НАМУНАИ ҲАҚИҚАТУ САДОҚАТ
«Мардум бо нигоҳи зиракона ва хирадмандонаи Айнӣ аз барору нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ шуданд.»
Эмомалӣ РАҲМОН
Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бисёр қаҳрамониҳо кардааст, вале яке аз нахустин ва бузургтарин қаҳрамониҳояш, бешубҳа, «Намунаи адабиёти тоҷик» аст, ки мисолҳои дурахшонеро қотеъона ба муддаиёни муғризу бебунёд расонид ва фарҳанги ҳазорсолаамонро бебокона аз турктозиҳои замон раҳонид.
Аз нигоҳи имрӯз низ ин шоҳасар на танҳо оинаи қаднамою паҳновари эҳсосу андеша ва таҷассумгари ифтихори бекарони инсониву тоҷикӣ ва масъулияти беандозаи фарзандиву шаҳрвандии он бузургвори беамсол, балки намунаи барҷастаи завқу салиқа, адабиётшиносии оқилонаву мунаққидии одилонаи устод Айнист.
Дар ин гузориши иҷмолӣ чанд масъала — назари устод Айнӣ ба шеъру шоирӣ ва амалияи таҳлилу танқид, эроду интиқод ва таҳсину истиқболи ашъори мушаххас аз ҷониби ӯ ба қадри тавону имкон мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Маълум аст, ки Садриддин Айнӣ, аллакай ҳангоми таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» алломаи эътирофшуда буд, аз ҷумла тамоми адабиёти форсизабонро амиқмедонист, бо сабку равияҳои гуногуни он дақиқ ошноӣ дошт, мушкилтарин осор, аз ҷумла печидатарин таъриху муаммоҳоро осон мефаҳмиду равон шарҳу баён мекард. Бо вуҷуди ин, бо дарки вазифаву ҳадафҳои иҷтимоии шеъру шоирӣ баёни равшану фаҳмо, равонию фасоҳати шеърро камоли он меҳисобид ва ин нуктаро дар осораш, аз ҷумла «Намунаи адабиёти тоҷик», гаштаву баргашта изҳору таъкид намудааст.
«Ба фаҳмиши фақир, — менависад устод, — шеъри Рӯдакӣ дар камоли равонӣ ва дорои фасоҳату балоғат аст, ки ба хонанда ба осонӣ як ҳаяҷони бадеӣ мебахшад. Ҳамин аст дараҷаи болои шеър!»
Аз радифгӯӣ, яъне назиранависӣ, сухан ронда, зикр месозад, ки шоири аввал, нахустгӯяндаи шеър «мазмунҳои саҳлултасаввурро мебандад, дар пасмондагон ҳама маъниҳои муғлақмемонад». Дар ин маврид устод имтиёзро ба касоне медиҳад, ки радифро ба «дараҷот сода ва дорои мазмунҳои бикри оммулфаҳм бастаанд» ва хитоб мекунад, ки «Ин аст камоли иқтидор!»
Эътиқоди устод Айнӣ ба Аҳмади Дониш маълуму мазкур аст. Дар «Намунаи адабиёти тоҷик» яке аз сабабҳои ин эътиқод равшан зикр шудааст:
«Аҳмади Калла, бо вуҷуди камоли ихлос ва ақидааш дар бораи Бедил, дар тақлиди услуби Бедил мубориза эълон карда, худ осори манзумаву мансураашро дар камоли содагиву равонӣ навиштанро илтизом кард.
Мусоҳибони худро низ аз тақлиди Бедил манъ мефармуд, услуби Бедилро махсуси истеъдоду маслаки бедилӣ медонист. Ба амсоли Қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир, Домулло Абдулфазли Сират ва Исо-Махдуми муфтӣ, ки муосиру мусоҳибони Аҳмад-Махдум буданд, ин талқинот беасар намонд, эшон, баъд аз он ки дар авоили ҳол дар назму наср Бедилро тақлид карда буданд, дар овони охирӣ соданависиро машқ менамуданд».
Устод бо зикри байти зерини Шавкати Бухороӣ Зи фикри дур хаёлам ғариб шуд, Шавкат, Миёни маъниву лафзам ҳазор фарсанг аст, хитоб мекунад, ки «Бисёр рост гуфтааст!» Яъне, бо вуҷуди қудрати шоирии Шавкат, ҳусни маъниву баён ва таносубу мантиқи қавии ӯ, қоил аст, ки «фикри дур» «хаёли шоириро ғариб мекунад» ва миёни маъниву лафз набояд фосилаи зиёд бошад.
Равонгӯиву соданависӣ, аз назари устод Айнӣ, қоидаҳои бисёр зарури адабиёт будаанд, ки дар саросари китоб батакрор зикрашон кардааст. Аз ҷумла, менависад: «Афзал қоидадонтарин шуарои аҳди охирин аст… назму насрро бағоят равону сода месарояд».
