НИЗОМ ҚОСИМ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ТАЪЙИН ГАРДИД
15 апрели соли 2020 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Аҳли адаби мамлакат барои сазовори чунин боварии баланд гардиданаш устод Низом Қосимро самимона табрик намуда, барояшон дар ин вазифаи пурмасъулият комёбиҳои бузург таманно доранд.