МУАРРИФИИ «ПОМИР» ДАР МИНСК
13 юли соли ҷорӣ дар толори бошукӯҳи хонаи нашри «Звязда»-и шаҳри Минск рунамоии шумораи нави маҷаллаи адабӣ-бадеӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Помир» бо ширкати адибони маъруфи кишвари дӯсту бародари Беларус, рӯзноманигорон ва чанд тан аз кормандони корпусҳои дипломатии муқимии Минск баргузор гардид. Шумораи навбатии маҷаллаи «Помир» пурра ба адабиёти имрӯзаи ҷумҳурии Беларус бахшида шудааст.
Осори адибони маъруфи беларус Александр Осиновский, Михас Поздняков, Олег Ждан, Экатерина Карневич, Алес Карлюкович, Вера Зеленко, Микола Метлитский, Алес Бадак, Элизавета Палеес, Георгий Кисилёв ва дигарон саҳифаҳои маҷалларо зеб доданд.
Алес КАРЛЮКЕВИЧ, раиси Ҷамъяти дӯстии Беларус-Тоҷикистон, сармуҳаррири интишороти «Звязда»