Дар ҷои дигар менависад, ки «Абёти Сомӣхонандаро ҳаяҷони бадеӣ намебахшад, аммо қимати адабияи назму насри ӯдар ин ҷост, ки бисёр сода менависад». Дар ин маврид зикри ду чиз зарур менамояд: аввалан, устод Айнӣ ба хонанда ҳаяҷони бадеӣ бахшиданро яке аз хосиятҳои асосии адабиёт мешуморад ва дуюм, равшану фаҳмо будани матлабро шарти эҷоди бадеӣ медонад.
Ҷиҳатҳои муҳимми шахсу қалами Абдулқодирхоҷаи Савдоро оварда, махсус зикр мекунад, ки «дар наср низ соданависи беҳамтост».
Хоҳишмандам, ки ба ду иқтибоси дигар таваҷҷуҳ намоед.
Иқтибоси якум: «Сайёҳи ҳиндӣ» бисёр дардҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Бухороро ташреҳ мекунад, фақат ба забоне, ки аҳолии одии Бухорову тоҷик ба осонӣ мефаҳмад». Тавассути ин фармуда, ҷуз талқини забону баёни фаҳмо, устод Айнӣ барҷову нозук ба тоҷик будани мардуми Бухоро ва имкони яке аз сарчашмаҳои забони тоҷикии меъёр шудани забони он ишора мекунад.
Иқтибоси дуюм: «Фитрат насри форсиро ҳам бағоят салису сода менигорад». Адолати инсониву мардонагии адабии устод Айнӣ ба ҳаддест, ки саҳму хидматҳои беназири худро як сӯ гузошта, менависад: «ранги адабиёти нав гирифтани забони тоҷикӣ дар наср аз Абдурауфи Фитрат оғоз меёбад»!
Чун аз мардонагиву одилии он бузургвори осмонизавқу сахтгир сухан рафт, зикри чанд нуктаи дигар барҷо менамояд. Бибинед, ки дар айёми камоли ҳунару қадр бо чӣ ҳақнигориву хоксорӣ хотираҳои наврасиву ҷавониашро тоза мекунад: «Ҳайрат аз шарикдарсони фақир аст, аммо аз камоли истеъдод ва ишқи адабиёт дар хурдсолӣ ба мартабаи устодӣ расида буд. Фақир низ қавоиди арӯз ва баъзе нозукиҳои санъати адабияро аз ӯ омӯхта будам. Ҳайфо, ки ин истеъдоди муҷассам дар айёми ҷавонӣ (дар бистуҳафтсолагӣ) ҷаҳони фониро падруд намуд, вагарна аз ин қудрати фавқулода хориқаҳо дар олами адаб ба вуҷуд меомад».
Маълум аст, ки устод ба аҳли аморату вазорати собиқ нафрати асоснок дошт. Бо вуҷуди ин, вақте ки сухан аз ҳунару истеъдод меравад, адолаташ боло мегирад. Бибинед, ки дар бораи Амир Умархон – ҳукмравои Хӯқанд, ки салтанаташ аз ҷабру зулм ҳам орӣ набуд, чӣ менависад: «… бо вуҷуди касрати ашғоли ҳукуматдорӣ, дар олами адаб бисёр кор кард… Шеъри туркӣ… дар аҳди ин амир дубора курсибандӣдид. Дар форсӣ низ қудратнамоӣ кард». Ё худ дар бораи Садри Сарир мегӯяд: «Дар вараъу парҳезгорӣ ба дараҷае буда, ки дар зарфи панҷоҳсола қозигӣ дар боби хидматҳои хусусии худ имдоду ёрмандии шахсерову хидматгореро қабул накардааст… Дар назм… соҳибиқтидор аст».
Бо ҳамин адолату муҳаббате, ки бояд хоси ҳар муҳаққиқ бошад, ҳақиқати ҳоли дигар шоиронро низ бозгӯнамудааст. Аз ҷумла: «Ҷавҳарӣ муқаллиди Бедил аст, аммо дар тақлид он қадар сохтакориву такаллуф ба кор набурдааст, бино бар ин, аз ин тақлид ба фасоҳати табиии забон зарари куллӣ рӯй надодааст».
Боз ба чанд хислатномаи пурмуҳаббати устод таваҷҷуҳ бикунед: «Шеъру адабиёт аз камтарин фазоили ӯ (Сират) ба шумор меравад», «Мирзоазими Сомӣ яке аз пурдонони аҳди худ буд», «Симо аз соҳибқаламони Бухоро буд», «Абдулқодирхоҷаи Савдо аз ҷумлаи наводири рӯзгори худ буд», «Ин абёт ҷасорати адабияи Саҳборо… ба хубӣ баён менамояд», «Исо… Бедилро пайравию тақлид мекунад, аммо тақлидаш ба камоли муваффақият аст».
Аз марги шоири 16-сола Комилхоҷаи Накҳат изҳори таассуф намуда, изҳор медорад, ки «Алҳақ, ба ин синну сол ин гуна иқтидор шоёни истеҳсон аст».
