“САДОИ ШАРҚ” ДАР СОЛИ 2019
3 апрел дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияти яксолаи Нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» натиҷагирӣ шуд. Муовини раиси ИНТ Юнус Юсуфӣ ба он оғоз бахшид.
Мудири шуъбаи насри ИНТ Равшан Махсумзод, адабиётшинос Мубашшир Акбарзод, профессор Мурод Муродӣ дар бораи бахшҳои наср, назм ва иҷтимоиёт маърўза карданд. Адибон Алӣ Бобоҷон, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Ато Ҳамдам, Муртазо Зайниддинзода, Холназар Муҳаббатов, сармуҳаррири маҷалла Рустам Ваҳҳобзода ва дигарон низ андешаҳои худро дар бораи маводи дар соли гузашта чопшуда баён доштанд.