад Амиршоҳӣ, мухтасари романи “Дар ҷустуҷўи IQ”-и Ҷумъа Қуддус ва қиссаи ҳуҷҷатии “Захмҳои замони ҳиҷрат”-и Мирзо Шукурзода ва ҳикояҳо ошно гардиданд.
Дар давоми сол дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ҳикояҳои Ўрун Кўҳзод, Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, Юнус Юсуфӣ, Шералӣ Мўсо, Шодӣ Раҷабзод ва даҳҳо нависандагони дигарамон ба нашр расид.
Дар маҷаллаи «Помир» романи «Курўши кабир»-и Барот Абдураҳмон ва қиссаи Азизи Азиз дар тарҷума ба забони русӣ ба нашр расида, нависанда Нигина Маҳмадҷонова ду маҷмўаи повестҳои худро пешкаши хонандагони русзабонамон гардонд.
Маҷмўаи дуюми узви нави ИНТ Муҷибахон Ҷавҳарӣ бо номи «Дарди фироқ» аз чоп баромад, ки тасвири рўзгор ва ҳаёти занони музофот аз мавзўи умдаи аксари навиштаҳои муаллиф аст.
Ду китоби нависандаи бачаҳо Гулчеҳра Муҳаммадиева бо номҳои «Офтоби оламоро» ва «Чор ҳикоя» ба дасти хонандагони хурдсоламон расид.
Дигар аз рўйдоди ҷолиби соли равон барои дўстдорони наср дар баргардони Сипеҳри Кароматулло бо номи «Гулнор ва ойина» ба нашр расидани романи ҳамном ва достонҳои кўтоҳи нависандаи чирадасти Афғонистон Раҳнаварди Зарёб аст.
Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон нашр гардидани яке аз беҳтарин асари тарғибгари ҷавонмардию шуҷоату корнамоиҳои ибратомўзи гузаштагони мо, қиссаи таърихии «Ривояти суғдӣ»-и устод Сотим Улуғзода аз дигар рўйдоди нишотовари наср дар соли сипаришаванда ба ҳисоб меравад.
Дар соли 2021 тарҷумонҳои мо тавонистанд, ки беҳтарин намунаи насри адабиёти ҷаҳонро ба забони тоҷикӣ ва осори нависандагони моро ба дигар забонҳо тарҷумаю нашр карда, хазинаи адабиётамонро боз ҳам пурбортар намоянд. Зери унвони «Се шоҳкор» осори нависандаи итолёӣ Луиҷи Пиранделло «Шодравон Маттиа Паскал», нависандаи амрикоӣ Фрэнсис Скотт Фитсҷералд «Гэтсбии муаззам» ва нависандаи олмонӣ Ҳерман Ҳесе «Гурги даштӣ» дар тарҷумаи шоир, нависанда ва тарҷумони хушсалиқа Салими Зарафшонфар ба дасти хонандаи тоҷик расид. «Се шоҳкор» ном гирифтани осори тарҷуманамудаи Салими Зарафшонфар беҳикмат нест. Зеро осори зери ин унвон дар як муқова фароҳамомада аз тарафи коршиносон ва нуктасанҷон дастовардҳои бузурги адабии қарни ХХ эътироф гардида, дар олами адабиёт, воқеан ҳам, шоҳкоранд. Аз ин ҷо метавон натиҷа гирифт, ки тарҷумон дар интихоби асарҳо муваффақ гардидааст , зеро хонандаи тоҷик ба хондани осори мавриди назар, ки шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардаанд, ба забони модарии худ ниёзманд буду ҳаст. «Се шоҳкор» дар ин чанд соли охир дар қатори «Тафсилоти як марги эълоншуда»-и Габриэл Гарсиа Маркес (дар тарҷумаи Низом Қосим ва Юнус Юсуфӣ), «Бозгашт ба Панҷруд»-и Андрей Волос, «Азобҳои ҷаҳаннам»-и Акутагава (дар тарҷумаи Қодири Рустам), «Сад соли танҳоӣ»-и Г. Г. Маркес (дар тарҷумаи Абдуғаффори Абдуҷаббор) яке аз беҳтарин осори ба забони тоҷикӣ тарҷумашуда аст.