Ҷолиб аст, ки дар ду ҷумла се давраи таҳаввули шеъри Абулқосим
Лоҳутиро чӣ сон муъҷазу дақиқ баён медорад: «Лоҳутӣ дар авоили ҳол шеърҳои ошиқӣ, баъд аз он бо таъсири падараш… ашъори сӯфиёна, пас аз он, ба таъсири инқилоби Эрон ва тааррузи хориҷиён ба Эрон, шеърҳои милливу ватанӣ иншод кардааст. Аз вақте ки ба Русия паноҳанда шудааст, то имрӯз ҳамадам сурудҳои инқилобӣ месарояд».
Бо назардошти завқу салиқаи бемисли аллома Айнӣ, соданависию содагӯиро, ки ӯ гаштаю баргашта таъкид мекунад, мебояд на урёнбаёнию омминависӣ, балки камоли ҳунару истеъдоди адабӣ донист.
Устод, баробари васфу талқини равшанбаёнию соданависӣ, муғлақбаёнию печидагӯиро сахт танқиду мазаммат мекунад. Масалан, бо овардани байти зерини Акбари Бухороӣ:
Зи сайрободи иқболу шараф в-аз ҷуди диндорӣ
Ба сомони адолат боз, к-он гардунмадор омад -бо ваҷд хитоб мекунад: «бибинед, чӣ қадар бемаънӣ! «Сайрободи иқболу шараф», «ҷуди диндорӣ», «к-он гардунмадор» чӣмаънӣ дорад?!»
Устод бо ҳақгӯиву оштинопазирие, ки дар муқобили безавқию беҳунарӣ дар адабиёт дошт, ин шеърро «абёти фачи бемаънӣ» номида, зикри онро барҳақ ба хотири «дар ҳабату ғалат наафтодани навомӯзон» ва «барои кушодани роҳи таҳқиқу танқид ба ҷавонон» медонад.
Ин бисёр кори омӯзанда аст ва бахусус имрӯз, ки як зумра шоирон мавҳумбаёнию бемаънигӯӣ, бемақсадию беҳадафӣ, ба ифодаи устод Айнӣ навиштаҳои «фачи бемаънӣ»-ро эҷодиёт шумурда, даъвою дағо мекунанд, аз адабиётшиносону мунаққидони мо рафтору гуфтори айнивор одилонаву оқилона ва мардонаву адибонаро тақозо дорад.
Бо ҳамин таманно ба ин мавзӯи баҳсамон нуқта мегузорем ва мегузарем ба масъалаи дуюме, ки тарҳашро мақсад қарор додем.
Устод Айнӣ, чун адиби бузург ва донандаи бемисли адабиёт, натанҳо осори адабиро аз ҷиҳати назария мавриди баррасӣ қарор медиҳад, балки оид ба байту пораҳои мушаххас дақиқ изҳори ақида карда, ба ҳайси муҳаррири баландзавқу тавоно қаринаҳои мутаносибтару мантиқитар ва беҳтари онҳоро манзури хонанда менамояд. Оид ба байти Хоҷа Камол:
Ё дӯст гузин, Камол, ё ҷон,
Як хона ду меҳмон нагунҷад, — чунин мулоҳизаи мантиқӣ пеш меорад: «дар бадали мисраи охирӣ «Як шаҳр ду ҳукмрон нагунҷад», ё ки «Як мулк ду ҳукмрон нагунҷад» мешуд, ҳароина ба мавқеъ мувофиқтар меафтод, зеро дарвоқеъ ба як хона ду меҳмон, ҳатто зиёдтар бар он гунҷидан мумкин аст, аммо ба як шаҳр ё мулк ҳеҷ гоҳ ду ҳукмрон нагунҷидааст ва нахоҳад гунҷид».
Як аҳамияти «Намунаи адабиёти тоҷик» он аст, ки аз номаълумтарин шоирони ҳар давру замон ҳам намунаҳо оварда, силсилаи барҷову ногусастании адабиёти ҳазорсолаамонро пеши назарҳо ҷилвагар намудааст. Масалан, то нашри ин шоҳкитоб кам касоне аз ашъори шоири асри 17 Қосим Коҳии Миёнколӣ огоҳӣ доштанд. Устод аз ӯ байтҳои дилрасе манзур менамояд, ки барои тоза кардани хотираи хонанда дутояшро ин ҷо меорем:
На наргис аст аён бар сари мазор маро,
Сапед шуд ба раҳат чашми интизор маро.
Ва:
На айнак аст, ки бар дида дорам аз пирӣ,
Барои хатти ҷавонон ду чашми ман чор аст.
Бо овардани байтҳои:
Наргиси шаҳло набувад ҳар баҳор
Он ки бирӯяд ба лаби ҷӯйбор,
Чашми бутон аст, ки гардуни дун
Бар сари чӯб оварад аз гил бурун,
— ишора мекунад, ки «аз ин абёт бӯи бодаи Хайём меояд».
