ҚУДРАТИ ҶОНОФАРИНИ СУХАН
Аз санаи нашри достони «Сурўши Сталинград»-и устод Муъмин Қаноат 40-сол сипарӣ шуд. Ба ин муносибат 7 май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар бораи достони «Сурўши Сталинград» андешаронӣ кард.
Достони «Сурўши Сталинград» аввал истиқболи гарм наёфт, барои он ки бисёр нав буд. Онро Роберт Рождественский ба дараҷае тарҷума кард, ки гўё дар асл ба забони русӣ навишта шуда бошад ва худаш дар мусоҳибаҳояш аз илҳом гирифтанаш аз достони «Сурўши Сталинград» зиёд ёдовар шудааст.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар хусуси ҷойгоҳи баланд ва аҳаммияти таърихиву адабии достони «Сурўши Сталинград» маърўзаи пурмуҳтаво ва муфассал ироа намуд (гузориши мазкур дар ҳамин шумора чоп шудааст).
Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ банде аз шеъри «Мавҷи бародарӣ»-и устод Муъмин Қаноатро қироат карда, зикр намуд, ки тамоми шеърҳои шоир минбаъд аз ҳамин шеър оғоз мегиранд, ҳатто достони «Сурўши Сталинград» ҳам. Мувофиқи гуфтаи Гулрухсор Сафӣ устод Муъмин Қаноат бачаи давраи ҷанг буд. Ҳама даҳшатро ба чашми худ дид, аммо даҳшати аз ҳама асосии ў ҷудоӣ аз бародар буд. Аз таърихи ҶБВ асарҳои зиёд офарида шудаанд ва достони «Сурўши Сталинград» яке аз беҳтаринҳо ва аввалинҳо аст, ки муаллифаш дар ҷанг иштирок накардааст. Ҳамеша дар бораи ҷанг онҳое хуб навиштаанд, ки дар ҷанг набудаанд. Вақте Евтушенко иқрор шуд, ки барои тарҷума кардани достони «Сурўши Сталинград» ба забони русӣ тавонаш намерасад, Роберт Рождественский тарҷума кардани онро ба зиммаи худ гирифт.
Узви вобастаи АИ ҶТ Аламхон Кўчаров низ дар бораи таърихи навишта шудани достони «Сурўши Сталинград» маърўза карда, аз ҷумла чунин гуфт:
«Бузургии достони «Сурўши Сталинград» аз он иборат аст, ки устод Муъмин Қаноат рўи он бисёр кор кардааст. Муҳорибаи Сталинград 6,5 моҳ, аз охири соли 1942 то аввали соли 1943 давом кардааст. Дар муҳорибаи мазкур маълум мешавад, ки дар ҷанг Иттиҳоди Шўравӣ пирўз мегардад. Ин муҳорибаи шадид ҳалкунанда буд. Ҳамин мавзўъро интихоб кардани устод Муъмин Қаноат худ барҷастагии шоирро мефаҳмонад. Тавре худ гуфтааст, достони «Сурўши Сталинград»- ро панҷ сол фикр кардам ва дар як моҳ дар Хонаи нависандагони Малеевко навиштам.
Аввал асар бо номи «Достони Сталинград» чоп мешавад ва баъди як соли дигар рўи он кор кардан муаллиф номашро «Сурўши Сталинград» мемонад. Достони мазкур, пеш аз ҳама, дорои мавзўи муҳим буда, бо маҳорати баланд эҷод гардидааст ва таҳрирҳои зиёд дидааст».
Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ низ андешаҳои худро доир ба ин асари мондагор баён карда, бештар ба ҳунари нигорандагии муаллиф баҳогузорӣ кард. Ў, аз ҷумла, гуфт:
«Баъди ҶБВ шоирону нависандагони бисёр ба майдони адабиёт омаданд, ки бевосита иштирокчиёни ҷанги мазкур буданд. Дар насри он давра бозёфтҳои аҷиб бисёр дида мешуд. Аз он нафароне, ки ҷанг карданд, тир хўрданд, захмӣ шуданд, шоирони бисёр ба майдон омаданд, аммо ҳеҷ шоир мисли устод Муъмин Қаноат чунин достони абадзинда офарида натавонист. Ин бори дигар далолат мекунад, ки барои асари бузург навиштан танҳо маҳорату истеъдоди эҷодкор лозим аст.
Дар достони «Сталинград»- и Шаҳриёр бисёр лаҳзаҳо, ибораҳо ҳастанд, ки онҳо дар достони «Сурўши Сталинград»- и устод Муъмин Қаноат ҳам ҳастанд, аммо тасвирҳои устод Муъмин Қаноат нотакроранд. Ҳамин қадар шоирони бузурги Русия, Беларус, Украина, Полша, Чехия дар мавзўи ҶБВ шеър гуфтаанд, аммо ҳеҷ кадом ба устод Муъмин Қаноат баробар шуда натавонист. Устод Муъмин Қаноат дар як мавзўи байналмилалӣ, ки бисёр муҳим аст, бо тамоми таркибҳо, зебоиҳо, рангу бор шеъри миллӣ офарид».
