АЗ МАШВАРАТИ ОМӮЗИШИИ АДИБОНИ ҶАВОНИ МАМЛАКАТ
Чуноне ки қаблан хабар дода будем, аз 3 то 6-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд Машварати омӯзишии адибони ҷавони мамлакат бо ташаббуси ИНТ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид, ки барои иштирок дар он ҷавонони эҷодкор аз манотиқи кишвар, аз ҷумла Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат намуда буданд.
АДИБОНИ ҶАВОН БОЯД АЗ ХУДНАМОӢ ПАРҲЕЗ КУНАНД
Роҳи ҳамвору нақбҳои чароғони синаи кӯҳҳои сар ба фалаккашидаи ватани азизамон Тоҷикистон, ки пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои онро ба вилояти Суғд мепайвандад, барои иштирокчиёни ин машварат, ки бисёрии онҳо бори аввал ба ин вилоят сафар намудаанд, ҷолибу хотирмон буд. Раҳ ба раҳ аксбардорӣ мекарданду суруд мехонданд ва аз истиқлолу ободкориҳои ватани худ шукргузорӣ менамуданд. Машварати адибони ҷавон ҳам самараи истиқлол аст. -Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳангу адабиётамон назаррас аст,- мегуфтанд байни худ онҳо ва аз ҳампову ҳамболи истиқлол будани худ ифтихор мекарданд.
Суханронии пурмуҳтавои муовини аввали раиси вилояти Суғд Рустами Мирзо дар маросими кушодашавии Машварати омӯзишии адибони ҷавон, ки субҳи сеюми октябри соли ҷорӣ дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, адибони ҷавони кишварро боз ҳам рӯҳбаланд менамуд. Зеро дар маърӯза дастгирӣ ва сарпарастии ҳукумати вилояти Суғд барои чопи як қатор китобҳои адабӣ, ба хусус ашъори ҷавонон, зикр гардида буд. Вақте ки Рустами Мирзо мегуфт: «бо сарпарастии ҳукумати вилоят китоби «Бузургон ва қаҳрамонони миллати тоҷик» интишор ёфту бо ташкили чорабиниҳои омавии ИНТ ин китоб ба тамоми қисмҳои ҳарбии қаламрави мамлакат ройгон дастрас гардид, ки чунин амал бори аввал ба вуқӯъ пайваст», адибони ҷавон рӯҳи тоза мегирифтанду бо шавқи беандоза кафкӯбӣ мекарданд.
-Ин ҷо мехоҳам ба таври махсус аз маҳфили адабии «Шабнам», ки бо раҳбарии Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона дар назди шуъбаи суғдии ИНТ дар даврони мушкили оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе доир мегардид, ёдовар шавам,-афзуд Рустами Мирзо,-маҳз ҳамин маҳфили адабӣ буд, ки ба майдони адабиёт чеҳраҳои тозае ворид шуданд ва имрӯз ба унвони як насли нави адабӣ муаррифӣ мешаванд. Баъдан дар аксари шаҳру навоҳии вилоят чунин маҳфилҳои адабӣ барпо шуда, барои баррасии эҷодиёти адибони ҷавон ва муаррифии чеҳраҳои онон нақши муассир гузоштанд. Маҳз доир шудани чунин маҳфилҳо аввалин заминаҳоро барои шакл гирифтан ва баргузории курс-конфронси адибони ҷавони вилоят ва ҷумҳурӣ фароҳам овард ва дар понздаҳ соли охир ду машварати омӯзишии ҷумҳуриявӣ ва ду машварати вилоятии адибони ҷавон баргузор гардид.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосм низ суханони муовини аввали раиси вилояти Суғд Рустами Мирзоро тақвият дода, гуфт: «Ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо адибон собиқаи дерина дорад ва ташаккур, ки онро сазовор идома медиҳед. Дастгирии пайвастаи адибони вилоят ва ҷалби онҳо ба маъракаҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, чопи нашрияву китобҳои зиёди бадеӣ аз он ҷумла аст. Машварати адибони ҷавони ҷумҳурӣ, ки ҳамболу ҳамсоли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, низ бо ташаббуси бевоситаи ҳукумати вилоят, раиси муҳтарами он дар шаҳри Хуҷанд барпо мешавад, итминон дорем, ки ошноии суханварони моро бо ин гӯшаи пуртаровату пурбаракати мамлакатамон, фароғати инсониву эҷодии адибони ҷавон, муҳаббати бештари онҳо ба халқу ватан ва ҷӯшу хурӯши онҳо мусоидат мекунад. Сарвари кишвар ба ҷавонон таваҷҷуҳи хос доранд, махсусан ба ҷавонони эҷодкор ва ин бесабаб нест, чунки ояндаи ҳар халқу кишвар аз наслҳои ҷавони он вобаста аст.