Дар мавриди байти дигари шоир:
Ба рӯзи ҳаҷр маро дида бас гуҳарбор аст,
Шабе, ки моҳнабошад, ситора бисёр аст, — барҷо тахмин мезанад, ки «ба ҷои «ба рӯзи ҳаҷр» бояд «ба шоми ҳаҷр» бошад, то ки ташбеҳи том шавад». Албатта, ҳамин хел аст, вагарна кӣ дар рӯзи рӯшан ситораи бисёр дидааст? Ва, бо андешаи барҷои як мунаққиди оқилу одил, ки шоири хушзавқе чун мазкур ҳаргиз ба ин номутаносибӣ роҳ намедиҳад, меафзояд: «Мумкин аст, ки саҳви котиб бошад»!
Албатта, мақсади бузург ва ҳадафи асосии устод Айнӣ аз таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» исбот намудани ҳастии миллати соҳибадаб ва соҳибфару соҳибфарҳанге бо номи тоҷик, дар ин қаламрав соҳиби ҷоҳу мақом ва макони деринаву ватани азалӣ будан ва акнун ин ҳақро барҳақ талаб кардану ситондани ӯст. Лекин, ҳамзамон бо ин, бешак, пешниҳоди намунаҳои барҷастаи бадеӣ, яъне аз садҳо баргузидани яке ва маъниву ҳадаф, назокату латофат, ҳусну зебоии онро ба мухотабон расондану тарбияи завқу салиқаи шеърфаҳмию маънирасии хонандаро мақсади хеш қарор дода буд. Аз ин рӯ, дар саросари китоб ишораҳои мухтасар ва барҷову зебое дорад, ки ҳусни асари мунтахаб, маъниҳои ниҳону духӯраи он ва ҳунари шоирро бозгӯ мекунад. Инак, чанд мисол.
Устод ғазали Абдурраҳмони Мушфиқиро, ки матлааш чунин ва худ намунаи барҷастаи мафҳумзабониву равшанбаёнист:
Дар ғамат дилро фигору хаста мегӯем мо,
Аҳли дардем, ин сухан дониста мегӯем мо, — оварда, самимона изҳор медорад: «Ғазале, ки сар то пояш мисли ин ғазали хуб латифу равон афтад, кам аст».
Ё худ, бо зикри рубоии Меҳрии Ҳиротӣ:
Дар хонаи ту он чи маро шояд, нест,
Банде зи дили рамида бикшояд, нест.
Гӯӣ: ҳама чиз дорам аз молу манол,
Оре, ҳама ҳасту он чи мебояд, нест, — латифу зарифона мегӯяд: «Ишорат ба пирии шавҳараш аст».
Дар мавриди як дубайтии ин шоираи ҳунарманд хитоб мекунад: «Алҳақ, бағоят хуб гуфта!» ва бо ҳамин хонандаи сарсарихонро ҳам дубора ба сари шеър меораду водор мекунад, ки перомуни маънии таҳтонии он биандешад:
Маро бо ту сари ёрӣ намондаст,
Дили меҳру вафодоре намондаст,
Туро аз заъфу пирӣ қуввату зӯр,
Чунон ки пой бардорӣ, намондаст!
Устод Айнӣ аз Мирзоазими Сомӣ, ё худ Сомии Бӯстонӣ, байте меорад:
Нест танҳо ростӣ ин ҷо далели эътибор,
Қимати сӯзан зи сӯрох аст, не аз ростӣ.
ва бо шарҳи кӯтоҳе фикри хонандаро ба фаҳму дарки қабоҳату разолати дарбори амир равона мекунад.
Ғараз аз адабиёт чизи наве гуфтан аст, розеро ифшо намудан аст, асрореро кушодан аст. Яъне, маъние, ки нависанда гуфтанаш мехоҳад, бояд ба дарку фаҳми хонанда бирасад ва тавассути санъатҳои бадеӣ эҳсоси ӯро таҳрик бибахшад. Асаре, ки маъниаш, аз беҳунариву ҳазёнгӯии муаллиф, равшан набошаду ба дарку фаҳмҳо нарасад, ба кӣ лозим аст?
Имрӯз бисёр аст мақолаву рисолаҳое, ки норасоиҳои аёни асарро муғризона ё ноогоҳона сарфи назар месозанд ва аз ҳазёну бемаънигиҳои он мазмуну маъниҳои набуда ҷуста, ба хонанда бор карданӣ мешаванд. Чунинҳо наход як бор осори илмию номаҳои устод Айнӣ, ақаллан «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро нахондаву надида бошанд, ки аз оғози фаъолияти адабиётшиносиву мунаққидиаш камтарин бемантиқиву номутаносибиро фошофош мегуфту чун баъзе муқарризон норасоиро сарфи назар накардаву аз он мазмуну маъниҳои набуда наҷуста, қаринаҳои бамаротиб беҳтари ибораву сатру байт ё баёну ифодаро пешниҳод ва ба ин роҳ пайваста ҳадафи аслии адабиёт — фаҳмо гуфтану зебо гуфтанро ташвиқу тарғиб менамуд. Намунаҳои инро зикр кардем, ҳоло боз ба чанд мисол рӯ меорем.