Дар шумораи имсолаи нашрияи Маркази тарҷумаи ИН Тоҷикистон солномаи «Литературный Таджикистан» намунаи ҳикояҳои нависандагон Ўрун Кўҳзод, Кароматуллоҳи Мирзо, Сорбон ва Равшани Ёрмуҳаммад ба забони русӣ дар тарҷумаи тарҷумонҳои хубамон Н. Раббимдухт, К. Камолова ва Рухшона Қуддус ба табъ расид. Ҳамчунин аз тарафи ҳамин ниҳод зери назари адабиётшиноси шинохтаамон Абдураҳмон Абдуманнон, таҳти унвони «Қатрада қуёш акси» намуна аз ҳикояҳои Кароматуллоҳи Мирзо, Ўрун Кўҳзод, Сорбон, Абдулҳамид Самад, Саттор Турсун, Барот Абдураҳмон, Баҳманёр, Анвар Мирзоҳакими Олим, Юнус Юсуфӣ, Маъруф Бобоҷон, Равшани Махсумзод, Сироҷиддин Икромӣ, Сипеҳри Ҳасанзод, Матлуба Ёрмирзоева, Тоҳири Муҳаммадризо, Ҳанифаи Муҳаммадохир, Баҳманёр Муродӣ ва Юсуф Насрулло дар шакли маҷмўа ба забони ўзбекӣ нашр гардид.
Боиси хушҳолист, ки дар соли равон заҳмати чандинсолаи нависанда Маъруф Бобоҷон ва публитсисти номдор Бахтиёр Муртазоев қадр гардида, бо унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Кашф ва дастгирии насрнависони ҷавон яке аз самтҳои умдаи фаъолияти ИН мебошад. Имсол бо ибтикори ин ниҳод Машварати омўзишии адибони ҷавон дар сатҳи минтақавию вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Даври ниҳоии он дар шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гашт. Боиси хушҳолист, ки дар ин машварат осори насрнависони ҷавон Хуштарбек Маҳмараҳимов, Хусрав Шосаидов, Малоҳат Амакова ва тарҷумон Сурайё Аҳмадзод баҳои баланд гирифтанд. Бо дастгирии мақомоти вилояти Суғд маҷмўаи ҳикояҳо ва тарҷумаҳои онҳо аз тарафи чопхонаи «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд ба наздикӣ аз чоп мебарояд. Ибрози чанд нуктаро дар мавриди тарҷумони ҷавон Сурайё Аҳмадзод зарур медонам. Ў бо дилгармӣ ба кори тарҷумонӣ даст зада, то кунун фурсат ёфта, ки намунаи осори нависандагони шинохтаву шуҳратёре чун Алфонс Доде, Сергей Довлатов ва нависандагоне, ки хонандаи тоҷик ба осори онҳо кам ошноӣ дорад, чун Владимир Короленко, Александр Грин, Владимир Крупин ва дигаронро тарҷума карда, онҳоро дар маҷаллаи миллии «Садои Шарқ», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», рўзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Омўзгор» чоп намояд. Нашриёти «Адиб» китоби мусаввари адиби бузурги рус Корней Чуковский, «Чўҷаяк»-ро дар тарҷумаи ў ба табъ расонд. Ду маҷмўаи дигари тарҷумаҳояш дар дасти чоп аст.
Соли сипаришуда дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», бори аввал номинаи эҷоди наср низ баргузор гардид. Осори насрнависон аз тарафи ҳайати ҳакамон, адабиётшинос Аламхон Кўчарзода, муҳаққиқ ва мунаққиди асарҳои театрӣ Маҳмадулло Табарӣ, олим ва рўзноманигор Шодӣ Шокирзода, нависандагон Баҳманёр Муродӣ ва муаллифи ин сатрҳо мавриди баррасӣ, таҳлил ва баҳогузорӣ қарор гирифт. Маҳсули заҳмати Муртазоалӣ Мурод, Шариф Шарифзод, Ҷамила Мурод, Фурқати Низом ва Садафмоҳи Азим баҳои хуб гирифтанд.
Нависанда Муҷибахон Ҷавҳарӣ ва тарҷумон Сурайё Аҳмадзод, ки имсол ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд, агар бо дилгармӣ ва ҷаҳду саъйи бештар ба эҷод машғул гарданд, умед аст, ки дар оянда метавонанд насри моро боз ҳам рангинтар созанд.
Сироҷиддин ИКРОМӢ, мудири бахши насри ИНТ