Чеҳраҳои ҷавонони дар толор ҳузурдошта аз шунидани ин сухан гул-гул мешукуфаду онон бо табассуми гарм ва қаноатмандӣ кафкӯбӣ мекунанд.
Мавсуф ин ҳолати хурсандиовари толорро дида чунин гуфт: «Адибон бемуболиға гули сари сабади тамоми ҷашну маъракаҳо, мавриди таваҷҷуҳи давлат ва ҳукумат қарор доранд. Дар ҳузури ҳазорон иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва милионҳо бинандагони телевизион «Ман шоиронро дӯст медорам»-гуфтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авҷи аълои ин муҳаббат аст ва мо ба ин муҳаббат бо осори арзанда бояд посух бигӯем».
Дар идомаи суҳбат Низом Қосим иброз дошт, ки бояд аз байни ҷавонони зиёде, ки ҳаваси суханварӣ доранд, истеъдодҳои ҷавонро биёбем, ба самти дурусти ташаккулу такомули ҳунарашон сафарбар бинамоем, коре бикунем, ки истеъдодҳои воқеӣ шоир, носир, публитсист, драманавис, адабиётшинос ва мунаққиди ҳақиқӣ бишаванд.
Дар толор Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, ки рӯбарӯ бо ҷавонони эҷодкор менишасту як-як онҳоро аз назар мегузаронид, шояд пай бурд, ки қисме аз ин наврустагони боғи адабиёт ҳанӯз мақсади машваратро равшан дарк накардаанд. Вақте зимоми суханро ба даст гирифт, ба нақли воқеае пардохт:
«Дирӯз яке аз шогирдони мо суол кард, ки ҳамин машварати адибон барои ҷавонон чӣ тӯшае медиҳад?
Ман гуфтам:
-Ба ҳамаи шумо зиёд ангезаҳо медиҳад. Омодагиву афрӯзандагиҳои тамом мебахшад ва ба ёдам омад, ки ман ҳам ду навбат дар машварати ҷавонон ширкат доштам. Шеър бароям як шуғли дӯстдоштаи фаръӣ буд. Мехостам устодони бузургро аз наздик бубинам. Устодони мо ҳарфҳои саодатбахш гуфтанд ва ман хаёл кардам, шояд шеър бароям шуғли фаръӣ набошад, калиди ҷовидони ҳаётам гардад.
Аз чеҳраҳои адибони ҷавон маълум буд, ки нахустин дарси маънавии худро аз суханрониҳои пурмуҳтаво ва тарбиявии устодон гирифтаанд. Тибқи барнома омӯзиши асарҳои адибони ҷавон дар бахшҳо аз нимаи дуюми ҳамон рӯз шуруъ шуда, ду рӯз идома ёфт. Дар рафти омӯзиш устодон аз комёбӣ ҳам мегуфтанду аз камбуд ҳам. Баъзеи ширкаткунандагони машварат аз алифбои шеър огоҳ буданду баъзеи дигарашон аз муҳимтарин меъёрҳои шеър хабар надоштанд, ғалати вазну қофия, харобии мантиқу нодурустии баён ва ниҳоят корбурди суханҳои такрору обшуста дар ашъорашон зиёд дида мешуд.
