ПЕШНИҲОДИ АСАРҲО БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАҲОИ АДАБӢ
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳоди асарҳоро барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, ки дар солҳои 2019 ва 2020 нашр шудаанд, эълон мекунад.
ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ – БАРОИ НАСР, ОЧЕРК ВА ПУБЛИТСИСТИКА, ТАҲҚИҚ ВА ТАРҶУМАИ ОСОРИ НАСРӢ (ДУ ҶОИЗА);
ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА – БАРОИ НАЗМ, ТАҲҚИҚ ВА ТАРҶУМАИ ОСОРИ НАЗМӢ (ДУ ҶОИЗА)
Пешниҳоди асарҳо барои дарёфти ҷоизаҳои адабӣ аз ҷониби шўроҳои адабии Иттифоқи нависандагон, инчунин ҳайатҳои таҳрири маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Помир», ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», ки ин асарҳоро ба нашр расондаанд, сурат мегирад.
Асарҳо (дар 3 нусха бо шарҳу қарори маҷлиснома) баъди нашри эълон то 10 марти соли 2021 бояд ба Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод гарданд.
Шуъбаҳои вилоятӣ асарҳоро ба воситаи бахшҳои дахлдори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.