Ниҳад муҳри хамӯшӣ фитрати нозукхаёлиро,
Чу мӯ пайдо шавад, набвад садо минои холиро.
Устод ин матлаъи ғазали Гулмуҳаммадбии Афғонро оварда, мегӯяд: «Маънии матлаъ равшан нест. Магар ки асли нусха ба ҷои «ниҳад муҳри хомӯшӣ» «бувад муҳри хамӯшӣ» бошад, лекин дар ду нусха, ки дида шуд, «ниҳад муҳри хамӯшӣ»-ст». Ин ҷо ду нукта ҷолиб аст: аввалан, пешниҳоди қаринаи ифода, сонӣ — бо нусхаи зери даст қонеъ нашуда, нусхаи дигарро ёфтану ба муқоиса пардохтан. Лекин ҷузъи муҳимтарин, ба фикри мо, ҳамон ҷумлаи аввал аст, яъне «Маънии матлаъ равшан нест», ки асли мақсадро ифода менамояд ва хонандагону муҳаққиқони ояндаро ба андешаву ҷустуҷӯи қаринаи дурусти баён раҳнамоӣ мекунад.
Устод натанҳо саҳлангориҳои мазмуну маънӣ, ҳатто кӯчактарин ғалату иштибоҳи шеърро сарфи назар намекарду сактаҳои вазнро ҳам зикр менамуд, то барои шоирони оянда, ки бори адабиёти халқи куҳану давлати навин бар дӯшашон хоҳад буд, сабақу дарс бишавад.
Дар ишқнаёмӯхтаӣ, аз Парӣ омӯз
Девонагию ҷайби шикебоӣ даридан.
«Мақтаъ хеле вайрон менамояд, — менависад устод Айнӣ. – Мумкин аст, ки дар мисраи аввал ба ҷои «наёмӯхта» «навомӯхта» бошад ва ба таҳрифи нависандагон хато шуда бошад». Ва бо зикри ин иштибоҳи ҷиддии шоир ё котиб қаноат накарда, ба сактаи имрӯз маъмулишудаи вазни мисраи дуюм ишора мекунад: «йо»-и дувуми калимаи «шикебоӣ» аз тақтеъ зиёд аст».
Адолати азалии устод иҷоза намедод, ки бо зикри норасоиҳои ҷузъӣ, ҳарчанд бисёр зарур ҳам бошанд, кулли эҷоди як шоирро зери шубҳа бигузорад. Аз ин рӯ, меафзояд, ки «Парӣ, ҳарчанд шеърро салису сода месарояд, дар баъзе ҷоҳо аз ҳамин қабил хатоҳо эмин намемонад».
Ҳарчанд ки «ҳамин қабил хатоҳо» дар эҷоиёти Парии Ҳисорӣ боз ҳам ҳаст ва муаллифи «Намунаи адабиёти тоҷик» мисоли зеринро низ овардааст:
Зоҳид аз ишқи бутон панду насиҳат аз ту,
Домани ҷайб ба расвоӣ даридан аз ман.
«Дар байти мазкур низ «йо»-и калимаи «расвоӣ» зиёд аст, — мегӯяд устод ва бо ишораи баъдӣ аҳволи зори як муҳити адабиро ифода мекунад: «Дар аксари шоиртарошони аҳди Абдулаҳад ин ҳол дида мешавад».
Дар мавриди зикри Сипандии Самарқандӣ ҳам ба ин нуқси шеър ишораҳо дорад.
Сипандӣ, ёр ба аҳдаш вафо накарду бирафт
Маро зи сина қарору зи дида хоб имшаб.
Дар ин байт лутфи нозуки ҷолибе ҳаст вобастаи калимаи «бирафт», ки ҳам марбути «ёр» донистанаш ғалат несту ҳам пайванди «қарор»-у «хоб». Вале сухан аз ин нест, «йо»-и Сипандӣ аз вазни матлуба зиёд аст, — менависад устод Айнӣ ва бо алам меафзояд: — Як қисми шуарои мутааххирин ба ин бало гирифторанд…» Мисолҳои баъдӣ собит месозанд, ки воқеан чунин аст. Ба хотири он ки сабақе бошанд барои шоирони ҷавон (бузургон худ медонанд!) боз чанд байтеро бо нуқси вазн ва фишурдаи мулоҳизаҳои интиқодӣ меорем:
Ман нозукии лутфи кадом узви ту гӯям,
Бошӣ ту зи сар то қадамат кони назокат.
«Дар ин мисраъ, — менависад устод Айнӣ, — таркиби «кадом узв»-ро ба шарте вазн мусоада мекунад, ки ба ҷои ҳарфи «айн»-и «узв» «алиф» бошад, зеро дар он сурат ба сабаби васл «мим»-и «кадом» бо «зод»-и «узв» васл ёфта, «алиф», яъне ҳамза соқит мешавад, аммо «айн» аз ҷумлаи ҳуруфи васлияву соқита нест».
Эй Низоминазму Ҷомитабъу Фирдавсикалом,
Дар бари шоҳини табъат Ваҳшӣ ҷуз усфур нест.