Дар истироҳатгоҳи «Уқобча»-и ҷамоати деҳоти Деҳмой иштирокчиёни машварат маҳфилеро бо номи «Сайёр» таъсис дода буданд. Рӯзи аввал маҳфил бисёр гарму ҷӯшон ва хурсандиовар гузашт. Рӯзҳои дигар танҳо сухан аз рафти машварат дар гурӯҳҳо мерафт, нақду баррасии ашъорашон аз ҷониби устодон дунёи дигареро ба рӯяшон боз намуда буд. Маълум буд, ки бачаҳо аз устодон бисёр чизҳоро омӯхтаанд. Шеър мехонданду ашъори якдигарро муҳокима мекарданд. Бадро бад мегуфтанду некро нек.
Рӯзи дигар дар китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ машварати омӯзишӣ ҷамъбаст гардид. Ҷавонон хушнудона бардоштҳои худро аз машварати омӯзишӣ ва мавзеъҳои фарҳангиву фароғатии Хуҷанди бостонӣ қисса мекарданд. Иштирокчии машварат Шоираи Олим дар ин маврид мегӯяд: «Мо, эҷодкорони ҷавони даврони истиқлолият, бисёр хушбахтем, ки дар ҳар ҷодаи рӯзгор ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос мекунем. Чун адабиёт муҳимтарин воситаи ташаккули маънавии инсонҳост, донишу хирад нишонаи камолоти инсон аст, ки ӯро бар ҳама мавҷудоти олам тарҷеҳ медиҳаду мақоми воло мебахшад. Адабиёт дар ҳама ҷода одамро маърифатноку саодатманд мегардонад».
Садриддин Ҳасанзода, ки бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад, аз ноҳияи Панҷ барои ширкат дар машварати ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтааст, мегӯяд, ки ин машварат дар қалбаш оташи шеърро дучанд афрӯхта корвони суханро ба самти ҳадафаш мебарад. Ӯ муаллифи китобҳои «Фарёдҳои танҳоӣ» ва «Шукуфаҳои бедорӣ» аст.
-Ҳама рӯйдодҳои машварати омӯзишӣ дар шаҳри куҳанбунёди Хуҷандро дар авроқи дили ҳассоси хеш бо ҳарфҳои зарҳалин сабт кардаам. Ин машварат дар лавҳи хотирам барои ҳамеша нақш мебандад,-таассуроти хешро изҳор мекунад шоираи ҷавон Нодира Муҳаммадзода, ки аз шаҳри Турсунзода омадааст.
Раиси ИНТ Низом Қосим дар фарҷоми ин машварт барои адибони ҷавон боз як маслиҳати судманду ғамхоронае дод: «Барои мо боиси нигаронӣ аст, ки аксарияти ҷавонони навқалам, аз ҷумла хонандагони мактаб низ китоб доранд. Ин барои бархе шояд нишондод бошад. Чунин амал аз як тараф завқи мардумро паст кунад, аз ҷониби дигар қадри китобу адабиётро поён мебарад. Чопи китоб ҳануз дараҷаи ҳунару истеъдодро нишон намедиҳад. Эҷоди ҳақиқиро ба талқини сохта ва таърифҳои беҳуда ҳоҷат нест. Адибони ҷавон бояд аз худнамоӣ ва сохтакорӣ парҳез кунанд. Мо ҳаргиз муқобили таърифу тавсифи асарҳои адабиёт ё адибони шоиста нестем. Дар ҳама ҳолат ҷонибдори осори арзанда ва танқиди созандаем.
Шоми 5-уми октябр дар гулбоғи Шайх Камоли Хуҷандӣ шаби шеъру сухан барпо гардид. Ба ин муносибат иштирокчиёни машварати адибони ҷавон мақбараи Камоли Хуҷандиро зиёрат намуданд. Дар бораи чорбоғу мақбараи Камоли Хуҷандӣ, ки таърихи Хуҷандро таҷассум намудаанд, маълумоти муфассал гирифтанд. Субҳи шашуми октябр ҳайати машварати омӯзиширо бо тақдими туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ гусел намуданд. Ҷавонон раҳбараҳ девони Хоҷа Камолро варақт мезаданду ғазалҳои дилошӯб мехонданд. Дар ҳавои ғазалҳои орифонаву ошиқонаи Камоли Хуҷандӣ эҳсос нашуд, ки иштирокчиёни машварат роҳи дарозу морпечи миёни кӯҳҳои осмонбӯсро чигӯна тай намуданд.