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло нахуст аз ғамхориҳои Муъмин Қаноат нисбат ба адибони ҷавон ёдовар шуд ва ҳунари шоирии ўро чунин баҳогузорӣ кард:
«Яке аз бунёдгузорони шеъри навини мо баъд аз устод Турсунзода, Ғаффор Мирзо ва дигарон Устод Муъмин Қаноат буд. Устод Муъмин Қаноат самтҳои шеъри навини моро муайян кард, шеъри навини моро аз умумигўӣ, шиорзанӣ, пургўӣ баровард. Ба он бадеият, ҳусн ва забони имрўзӣ дод. Ҳар шеъри устод Муъмин Қаноат мисли як ниёиш аст, зеро дар онҳо тозагиву покиҳои зиёд дида мешаванд. Устод Муъмин Қаноат кам навиштааст, аммо ҳунармандона».
Шоир ва муҳаққиқи шинохта Рустам Ваҳҳобзода аз хусусиятҳои фарқкунандаи достони «Сурўши Сталинград» сухан карда, чунин хулосаронӣ намуд:
«Яке аз имтиёзҳои ин асар ва нишони эъҷози адабӣ дар он ҳамин аст, ки шоир тавонистааст танҳо дар чорчўби захираҳои вожгонии роиҷ ва маъмул ва ҳатто он чи баъзе мегўянд — «омиёна»- и замони худ чунин шоҳкореро ба вуҷуд биёрад.
Аммо он калимаҳои содаи забони умумии рўзгори мо чандон аз шарбати маъно саршор, пурдурахш ва дар низоми олӣ ба ҳам пайваставу устувор ҳастанд, ки гумон мекунед ба сабки олии классикӣ сарукор доред. Ҳамон гуна, ки дар ин достон ҳар як сарбоз нақши як лашкарро адо мекунад, ҳамчунин ҳар як калима нақши як асарро пайдо мекунад.
Агарчи ин достонро азёд медонам, онро дар китоб тафтиш кардам. Як калима (шояд ғайр аз Суруш) барои одитарин хонанда ҳам ниёз ба шарҳу тафсир надорад.
Устод Муъмин Қаноат шеърро аз тасаввуру тахайюл ҷустуҷў карда, намесозад, балки шеъри муҷассамро меёбаду онро ба беҳтарин сурат баён мекунад».
Адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон аз он изҳори хурсандӣ кард, ки тарҷумони достони «Сурўши Сталинград» ин достонро ба дараҷаи қонеъкунанда ба забони русӣ тарҷума кардааст. Ба гуфтаи номбурда тарҷумони достони «Сурўши Сталинград» шоири рус Роберт Рождественский рўҳан ба устод Муъмин Қаноат наздик буд. Бо маҳорати зиёди тарҷумонии ў рўҳи асар бо забони русӣ садо дод. Достони «Сурўши Сталинград» сипас аз забони русӣ қариб ба тамоми забонҳои давлатҳои Иттиҳоди Шўравӣ тарҷума шудааст.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинзода дар кадом шароит эҷод гардидани достонро мавриди назар қарор дода, аз гуфтаҳои худи муаллиф ёдоварӣ кард:
«Аз таърихи эҷоди достони «Сурўши Сталинград», ки худи устод Муъмин Қаноат бозгў кардааст, маълум мешавад, ки барои офаридани он омодагии ҷиддӣ дидааст. Худаш гуфтааст, ки он чи дар бораи муҳосираи Сталинград хондам, бо одамон суҳбат кардам, ҷойҳои таърихӣ рафтам, дар бойгониҳо кор кардам, ҳуҷҷат ҷамъ кардам, як хона китоб мешавад».
Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур дар навбати худ Роберт Рождественскийро беҳтарин тарҷумон унвон дода, андешаи хешро бо мисолҳо пешкаши иштирокдорони конфронс кард:
«Устод Муъмин Қаноат тарҷумони беҳтарини достони мондагори худро дар симои Роберт Рождественский ёфта буд. Достони «Сурўши Сталинград»-ро ба забони русӣ дигаре ин хел тарҷума карда наметавонист. Барои он ки Роберт Рождественский шеърҳои зиёд дар мавзўи ҷанг дошт. Як достон ҳам дорад бо номи «Реквием» (Намози ҷаноза), ки агар онро бо достони «Сурўши Сталинград»- и устод Муъмин Қаноат муқоиса кунем, мебинем, ки бисёр монандиҳо доранд. Достони «Сурўши Сталинград» дар мавзўи байналхалқӣ эҷод шудааст, лекин забону тасвир ва дигар нозукиҳояш миллӣ ҳастанд. Маълум аст, ки онро шоири тоҷик гуфтааст».
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, адибон Алӣ Бобоҷон, Муҳаммадалии Аҷамӣ ва дигарон низ дар бораи ин достони бузург андеша ронданд. Як зумра донишҷўёни факултаи филологияи ДМТ аз достони «Сурўши Сталинград» порчаҳо қироат карданд.
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»