Шарҳи поварақии «Намунаи адабиёти тоҷик»: «Дар ин мисраъ «йо»-и «Ваҳшӣ» аз вазн зиёд аст».
Байти дигар марсияи Мирзо Азими Сомии Бӯстонист дар фавти Садри Сарир:
Қозӣ Абдулвоҳиди Садр, он хирадманде, ки буд
Аз сарири хомааш ҳосил адоҳои латиф…
Шарҳи поварақии муаллифи «Намунаи адабиёти тоҷик»: «йо»-и Қозӣ Абдулвоҳид»-ро вазни мақсуд намегунҷонад, магар ҳарфи «айн», бино бар қурби садо, ба «ҳамза» муштабеҳ шудааст».
Мисраъпуркунӣ дардест, ки ифодаро ғалат, маъниро хароб ва дар маҷмӯъ шеърро ланҷу носамимиву сохта мекунад. Устод Айнӣ ҳатто ба ҷузъитарин рухдоди ин ҳодисаи номатлуб сари оштӣ надошт. Масалан, бо зикри байти:
Туро, ки ҳаст се чиз аз се чиз нозуктар:
Даҳон зи ғунча, лаб аз барги гул, миён аз мӯ,
одилона зикр мекунад, ки «Дар ин мисраъ «ки»-и тавсифӣ беҷавоб мондааст». Дар ин маврид як байти Муҳаммадяъқуби Бухороӣ (тахаллусаш Алӣ) низ мисоли хубест:
Умрест, шуд, Алӣ, ки бурун н-омадӣ зи ғам,
Гӯ, ин шақиқа то кайу то чанд бар сар аст?
Дар поварақи «Намунаи адабиёти тоҷик» барҷо омадааст, ки «дар таъбири «умрест, шуд» ду адоти ҳукм омадааст, ки яке зоид аст». Яъне, ё аз ин ду яке ва ё ибораи «умре шуд» ин иллатро бартараф мекунанд.
Ё худ, дар ин моддаи таърихи Анбари Бухороӣ ҷамъ омадани «рақам зад» ва «гуфт»-ро дар як ҷо муносиб намедонад; яъне якеро кофӣ мешуморад:
Ба сад афсӯс баҳри соли фавташ хомаи Анбар
Ба малфузӣ рақам зад, гуфт: «Ҳайф аз Сирати доно!»
Шеър бояд суҳбат бошад, самимона дарди дил кардан бошад, табиӣ роз гуфтан бошад. Ҷузъе бар он сохта, нобарҷо ё номутаносиб биафтад, суҳбатро халалдор месозад, самимияти дарди дил карданро аз байн мебарад, розгӯии табииро ба гуфтугӯи мармузу номафҳуму печидаву дилнорас табдил медиҳад. Айнӣ бо фаросати беназир чунин ҷузъиётро дарёфта, бо устодии комил ҷузъиёте манзур менамояд, ки бо корбудаш шеър гӯё ба асли хеш, яъне ба зебоиву барҷоиву дилҷӯиву дилрасӣ бармегардад.
Ба як байти Пайрав Сулаймонӣтаваҷҷуҳ кунед:
Нест як ҷоме, ки бо ёди туаш лабрез нест,
Нест пероҳан, ки аз ишқи туаш сад чок нест.
Устод Айнӣ пешниҳод мекунад, ки агар ба ҷои мисраи дуюм «Нест як ҷайбе, ки аз ишқи туаш сад чок нест» мебуд, ҳароина, ба иборати «сад» ҳам ба мисраи аввал муносибтар меафтод». Бибинед, ки як таҳрири зоҳиран ҷузъии устод чӣ тавозуневу таносубе ба бор меорад! Байти дигаре аз Пайрав:
Нигар ба сурати дар мавҷи баҳри яъс ғариқам,
Назар ба ҳолатам, аз ҳаҷри дӯст зору низорам.
Ин ҷо ҳам тавозуни мисраъҳо, ки тибқи қонуни нонавиштаи табъу завқ ҳамқолабанду бояд дар як шакл баён бишаванд, халал ёфтааст. «Нигар»- мегӯяд шоир дар сатри аввал ва дар сатри дуюм ба тақозои ин хитоб бояд «Назар бикун» ақаллан «Як назар», дар идома низ мутавозину мутаносиб бо ибораи «Нигар ба сурати…» бояд «Назар (беҳтараш — як назар) ба ҳолати…» меомад. Бинобар ин, устод Айнӣ бисёр барҷо ва комилан барҳақмефармояд, ки «Агар ба ҷои «Назар ба ҳолатам» «Бубин ба ҳолати аз ҳаҷри дӯст…» мебуд, маънии байт аз маънии ҳозирааш ҷазилтар меафтод».
Истеъдоде, ҳунаре, бозёфте, кӯшиши росту дурусту зебо гуфтане аз назари устод дур намондааст. Аз ҷумла, истеъдоди Тамҳидро нодир медонаду афсӯс мехӯрад, ки бо чунин қобилият дар чорчӯбаи тақлид мондааст. Бо вуҷуди ин, вақте ки муқоиса пеш меояд, одиливу ҳақгӯии азалии устод боло мегирад. Тамҳид гуфтааст:
Дастгоҳи сад гулистони Ирам дорад ба бар,
Бошад аз акси рухат ин дастгоҳ оинаро.
Устод Айнӣ зикр мекунад, ки «Ин мазмунро қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарир некӯ бастааст» ва байти ӯро меорад:
Акси рӯят карда гулшандастгоҳ оинаро,
Ҳам бар ин даъво барам пешат гувоҳ оинаро.
Тамҳид сатре дорад чунин:
Агарчанде ки ҳамчун шуъла хокистарнишин гаштам…
Зоҳиран зебо, тасвирӣ, тасаввуротангез, таассуротбарангез аст ва хорию зориро хуб ифода мекунад. Лекин вақте ки устод Айнӣ мегӯяд, ки «бояд шуъла хокистарнишин набошад», ба андеша меравӣ, ки кору пайкори шуъла саркашист, на хокистарнишинӣ ва агар ба хокистарнишинӣ расидааст, дигар хокистар аст, шуъла нест!
Аллома Айнӣ ба аллома Аҳмади Дониш ихлоси тамом дошт ва ӯро дар осори гуногунаш ба ҳар сифат зикру ёд карда, ҳатто «доҳии модарзод» гуфтааст. Бо вуҷуди ин, вақте ки масъалаи асолати сухану устувории баён пеш меояд, аз пешниҳоди фикри хеш худдорӣ намекунад. Манзур байти зерини Алломаи Бухорост:
Вуҷуди ҳар як аз ин қавм зеби мамлакат аст,
Ҳузури ҳар як аз ин фирқа мулкрост ҷамол,
ки нисбаташ чунин пешниҳоди одилона ироа шудааст: «ба ҷои «аз ин қавм» «аз ин зумра» мебуд, хубтар меафтод, аммо дар се нусха, ки мутолиа шуд, «аз ин қавм» аст». Мутмаиниву устуворӣ дар фикри худ ва тоқату бурдбориро баҳри таҳқиқи ҳақ бибинед, ки бо умеди иштибоҳи котибон се нусхаро мебинад, ки шояд дар яке ифода дигаргун бошад! Мисоли дигаре, ки далели бебаҳси пайрави воқеии мақоли «мабин – кӣ мегӯяд, бибин — чӣ мегӯяд» будани нависандаи «Намунаи адабиёти тоҷик» аст: «Истеъдоди Туғрал бисёр комил ва хаёлаш мустаъиди болодавӣ буд. Агар табъи худро дар асорати тақлиди Бедил намеандохт ва ҳам ба ҳаққи худ бисёр некбин намебуд, аз саромадони замони худ шуданаш муҳаққақ буд». Вале чун дар байти зерин иллат дармеёбад, бе рӯю риё мегӯяд: «Ин байтро, ки ба ҷуз муқобил омадани лафзи «боз»-у «кабӯтар» дигар ҳусне надорад, дар мисраи аввал «йо»-и «кардӣ ту як ҷилва» аз вазни мақсуд зоид аст»:
Кардӣ ту як ҷилва дар ин чашми боз,
Рақс зи шодӣ чу кабӯтар кунам.
Адолати инсониву адибӣ ва ба ҳар ҳарфи мавриди назараш амиқ фурӯ рафтани устод Айнӣ чандон аст, ки бо як байти зебо ба иқтидори шоир тан медиҳад ва ӯро зебандаи тахаллусаш медонад:
Зуфунун, Фарҳод ҳам меканду ман ҳам меканам:ӯ — ба теша Бесутунро, ман — ба нохун синаро.
«Намунаи адабиёти тоҷик» саросар омӯзанда аст ва огоҳии ҳайратовари муаллифашро тақрибан аз ҳама роҳу ҳама расм метавон сабақи навбатии он донист. Устод Айнӣамалан, бо мисолҳои фаровон нишон дода, ки барои шоир дониши ҳамаҷониба зарур аст, то аз он, албатта, агар назокату латофати табъу завқ насибаш бошад, шеърияти ашёро берун биёрад ва мунаққиди шеърро донистани фаровон мебояд, то он ишораҳои дуру бастаи шоирро дарёбаду барои хонанда қарину боз бикунад. Манзури мо муаммодониву таърихкушоии устод Айнӣ нест — ин чиз, бисёр мушкил бошад ҳам, бо роҳи омӯзиш ба даст меояд; мақсад фаросати беназиру фарохии назару андешаи ӯст, ки суханро сад паҳлӯ мегардонаду бо тобиши аслиаш чашми табъу завқҳоро мебарад. Дар ҳамон шеъри машҳури Шамсиддини Шоҳин байте ҳаст чунин:
Мисли ман нозуктананда тору пуди шеърро
Нест чун дар докабофӣ аҳли Истанбул барин.
Гӯё муаммое нест — шоир назокати ҳунарашро ба докабофии истанбулиён монанд кардааст. Аммо, бибинед, ки Айнии ҳамадон чӣ гуна шарҳ медиҳад: «Дар собиқ чун докаи мисқолии англисиро ҳоҷиён аз Истанбул харида меоварданд, мардум гумон доштанд, ки аҳли Истанбул бофтаанд. Мазмуни ин байт аз ҳамон ғалати машҳур гирифта шудааст». Боз як байти Шоҳин:
Пас аз вафоти ту, Шоҳин, суханварон сӯзанд
Ба ҷои шамъ туро бар сари мазор ангушт.
Ташбеҳи зоҳирӣ қабул аст, ки шоир ангуштро ба шамъ монанд медонад, вале ин кифоя нест — нур намерасад, ки тору пуди шамъ аст, гармӣ, гармие, ки аз рӯшноӣ меояд, намерасад, ки дар вуҷуди шамъ аст. Ин ҳамаро аз шарҳи Айнии рӯшандилу оқил меёбем: «Дарвоқеъ, Шоҳин баъд аз вафот ангуштнамои арбоби дониш шуд… Ҳар аҳли фазле, ки қабри Шоҳинро ба ангушт ишора мекунад, аз ҳарорати таҳсину офарин ангушташ чун шамъи сари мазор мешавад». Ростӣ, шарҳи байт аз худи байт шеърияти камтар надорад. Ин аст ташреҳи шеър, ин аст муаррифии шоир! Дар манзумаи Мирзо Содиқи Муншӣ байте ҳаст:
Ба теғи ғазаб кардам ӯро ҳалок,
Ба хокаш супурдам, задам рӯи хок.
Боз ҳам, албатта зоҳиран, гӯё ҳама чиз фаҳмост. Лекин маҳз шарҳи Айнист, ки хонандаро ба умқи фаҳми мақсад мебараду дарки фоҷеаро шадидтар месозад: «Рӯи хок задан токро аз бех буридан аст». Идомаи шарҳманзараи мудҳишеро бозгӯ намуда, паҳнои тасвири муъҷази шоирро пеши назар меорад: «Абулфайзхон… рӯзе ба боғ рафта, боғбонро дида, ки бехҷастҳои ниҳолро мебурад. Сабаб пурсида, боғбон гуфта, ки ҳар гоҳ бехҷастҳо бурида шаванд, ниҳол нахли боровар хоҳад шуд, вагарна як қисми қувватро бехҷастҳо гирифта, дар нашъунамои дарахт зарарҳои куллӣ хоҳад расидан. Абдулфайзхон ҳамин назарияро ба хонадони худ татбиқ карда, писари бузургашро, ки нисбат ба худаш бехҷаст шумурда мешуд, ба умеди нашъунамои худ сар бурида… Бибинед, ки болонишинҳои ваҳшии замон ба чӣпастиҳое қодир будаанд!»
Ҷои тардид нест, ки устод Айнӣ нобиғаи модарзод буд. Лекин маҳз заҳмати пайваста доираи донишу биниши ӯро ба чунин вусъату сууд ва баландиву паҳноҳои бекарон расонд. «Намунаи адабиёти тоҷик» намунаи барҷастаи ин заҳматҳои ҷонкоҳ аст. Муаллиф китобашро чунин хулоса мекунад: «Ҷамъи манбаъҳои се қисм 63 адад, баёзу маҷмӯаҳо низ тақрибан 17 адад мутолиа шуд, бо ин ҳисоб ҷамъулҷамъи маъхазҳо 80 адад мешавад, ғайр аз порчаҳову мактубҳо».
Тасаввур мекунед, ки чӣ машаққатеро паси сар карда он бузургвор, то ба ин навиштаи волояш нуқтаи анҷом бигзорад? Машаққати сангинеро, ки хушбахтона ҳамвазну ҳамбаҳои ҳадафи бузургаш гардиду миллату давлаташро барҷову барпо дошт. Бо вуҷуди ин, бо фурӯтание, ки хоси заҳматкаши воқеист, изҳор медорад: «ин китоб, ғайр аз маҷмӯаи намунаҳои адабии ҳазорсола будан, дигар мазият надорад». Ва дурнамои муроди худро, ки бинобар тангии авқоту маҳдудии имконот комилан ҳосилнашуда медонист, чунин баён мекунад: «Аз ин намунаҳо фоида бурда, ба усули марксистӣ таърихи адабиёт навиштан, китобҳои қироати адабияро тартиб додан, ба иборати дигар, ин мавзӯъро, чунон, ки бояду шояд, тадвину такмил намудан… хидмати ҷавонони фаъолро мунтазир аст». «Матриёлу матолиби муҳимма»-и ин шоҳкитоб натанҳо барои ин корҳо, ки қисман сурат гирифтаву қисман дар пешанд, балки, қабл аз ҳама, барои омӯзиши худи мо, адибон, бахусус шоирону мунаққидон ва тарбияи табъу завқамон таҳкурсии мустаҳкамбунёду боэътимоде буду ҳаст ва хоҳад монд.
НИЗОМ ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон